Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон Баҳром Сафаров, як ронандаи нақлиёти мусофирбари №25-и шаҳри Душанберо бо иттиҳоми одамкушӣ боздошт кардаанд. Дар пайи боздошти ин ронанда, шаҳрдори Душанбе дастур дод, ки тамоми ронандагони хатсайрҳои пойтахт аз санҷиш гузаронида шаванд. Инчунин дар пайи ин дастур изи дасти тамоми ронандагон гирифта мешавад.
Офоқ Қодириён, сухангӯи РКД дар вилояти Хатлон мегӯяд, Баҳром Сафарови 42-сола бо он гумонбар дониста мешавад, ки як зани 27-соларо нахуст дар нақлиёташ маҳкам карда, баъдан ӯро ба қатл расондааст.
Бо дастури шаҳрдории Душанбе ҳамаи ронандагон аз санҷиш гузашта ва изи дасти тамоми онҳо гирифта мешавад.
Хонум Қодириён афзуд, “Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи зан зада, ӯро аз по афтонида дар ҳолати беҳушӣ дохили автомашинаи «Старекс», ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, гузошта ба хонааш меравад. Субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки ин зан ба мақомоти милитсия хабар надиҳад, ӯро бо ресмон бӯғӣ карда ба ҳалокат расонд ва барои рӯйпӯш кардани ҷинояти содиркардааш, ҷасадро дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар роҳи автомобилгарди ағбаи Шар-Шар, дар километри 60-уми ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ба ҷарӣ партофт ва аз ҷои ҳодиса ғайб зад.”
Ин масъули вазорати умури дохилӣ афзуд, нисбати Баҳром Сафаров бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишоти он аз ҷониби Додситонии шаҳри Норак идома дорад. Баҳром Сафаров қаблан низ бо иттиҳоми таҷовуз ба номус зиндонӣ шуда буд.
Интиқоди шаҳрдорӣ аз тарзи қабули ронандаҳо
Ҳодисаи дастгир шудани як ронандаи нақлиёти шаҳрӣ бо ҷинояти вазнин дар Душанбе дар чанд соли ахир бесобиқа аст. Шаҳрдории Душанбе низ мегӯяд, ин ҳодиса онҳоро бисёр нигарон кардааст ва дастур шудааст, ки тартиботи қабули ронандаҳо шадидтар карда шавад.
Абдуҳалим Маҷидов, сухангӯи Муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” -- ниҳоди назораткунандаи бахши нақлиёти шаҳрӣ аз кори ҷамъиятҳои нақлиётӣ интиқод кард, ки бидуни омӯзиши хуб ронандаҳоро ба кор қабул мекунанд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона ҷамъиятҳои нақлиётӣ ронандаҳоро ба кор қабул мекунанд, аммо аз тарҷумаи ҳоли онҳо бохабар нестанд. Вақте онҳо хабардор нестанд, баъдан байнашон ин ҳолатҳо пайдо мешавад. Ба ҳамаи роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ супориш шуд, ки як бори дигар фаъолияти гузаштаи ҳамаи ронандаҳоро омӯзанд.”
Ҳоло дар шаҳри Душанбе, 4 корхонаи коммуналӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусӣ ва 75 хатсайр амал мекунад.
Ин масъули шаҳрдории Душанбе гуфт, ҳодисаи боздошти як ронанда дар як ҷаласаи махсус дар назди Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳр баррасӣ гардид. Ба иттилои масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон”, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки изи дасти тамоми ронандаҳо гирифта шавад. Минбаъд ронандагоне, ки изи дасти худро дар мақомотҳои дахлдор намесупоранд, бар асоси дастури шаҳрдорӣ ба кор қабул карда намешаванд.
Тибқи талабот, ҳоло шахсоне ҳамчун ронанда дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба кор қабул карда мешаванд, ки таҷрибаи 3 соли ронандагӣ дошта, синнашон аз 21 кам набошад ва дорои ҳуҷҷати ронандагии категорияи Д бошанд. Аммо масъулини ҷамъиятҳои нақлиётӣ дар Душанбе мегӯянд, онҳо ҳаққи тафтиши ва муайян кардани шахсияти ронандаҳоро надоранд. Сироҷиддин Каримов, як масъули ҶДММ “Беҳрӯз-15”, ташкилоти назораткунандаи хатсайри №25 мегӯяд, дар ҳолати ба талаботҳо ҷавобгӯ будан, ронандаро ба кор қабул мекунанд.
Ҷаноби Каримов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар бораи боздошти ронандаи зертобеаш гуфт, “ӯ муддати як сол ҳамчун ронанда фаъолият мекард. Вақти ба кор қабул кардан намедонистем, ки пештар зиндонӣ шуда буд. Инсони ҳама вақт фаъол буд. Ҳар як мушкилие, ки нисбати ҳуҷҷат ва мошинаш мешуд, дарҳол хабар медод. Маблағи патенташро сари вақт пардохт мекард ва саривақт ба кор меомад. Нисбаташ аз ҷониби мусофирон ягон шикоят набуд.”
Шахсони тасодуфӣ ба нақлиётӣ шаҳрӣ роҳ ёфтаанд
Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори шаҳрдорӣ Душанбе мебошад, ки ҳама вақт зери интиқод қарор дорад. Шаҳрдории собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доимо аз кори нақлиётҳои шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод мекард. Ба гуфтаи коршиносон, яке аз мушкили аслии нақлиёти шаҳрӣ дар Душанбе ин роҳ ёфтани шахсони тасодуфӣ ба соҳа мебошад.
Мавзунаи Муҳаммадалӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки ба ронандаҳои хатсайрҳои Душанбе дарси фарҳанги муошират мегӯяд, мушоҳидаҳои зиёди ӯ аз дарсҳо ин чизро тасдиқ мекунад.
Мавзунаи Муҳаммадалӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “чун саҳар вақте мо корро шурӯъ мекунем, аллакай аз асабонияти баъзе ҷавонҳо тасодуфӣ будани онҳо маълум аст. Масалан, чанд рӯз қабл ба ронандаҳои хатсайёри 8 дарс медодам ва як ронандаи 26-сола омад, ки бисёр асабӣ буд. Вақте ман гуфтам, ки шумо бо асаби хаста ба кор омадаед ва мувофиқи қоида шумо бояд имрӯз ба кор набароед. Аз ин чиз мушоҳида кардан мумкин аст, ки шахсони тасодуфӣ дар соҳаи нақлиёти шаҳрӣ дар пойтахт дида мешаванд.”
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳар як ронандаи нақлиётҳои мусофиркашонӣ бояд аввал аз санҷиш гузаранд ва ҳаматарфа санҷида шавад, ки оё ӯ ба ин кор лоиқ аст ё не. Ҳоло дар шаҳри Душанбе, 4 корхонаи комуналӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусӣ ва 75 хатсайр амал мекунад.