Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҳдномаи никоҳ" -- имтиёз ба зан ва "ҷабр" ба мард? (ВИДЕО)


Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон пешниҳод дорад, то аҳдномаи никоҳ дар қонун ҳатмӣ карда шавад. То кунун дар Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад.

Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки то аҳднома ё қарордоди никоҳ ҳатмӣ ва дигар бандҳои қонун марбут ба никоҳ такмил шаванд. Маҳкамбой Маҳмудзода ба ин бовар аст, ки аҳдномаи никоҳ метавонад аз фурӯпошии хонаводаҳо ҷилавгирӣ кунад.

Гулниссо Ҳақназарова, сокини 36 солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Раиси Додгоҳи Қонуни Асосӣ мувофиқ аст ва мегӯяд, агар дар замони издивоҷи ӯ шартномаи никоҳ вуҷуд медошт, ҳоло бо се фарзанд ранҷи бехонагӣ намекашид. Ин зан 17 соли пеш бо писари яке аз сарватмандони маҳаллӣ издивоҷ кард, вале пас аз 8 соли зиндагии муштарак дар ҳоле, ки се фарзанд дошт, аз ин мард талоқ гирифт. Гулниссо мегӯяд, волидайни шавҳараш сарвати зиёд доштанд, вале барои ӯ ҳатто як хона надоданд ва тамоми талошаш барои рӯёнидани ҳақи фарзандонаш бенатиҷа анҷом ёфт. Зеро амволи хонаводаи шавҳар расман ба ӯ тааллуқ надоштанд ва аз нигоҳи қонун дар байни ӯ ва шавҳараш тақсим нашуданд.

“Ҳеҷ коре карда натавонистам. Фақат пас аз чор сол алимент барои фарзандонамон дастрас кардам. Ҳоло барои се фарзанд, 330 сомонӣ мегирам, ки худатон фикр кунед, чизе намешавад. Падарашон бо пардохти ҳамин маблағ, ки гоҳо то се моҳ ҳам ба таъхир меафтад, дигар коре барои кӯдакон намекунад. Зиндагиам хеле сахт аст ва ҳоло дар хонаи падар зиндагӣ мекунам”- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Аммо масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, бо ҳатмӣ шудани шартномаи никоҳ барои занҳои тоҷик ин мушкил ҳал хоҳад шуд. Маҳкамбой Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 23 апрел зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун» дар шаҳри Душанбе бар қонунӣ кардани шартномаи никоҳ таъкид кард ва инро омили ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳо донист. Ин ҳам дар ҳоле, ки бар асоси банди Кодекси оила дар Тоҷикистон, шартномаи никоҳ ихтиёрӣ аст ва бо хоҳиши тарафҳои издивоҷкунанда, баста мешавад.

Аммо ҷаноби Маҳмудзода мегӯяд, ҷорӣ кардани шартномаи ҳатмии никоҳ дар қонун аз як сӯ фурӯпошии хонаводаҳоро кам мекунад ва аз сӯи дигар дар сурати ҷудошавии оилаҳо, мероси хонавода ба таври баробар миёни тарафҳо тақсим мешавад. МаҳкамбойМаҳмудзода мегӯяд, шартномаи ҳатмии никоҳ ҷанбаи таърихӣ дорад ва ҳатто аз қаламрави Панҷакенту Айнии водии Зарафшон навиштаҷоте пайдо шудааст, ки миёни ин санадҳо, шартномаи ақди никоҳи домоду арӯс низ вуҷуд дорад.

Оё "аҳдномаи никоҳ" ҳатмӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:59 0:00

Ҷаноби Маҳмудзода мегӯяд, бандҳои қонун марбут ба оила бояд такмил ва ҳуқуқи зану мард баробар ҳимоя шавад. Ӯ мегӯяд, дар аксар ҳолат занҳо қурбонӣ мешаванд: “Бечора зан 25 сол зиндагӣ кардааст ва чор фарзанд дорад. Ҷудо мешавад, дасти холӣ аз хона берун мешавад ва намедонад, чӣ кор кунад. Такмили қонунгузорӣ дар масъалаи расман ҷудошавӣ аст. Албатта, зиндагӣ ҳаст ва касе нахост, зиндагӣ намекунад, аммо бисёре аз масъалаҳо, мисли алимент дар қонун мушахас нашудааст.”

Аммо аз сӯи дигар ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудзода, ҳолатҳое низ ҳаст, ки занҳо низ аз қонун сӯистифода мекунанд: “Се моҳ зиндагӣ кардааст, дар се моҳ ҷудо мешавад ва ҳама молу мулк, хона мошин ва боигарӣ тақсим мешавад. Мувофиқи Қонун моликияти умумии якҷоя тақсим мешавад. Ҳоло саволе ба миён меояд, ки барои зиндагии дар нохунак се моҳа ҳамин лозим аст? Суд дигар роҳи ҳал надорад. Баъдан мефаҳмем, ки чунин никоҳ ба хотири гирифтани молу мулк будааст ”- гуфт Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Солеҳа Холова, ҳуқушиноси Маркази бӯҳронии “Боварӣ ба фардо”, ки дар масоили аз ҳампошии хонаводаҳо кор мебарад, мегӯяд, аз ҷудошавии зану шавҳар бештар кӯдакон ранҷ мебаранд. Ӯ мегӯяд, дар сурати ҳатмӣ будани шартнома эҳтимол пас аз ҷудо шудани хонаводаҳо вазъи кӯдакон беҳтар шавад. Ӯ мегӯяд, ҳоло занҳо талоқ мегиранд ва талоши чанд солаашон бо гирифтани алимент бо як маблағи ночиз анҷом меёбад.

“Вақте аҳднома нест, ҷавобгарӣ нест, оила пош мехӯрад, ягон муносибати молу мулкӣ ба вуҷуд намеояд. Дигар ӯҳдадор нестанд ҷонибҳо, ки ба таври қонеъкунанда ба ҳам кӯмак кунанд. Ҳуқуқи занҳо ин ҷо бештар поймол мешавад ва дигар тамоми ҷо муроҷиат мекунанд, вале коре карда наметавонанд”- мегӯяд Солеҳа Холова.

Марям Давлатова
Марям Давлатова

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, дар 80 дар сади аз ҳампошии хонаводаҳо занҳо зарар мебинанд. Ӯ мегӯяд: “Ба номи писар чизе нест ва вақте талоқ мегирад, зан кӯдаконро гирифта, аз хона берун мешавад. Кӯшиш мекунад, фақат як маблағи ночиз алимент мегирад, ки ба таъмини фарзанд намерасад. Бубинед, агар мард корманди давлатӣ бошад ва 600 сомонӣ маош гирад, 25 фоизаш, яъне 150 сомониашро алимент медиҳад, ки хеле ночиз аст. Мутаассифона дар мо фарҳангӣ ҷудошавӣ ҳам нест. Замоне оилаҳо ҷудо мешаванд, фарзандҳо зери зарбаи равонӣ қарор мегиранд ва ҷонибе барояш модарашро хоин мебарорад, ҷониби дигар падарашро. Ин як зарбаи сахтӣ равонӣ аст, ки солҳо аз зеҳни кӯдак берун намешавад. Вақте шартномаи никоҳ ҳаст, масъала дигар аст. Аммо метарсам, ки вақте шартномаи никоҳ шавад, ҷонибҳо аз никоҳи расмӣ нагурезанд.”

Раиси Қонуни Асосии Тоҷикистон дар ҳоле мавзӯи ҳатмӣ кардани шартномаи никоҳро пешниҳод дорад, ки қаблан масъулони Кумитаи кор бо занон низ гуфта буданд, ки шаҳрвандони зиёде пешниҳод доранд, то ба хотири пешгирӣ аз афзоиши талоқ, аҳдномаи никоҳ дар кишвар ҳатмӣ карда шавад. Ҳоло ин шарт танҳо барои хориҷиён ҳангоми издивоҷи онҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон вуҷуд

Хайринисо Юсуфӣ
Хайринисо Юсуфӣ

​Дар зимн, масъалаи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ, бори аввал нест, сари забонҳо мешавад. Соли 2010 айнан бо чунин пешниҳод раҳбари вақти кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Хайринисо Юсуфӣ ба мақомот ва порлумони кишвар муроҷиат карда буд. Вай он замон бо ишора ба занони танфурӯш гуфта буд, ки аксари онҳо баъди талоқ аз шавҳарони худ аз ҳаққи моликият маҳрум шуда, бидуни сарпарасту манзил дар кӯча мондаанд ва вазъи сахти иҷтимоӣ онҳоро ба роҳи бад бурдааст.

Ин масъала ҳамчунин дар ҳоле ба миён омадааст, ки сол то сол теъдоди аз ҳампошии хонаводаҳо афзоиш меёбад. Танҳо дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор зан аз ҳамсарони худ талоқ гирифтаанд ва ин назар ба як сол аз он пеш 1000 маврид бештар будааст. Кумитаи кор бо занон ҳам бо анҷоми як пажӯҳиш коста будани фарҳанги оиладорӣ ва хушунат дар хонаводаро аз омилҳои аслии фурӯпошии хонаводаҳо арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG