Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон се зани сокини ноҳияи Қубодиёнро, ки занону духтарони маҳаллиро бо ваъдаи “кори хуб ва пули зиёд” ба Имороти Мутаҳидаи Араб барои танфурӯшӣ мебурданд, маҳкум ба зиндон кардааст.
Ба иттилои додгоҳи Хатлон, Бахтигул Ёқубова ва Дилафрӯз Азимова тибқи моддаи 23, қисми 1 ва 132, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба мўҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд. Муттаҳами сеюм Ҳалима Қурбонова, ки дар гузашта низ бо ҷурми таъсиси фоҳишахона зиндонӣ шуда буд, барои 6 сол равонаи зиндон мешавад.
Ҳамзазода Тоҳири Сафар, додраси ин парванда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Бахтигул Ёқубова ва Дилафрӯз Азимова муддатҳо дар Дубай танфурӯшӣ мекарданд ва тариқи телефон ба Ҳалима Қурбонова тамос дошта, муштаракан духтаронро барои танфурӯшӣ ба Имороти Мутаҳидаи Араб даъват мекарданд.
Ҷаноби Ҳамзазода мегӯяд, дар пайи сабти сӯҳбатҳои телефонии ин занон онҳоро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 10 июл ҳангоми бозгашташон аз Дубай дастгир кардаанд. Дар парвандаи ҷиноии ин занон хонда мешавад, ки онҳо барои 3 духтари ҷавон, ки якеаш аз ноҳияи Шаҳритӯс будааст, шиносномаи хориҷӣ таҳия карда, онҳоро барои сафар ба Имороти Мутаҳидаи Араб ба қасди танфурӯшӣ омода кардаанд. Яке аз духтароне, ки дар интизори сафар ба Иморот буд, Ганҷина Қурбонова, духтари ҷавони худи Ҳалима Қурбонова будааст.
Бино бар натоиҷи таҳқиқоти додситонӣ, ин занон дар гузашта низ занҳоро барои истисмори шаҳвонӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бурда, аз онҷо ба Имороти Мутаҳидаи Араб интиқол медоданд.
Қоҷоқи инсон ва истисмори занону духтарони ҷавон як мушкили доғ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки дар соли гузаштаи 2013 дар Тоҷикистон 679 мавриди қочоқи шаҳрвандони ин кишвар сабт шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 155 нафар бештар будааст. Аз ин шумор дар 72 маврид занону духтарон аз Тоҷикистон қочоқ шуда, асосан бо роҳи фиреб ба хориҷи кишвар бурда шудаанд.
Ба иттилои додгоҳи Хатлон, бори аввал дар ин вилояти ҷануби Тоҷикистон афрод бо ҷурми қочоқи занон ба хориҷ ба хотири истисмори шаҳвонӣ маҳкум ба зиндон мешаванд.Ин дар ҳолест ки дар моҳи июн дар Тоҷикистон маъракаи густардае алайҳи ҷиноятҳои ахлоқӣ, бахусус зидди даллаҳову танфурӯшҳо ба роҳ андохта шуд. Мақомоти умури дохила гузориш дода буданд, ки танҳо тайи як ҳафта беш аз 500 нафарро бо гумони танфурӯшиву даллагӣ боздошт карданд. Аммо шиддати ин маъракаи зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ, ки дар пайи як суханронии тунди вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ва барканории ду раҳбари аршади "пулиси ахлоқ" оғоз ёфта буд, батадриҷ фурӯ нишаст.