Эрон 40 мусофирбари бандмондаи Тоҷикистонро раҳо кардааст. САДО

Акс аз бойгонӣ

Эрон чиҳил мусофирбари Тоҷикистонро, ки чанд муддат боз дар гузаргоҳи марзии «Бозаргон» нигоҳ медошт, раҳо кардааст. Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин мусофирбарҳоро шаҳрдории Душанбе аз Туркия харидааст ва баъди расидан ба пойтахт мавриди истифодаи умум қарор хоҳанд гирифт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Душанбе гуфтанд, аз Туркия 600 мусофирбар меоранд

Шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ доим аз кори нақлиёти шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод менамуд.

Худоёр Худоёров, вазири нақлиёт, рӯзи 6 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки таваққуфи мусофирбарҳо аз тарафи маъмурони гумруки Эрон ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надошта, ба иддаои ӯ, балки як мушкили техникӣ будааст. Тарафи Эрон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки воқеан боздошти ин миқдор мусофирбарҳои харидаи Тоҷикистон ба чӣ далел сурат гирифтааст.

Худоёр Худоёров

​Худоёр Худоёров мегӯяд, «мо бо муовини вазири нақлиёти Эрон Довуди Кишоварзӣ ҳам мулоқот кардем ва баъд аз ин роҳ боз шуд. Мо ба оқои Кишоварзӣ барои кӯмак изҳори ташаккур кардем.»

Дар ҳамин ҳол, мудири Шӯъбаи нақлиёти шаҳрдори Душанбе Хуршед Кабиров гуфт, автобусҳо дар роҳ ҳастанд ва дар тӯли се рӯзи оянда бояд вориди пойтахт шаванд.

Вай гуфт, «воқеан, дар ҳаракати нақлиёти шаҳр камбуд ҷой дорад ва марҳила ба марҳила бартараф хоҳанд шуд.» Ба гуфтаи Хуршед Кабиров, азбаски дар низоми нақлиёти шаҳр як бебандуборӣ ҷой дошт ва мошинҳои мусофирбар ва хусусан таксиҳои маъруф ба "се сомонӣ" ба ҳаракати нақлиёт ва шаҳрвандон халал ворид мекарданд, тасмим гирифта шудааст, барои кашондани мусофирон аз Туркия автобусҳои нав ворид карда шавад.

Кабиров гуфт, дар назар аст, марҳила ба марҳила аз Туркия ба Тоҷикистон 600 автобуси ворид шуда ва дар хиёбонҳои пойтахт мавриди хидмати мусофирон қарор бигиранд. Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори ҳукумати Душанбе аст, ки ҳама вақт зери интиқод буд. Шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ доим аз кори нақлиёти шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод менамуд.

Ба қавли коршиносон, яке аз мушкили аслии нақлиёти шаҳрӣ дар Душанбе ин роҳ ёфтани шахсони тасодуфӣ ба соҳа мебошад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи январи имсол ба ин мақом расид, низ корашро аз танзими нақлиёт оғоз кард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев

Сокинон мегӯянд, дар аввал ҳаракати мусофирбарҳои хурд дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе манъ шуда, барои ҳаракати таксиҳои маъруф ба “се сомонӣ” низ мониа эҷод шудааст. Аммо сокинон гуфтанд, ҳанӯз мушкили нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон побарҷост ва пеш аз ҳама барои рафъи он ҷадвали собити ҳаракати нақлиёт зарур аст. Чизе, ки дар шаҳри Душанбе дида намешавад ва сокинон таваккалӣ дар истгоҳҳо мунтазири омадани нақлиёти ҷамъиятӣ мешаванд.

Ахиран шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, ки ронандаҳои тасодуфиро низ аз рондани мусофирбарҳо дар пойтахт маҳрум мекунад. Тибқи талабот, ҳоло шахсоне ҳамчун ронанда дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор қабул карда мешаванд, ки таҷрибаи 3 соли ронандагӣ дошта, синнашон аз 21 кам набошад ва дорои ҳуҷҷати ронандагии категорияи “Д” бошанд.