Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин дар Душанбе 6 сомонӣ шуд. ВИДЕО


Дар пайи тармафароиҳои зиёд ва барои чанд муддат баста будани роҳи Душанбе – Чаноқ нархи сӯзишворӣ дар пойтахти кишвар ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Аз ҷумла, нархи як литр бензини навъи АИ-92 аз 5 сомониву 10 дирам ба 6 сомонӣ расидааст. Дар шимоли Тоҷикистон як литр чунин бензин 4 сомониву 70 дирам будааст.

Соҳибони мошинҳо дар шаҳри Душанбе мегӯянд, болоравии нархи сӯзишворӣ кори онҳоро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Феълан дар Душанбе як литр гази моеъ, ки ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд, баробари 3 сомониву 20 дирам аст. Дар шимоли Тоҷикистон ин навъи сӯзишворӣ 2 сомониву 10 дирам мебошад. Дар Душанбе низ то замони оғози тармафароиҳо ва баста шудани роҳҳои иртиботӣ бо шимоли кишвар як литр гази моеъ то ба 2 сомониву 30 дирам поин рафта буд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бензин дар Душанбе гаронтар шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Дар Оҷонсии зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон гуфтанд, ки як комиссияи “байниидоравие" фаъол шудааст, то муайян кунад, ки сабабҳои чунин амр чӣ будааст. Дар ин ниҳод рӯзи 1 март аз шарҳи пурраи мавзӯъ худдорӣ карда, аммо гуфтанд, “ин комиссия рӯзи 28 феврал ба фаъолият оғоз кард ва тӯли 10 рӯзи оянда фаъолияти ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхтро баррасӣ мекунад. Баъд аз анҷоми баррасии вазъи бозори маводи сӯхт дар кишвар натиҷаи кори ин комиссия ба расонаҳо пешниҳод мешавад."

Ёрмаҳмад Бегаҳмадов – раиси Анҷумани воридкунандаҳои маҳсулоти нафтии Тоҷикистон – рӯзи 1 март дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ сабаби болоравии нархи бензину гази моъе дар пойтахтро ба баста шудани роҳи миёни Душанбе ва Хуҷанд рабт дод. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир ба ҳудуди Тоҷикистон миқдори зарурии маҳсулоти нафтӣ ворид мешавад ва ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. “Болоравии нархи бензин дар Душанбе ба сабаби баста шудани роҳ ба шимоли кишвар марбут аст, на чизи дигар”, - афзуд ӯ.

Тибқи иттилои ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, солона ба кишвар 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид мешавад. Ҷамшед Саъдуллоев, сухангӯи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 60 дарсади маҳсулоти нафтии воридшаванда ба кишвар аз сӯи Оҷонсии давлатии захираҳои моддӣ ворид мешавад.

Зимнан, нархи як литр бензини навъи АИ-92-и воридкардаи ин Оҷонсӣ то чанд рӯзи пеш 5 сомониву 80 дирам буд ва аз имрӯз нархи он 5 сомониву 60 дирам муқаррар шудааст. Мақомот мегӯянд, ин вазъ дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ё хадамоти изтирориву беморхонаҳо таъсире нагузоштааст, чун сӯзишворӣ ба ин муассисаҳо аз сӯи Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ таъмин мешаванд. Вале аз назари корафтодаҳо, мушкили болоравии нархро бештар ронандаҳову сокинони оддӣ эҳсос мекунанд.

Нуриддин Халилов
Нуриддин Халилов

Соҳибони мошинҳо дар шаҳри Душанбе мегӯянд, болоравии нархи сӯзишворӣ кори онҳоро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст. Нуриддин Халилов, як ронандаи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҳатто бо боз шудани роҳи Душанбе-Чаноқ низ қимати сӯзишворӣ поин нарафтааст.

Ӯ афзуд, “ҳамарӯза мошини худро бо 40-50 литр гази моеъ пур мекунам. Ҳарчанд панҷ рӯз аст, ки роҳи ағба боз шудааст, аммо нархи гази моеъ ҳамчунон 3 сомониву 10 дирам барои як литр аст. Ба ҷуз аз сӯзишворӣ мошин пайваста таъмир мехоҳад ва дар чунин вазъият кор кардани мо мушкил шудааст.”

Пеш аз ин сокинон гуфта буданд, ки барфбории шадид дар масири Душанбе – Хуҷанд ба нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт низ бе таъсир намондааст. Маҳсулоте, ки аз вилояти Суғд ба Душанбе меояд, асосан картошкаву пиёз, орд, тухм ва маҳсулоти ширӣ аст. Барои мисол, картошка, ки талаботи мардум ба он зиёд аст, дар оғози моҳи феврал дар бозори яклухтфурӯшӣ 2 сомониву 60 дирам ва дар бозорҳои чакана то 3 сомонӣ боло рафта буд.

XS
SM
MD
LG