Порлумони Тоҷикистон боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав ба кишварро 50 дар сад кам кард. Мақомот гуфтанд, ин қарор ба мошинҳое дахл дорад, ки аз истифодаашон як сол нагузаштааст ва ё 10 000 километрро тай накардаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Коҳиши 50 дар сади боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав аз хориҷ ба Тоҷикистон як бахши тағийрот ба қонуни буҷаи соли 2017 буд, ки рӯзи 15 март аз тарафи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар Маҷлиси Намояндагон матраҳ шуд. Ҳикматуллозода ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, ин тағйирот барои воридоти чаҳор навъи мошинҳо – сабукрав, борбар, мусофирбар ва махсуси тиббӣ – дахл дорад. Вай афзуд, тайи чанд моҳи гузашта ба кишвар 229 мошини нав ворид карда шудааст.
Шариф Раҳимзода – раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон – гуфт, ин иқдом барои он гирифта шуд, ки дар солҳои ахир мошинҳои зиёди солашон кӯҳна ба Тоҷикистон ворид шуда ва ҳангоми ҳаракат мушкил пеш омадааст. "Ҳамчунин, мошинҳои зиёд ҳавои кишварро ғализ кардаанд", - афзуд ӯ.
Аммо дар ҷараёни муҳокима ин масъала пеш омад, ки оё 50 дар сад кам кардани боҷи гумрукӣ наметавонад ба буҷа зарар ворид кунад? Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, вақте воридоти мошинҳо зиёд мешавад, ҳам буҷа фоида мебинад ва ҳам тоҷирон ҳавасманд мешаванд. "Баъди ин иқдом, воридоти мошинҳои нав ба кишвар бисёр мешавад ва албатта маблағи бештар ба буҷа ворид хоҳад шуд. Агар мошине, ки 50 ҳазор доллар қимат дошт, бо изофа шудани боҷи гумрукӣ ба 60 ҳазор доллар мерасид. Ҳоло бо 50 дар сад кам шудани боҷ нархи мошин арзонтар хоҳад шуд", - шарҳ дод ӯ.
Абдуманнон Замонов, як соҳибкор аз вилояти Суғд, ки аз Литва мошин ворид мекунад, аз сабукии 50 дарсадӣ истиқбол кард. Вай гуфт, аз боҷи сангини гумрукӣ халос мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки мошини нави бештар ба Тоҷикистон оранд.
Ин мусоҳиби мо афзуд, "мо дар вақти ворид кардани мошинҳо вобаста ба тамғаи мошин то 18 ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ медодем. Акнун, албатта, вазъият беҳтар шуд ва метавонем маблағи камтар пардохт кунем"
Дар оғози соли ҷорӣ президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба порлумон супориш дода буд, то ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав 50 дарсад кам карда шавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ин амр барои беҳбуди вазъи муҳити зист ва таъмини амнияти мусофирон ва ронандаҳо таъсири мусбат мерасонад.
Аммо бархе аз тоҷирони мошин интизор доштанд, ки чунин муқаррарот барои мошинҳои тавлидашон то се сол роҳандозӣ мешавад. Гузашта аз ин, бархе аз соҳибназарон иддао доштанд, ки чунин пешниҳод ба манзури воридоти мошинҳои сабукрави сохти Узбакистон ироа шудааст.
Коршиносон мегӯянд, солҳои охир ба далели гаронии боҷи гумрукӣ воридоти мошинҳо кам шудааст. Аз ҷумла, мақомоти "Тоҷиксуғурта" моҳи феврали имсол гуфтанд, ки дар соли 2016 ба Тоҷикистон фақат 6 ҳазор мошин ворид шуда ва аз ин сабаб даромади ширкат ҳам кам гардидааст. Соли 2015 ба Тоҷикистон 17 752 воситаи нақлиёт ворид шуда буд.