Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 3300 сомонӣ – Болоравии нархи билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русия. ВИДЕО


Нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав рӯзи 14 март аз 2600 то 3300 сомониро ташкил дод. Дар миёнаҳои моҳи феврал нархи билет дар хатсайри Душанбе – Маскав аз 1700 сомонӣ то 2000 сомонӣ буд. Қиматҳо вобаста ба ширкати ҳавопаймоӣ низ аз якдигар фарқ мекунанд. Барои мисол, барои ду рӯзи оянда нархи билет аз ширкати “Сомон Эйр” 3173 сомонӣ арзиш дорад, вале дар ҳамин масир аз ширкати “Тоҷик Эйр” билетҳо бо қимати 2700 сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Болоравии нархи билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Тоҷик Эйр: "Сӯзишворӣ ва хадамоти фурудгоҳ гарон аст"

Ширкати “Сомон Эйр” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иллати болоравии нархро шарҳ надоданд, вале дар як посухи катбӣ аз ширкати "Тоҷик Эйр" ин ҳолатро ба чанд омил, аз ҷумла афзоиши нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии фурудгоҳ рабт доданд.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо, сокинон ҳамоно дар пушти дари нуқтаҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар навбат меистоданд. Ба гуфтаи сокинон, онҳо маҷбуранд, ки дар ин шабу рӯз худро ба шаҳрҳои Русия расонанд, чун даромади аслии хонаводаҳояшон аз пули кори онҳо вобаста аст.

"Аз куҷо пул ёбам?"

Баҳодур Насриддинов, ки ҳамасола бо оғози фасли баҳор ба Русия меравад, аз яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе ба пойтахт омадааст, то билети ҳавопаймо харад. Аммо пулаш кофӣ набуд. “Ман ба шаҳри Краснодар меравам. Омада нархи чиптаро барои рӯзи 26 март пурсидам, 3 ҳазору 300 сомонӣ гуфтанд. Бо вуҷуди онки ин шаҳр аз Маскав дур нест, вале “онҷо гарм гуфта”, нархро баланд бардоштаанд. Ман ин қадар пул надорам, ки онро харам... Соли гузашта дар ҳамин шабурӯз бо 1800 сомонӣ билет харида будам”, - гуфт ӯ.

Болоравии нархи чипта дар фасли баҳор, ки оғози мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия аст, дар гузашта низ вуҷуд дошт. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, “имсол ширкатҳои ҳавоӣ рекордро шикастанд”.

Қурбоналӣ Қурбонов, муҳоҷирони дигари тоҷик мегӯяд, соли гузашта дар ҳамин мавсим нарх то ин дараҷа гарон набуд. Ӯ гуфт, "вақти бекорӣ аст, пул надорем. Боз маълум нест, ки дар Русия кор ёфт мешавад, ё намешавад. Онҷо беҳад хунук аст ва то гарм шудан эҳтимол муҳоҷирон кор пайдо накунанд. Ман барои харидани билет аз бонк қарз кардам. Нархро камтар арзон мекарданд, бисёр хуб буд."

Баландтарин нархи чиптаи ҳавопаймо дар Осиёи Марказӣ

Қурбоналӣ Қурбонов
Қурбоналӣ Қурбонов

Нархи чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон баландтарин нарх дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Қаблан пойгоҳи хабарии Theopenasia нархномаи парвози ҳавопаймоҳоро аз се кишвари Осиёи Марказӣ ба шаҳрҳои мухталифи олам нашр карда буд, ки дар он гуфта мешуд, чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон гаронтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Масалан, агар қиммати чиптаи хатсайри Душанбе-Маскав 367 доллар бошад, пас қиммати хатсайри Бишкек-Маскав 136 доллар аст. Қаблан шикоятҳои зиёди муҳоҷирони тоҷик аз баланд будани нархи чиптаи ҳавопаймо мақомоти тоҷикро водор кард, ки барои муайян кардани сабабҳои баланд будани нархи чиптаи ҳавопаймо комиссия таъсис диҳанд. Ин комиссия муваззаф буд, то муайян намояд, ки чаро нархи билет дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа гарон аст. Аммо бо гузашти панҷ моҳ то ҳол дар бораи натиҷаи кори ин комиссия хабаре нест.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ниҳоди назораткунандаи соҳаи авиатсия рӯзи 14 март ҳозир нашуданд, ки ба Радиои Озодӣ қазияро шарҳ диҳанд. Масъулони нуқтаҳои чиптафурӯшӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, чанд рӯз қабл аз Вазорати нақлиёт омада, ба онҳо ҳушдор додаанд, ки нархи чиптаро арзонтар кунанд. Аммо масъулини нуқтаҳои чиптафурӯшӣ мегӯянд, нархгузорӣ аз онҳо вобаста нест ва танҳо 2-2,5 дарсади маблағи билет ба онҳо мерасаду бас.

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ин масъулон, ки нахостанд номашон зикр шавад, гуфтанд, дар масъалаи нархгузорӣ бояд Вазорати нақлиёт аз болои ширкатҳои ҳавопаймоӣ назорат барад.

Бардорад зам кун, набардорад кам?

Коршиносон мегӯянд, нархи чиптаҳо бояд дар асоси хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян карда шавад, на тибқи қоидаи «бардорад зам кун, набардорад кам». Коршиносон мегӯянд, чигуна дар моҳи январи соли равон нархи чиптаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба самти Русия то 2000 сомонӣ ва “Тоҷик Эйр” аз ин ҳам камтар буд, вале дар фасли баҳор бо ҳамон хароҷот нарх якбора беш аз ҳазор сомонӣ афзоиш меёбад?

Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигори тоҷик, ки ин мавзӯъро пайгирӣ дорад, гуфт, “имрӯз нархи парвоз аз Бишкек ба Маскав ҳамагӣ 8,3 ҳазор рубл ё муодили 1000 сомонӣ аст, вале нархи чиптаи Душанбе-Маскав зиёда аз 25 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ширкатҳо бо фаро расидани оғози муҳоҷират даст ба ҷайби муҳоҷирон мезананд, вале хадамотҳои назораткунанда, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба куҷо менигарад?”

Холиқназар Ҷумъаев
Холиқназар Ҷумъаев

Як мутахассиси бахши ҳавонавардӣ, ки дар гузашта дар “Тоҷик Эйр” кор кардааст, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ширкатҳо хароҷотро зиёд нишон медиҳанд ва нархро баланд мебардоранд ва касе нест, мувофиқати хароҷот ба нархҳоро тафтиш кунад. Ӯ гуфта буд, «барояшон муҳим нест, чун медонанд, ки ҳар сол садҳо ҳазор нафар ночор ба Русия мераванду меоянд ва ноилоҷ билет мехаранд, 300 доллар ҳам бошад ё 500 доллар.”

Муҳоҷирон мегӯянд, баланд будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо қисме аз онҳоро маҷбур кардааст, ки тариқи нақлиёти заминӣ худро ба Русия расонанд. Аммо тай кардани 4-5 ҳазор километр роҳ бо нақлиёти заминӣ ба гуфтаи муҳоҷирон барои онҳо сахт аст.

XS
SM
MD
LG