Вазорати умури дохилии Гурҷистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон Заррина А-ро, ки дар ин кишвар бо гумони даллагӣ боздошт шудааст, аз 7 то 12 сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Ин шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон, ки ҳудуди 15 рӯз қабл дар шаҳри Батумӣ боздошт шуда буд, ба қочоқи инсон муттаҳам дониста мешавад.
Аз вазорати умури дохилии Гурҷистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон Заррина А дар таърихи 27 майи соли ҷорӣ аз сӯи кормандони шӯъба мубориза бо қочоқи инсон ва муҳоҷирати ғайриқонунии вазорати корҳои дохилии Гурҷистон дар шаҳри Батуми боздошт шудааст.
Ба гуфтаи пулиси гурҷӣ, Заррина А. ба иттиҳоми қочоқи инсон, аз ҷумла дар иртибот ба қазияи шаҳрванди дигари ҳамин кишвар Баргигул Р, боздошт шудааст. Вазорати хориҷаи Гурҷистон дар шарҳи боздошти Заррина А. ба Озодӣ гуфт, ӯ аз манзиле, ки ба таври муваққатӣ ба сар мебурд, дастгир шудааст
Тибқи маълумоти аввалия, 7 декабри соли 2012 шаҳрванди Тоҷикистон Заррина А. шаҳрванди Баргигул Р.-ро бо ваъдаи маоши баланд заминаи сафари ӯ ба Гурҷистонро фароҳам намуда, баробари ба шаҳри Батуми расидан, шиносномаи ӯро гирифта, аз таърихи 7 декабри ҳамон сол то моҳи сентябри соли 2013 ба мақсади истисмори шаҳвонӣ истифода карда ва пулҳои аз ин роҳ ба даст омадаро ба ҷайби худ мезадааст.
Мақомоти тафтишотии Гурҷистон мегӯянд, ки амалҳои Заррина А. мутобиқи модаи 1 банди 143-и кодекси ҷиноии Гурҷистон яъне хариду фурӯши инсон, истифода аз роҳҳои хатарнок барои ҳаёти инсон ҷазои маҳкумият ба зиндон 7 то 12 солро пешбинӣ мекунад. Вазорати умури Гурҷистон ба далели ворид нашудани халал ба таҳқиқот, аз ифшои номи пурра ва макони зиндагии Заррина А. дар Тоҷикистон ва ҷузъиёти дигар худдорӣ кардааст.
Боздошти як табааи Тоҷикистон бо гумони даллагӣ дар Гурҷистон бори аввал иттифоқ меуфтад.То кунун бештар дар бораи қочоқи занону духтарони тоҷик ба кишварҳои арабӣ, ба хусус ба Имороти муттаҳидаи Араб, ва ҳам ба Туркияву Эрону Афғонистон гузоришҳо ба даст мерасид.
Мақомот ҳамин тавр, аз афзоиши шумори танфурӯшон дар дохили худи Тоҷикистон низ бонги изтироб мезананд. Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли гузашта 679 мавриди қочоқи инсон сабт шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 155 нафар бештар аст. Аз ин шумор дар 72 маврид занону духтарон аз Тоҷикистон қочоқ шуда, асосан бо роҳи фиреб ба хориҷи кишвар бурда шудаанд.
Ин ҳама дар ҳолест ки дар Тоҷикистон зоҳиран як маъракаи нави мубориза алайҳи танфуршҳо авҷ мегирад. Ин маърака ба дунболи ҷаласаи рӯзи 5 июни вазорати корҳои дохилист, ки дар он Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила амр дод, то тамоми афродеро ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ, ба мисли танфурӯшиву даллагӣ дастгир мешаванд, рӯйхат кунанд. "Рӯйхати сиёҳ"-и вазорати умури дохила, бо амри вазир, бояд ҳамчунин тамоми нафарони гирифтор ба бемориҳои ҷинсиро дар бар бигирад.
Ҳамин тавр, пешниҳод шудааст, ки бо иловаи тағйирот ба Кодекси оила, домодҳову арӯсҳо дар оянда қабл аз издивоҷ муваззаф карда шаванд, то тавассути пулис саломатии ҳамсарони ояндаи худро тафтиш кунанд.