Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ВКД ба ҳамкории мардум дар мубориза бо фаҳшо


Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки барои решакан кардани фоҳишагӣ дар кишвар ба мақомоти қудратӣ кӯмак кунанд. Аммо ин иқдом то куҷо ба ҳадафи аслӣ мерасад ва оё ҷомеаи тоҷик ба ин кор омода аст?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мақсади он аз ширкати ҷомеа дар мубориза бо ҷиноятҳои зиддиахлоқӣ решакан кардани фоҳишагӣ, даллагӣ ва қочоқи инсон дар Тоҷикистон аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки дар сурати огаҳӣ аз фаҳшо ба телефони боварии вазири дохила ё почтаҳои электронии vkd.tj@mail.ru, www.vkd.tj ё www.mvd.tj муроҷиат кунанд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ин вазорат 10-уми июн ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳадаф аз ин даъват решакан кардани ҷиноятҳои зиддиахлоқӣ ва аз байн бурдани шароити чунин аъмол дар кишвар аст. Барои ин ба шаҳрвандон пешниҳод шудааст, ки бидуни ифшо кардани ҳувияти худ аз чунин мавридҳо ба мақомот хабар диҳанд.

Бархе аз соҳибназарон аз ин пешниҳод истиқбол мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати иҷрои шуданаш ин тарҳ метавонад ба коҳиши фаҳшо дар Тоҷикистон мусоидат кунад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари созмони «Перспектива +» мегӯяд, ин пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ ду ҷанба дорад. Аввал, он метавонад ба таҳкими мавқеи шаҳрвандии сокинон кӯмак кунад ва онҳо худро вазифадор донанд, ки метавонанд аз ҷиноятҳо пешгирӣ кунанд.

Аммо аз нигоҳи хонум Бобоназарова, ин ташаббус паҳлӯи дигар низ дорад: «Аз ҷониби дигар одамон ба хотири ғаразҳои шахсӣ метавонанд тариқи зангҳои махфӣ касеро бадном кунанд. Махсусан дар масъалаи фоҳишагӣ. Ҳатто агар ҳамон зан ё духтар фоҳиша ҳам набошад, агар корманди полис ӯро дастгир карда бударад, ӯ ҳатман бадном мешавад. Барои он зан зистан дигар дар ҳамон муҳит душвор мешавад.»

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони дигар тоҷик низ мегӯяд, дар ҳама кишварҳо шаҳрвандон дар ошкор кардани ҷиноят ба мақомоти қудратӣ кӯмаки зиёд мекунанд ва ин як чизи маъмулист. Аммо аз он, ки чунин таҷрибае барои ҷомеаи тоҷик чандон хос нест, мақомоти қудратӣ бояд боэҳтиёт кор баранд. Зеро: «Агар мақомоти қудратӣ баробари ворид шудани занги телефонӣ бидуни таҳқиқи пешакӣ ба макони муайяншуда рафта зуд ба ҷустуҷӯ ё боздошти нафаре шурӯъ кунанд, он гоҳ ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандон поймол карда мешавад. Зеро бидуни таҳқиқ ва танҳо дар асоси як занги телефонӣ ё мактуб боздошт кардани нафаре хилофи қонун аст. Дар сурати сар задани чунин амал, шаҳрвандон ҳаққи аз болои мақомот шикоят бурданро доранд.»

Ба қавли ин ҳуқуқдони тоҷик, аз сабабе, ки фоҳишагӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон реша давондааст, ба эҳтимоли зиёд мақомот дар решакан кардани он мушкил доранд, ва рӯ ба ҷомеа овардаанд. Ҷаноби Қудратов меафзояд, агар зангҳои телефонии махфӣ аз ин миён бардошта шавад, шояд ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандон поймол нагардад. Ҳангоме шаҳрвандон медонанд, ки сухани онҳо ошкор мешавад, аз додани хабари бардурӯғ худдорӣ хоҳанд кард.

Ҷомеашиносон афзоиш ёфтани фоҳишагиро дар Тоҷикистон нигаронкунанда унвон мекунанд.
Раҷаби Мирзо, ҷомеашиноси тоҷик ва раҳбари ташкилоти «Бозтоб» иқдоми Вазорати корҳои дохиларо саривақтӣ унвон кард. Ба қавли ин ҷомеашиноси тоҷик, ҷамъияти фоҳишаҳо дар Тоҷикистон як манбаи хатар ба генофонди миллат мебошад: «Гоҳе ҳарфҳое радду бадал шуданд, ки ин ё он нафар тариқи фоҳишаҳо ба қавле "подстава" шуда буданд. Боиси шарманда кардани одамон гашта буд. Агар мо аз ин нуктаи назар нигарем иқдоми вазорати дохила қобили дастгирист. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам борҳо наворҳо дар робита ба ҳамболин шудани шахсиятҳо бо фоҳишаҳо пахш шуда буданд, ки боиси беобругии онҳо гардида буд. Аммо баъдан исбот гардид, ки наворҳои сохта будаанд. Имрӯз истифода кардан аз хизмати «фоҳишаҳо» имконпазир аст ва одамон метавонанд аз хизмати онҳо кореро ба нафъи худ истифода кунанд.»

Бинобар ин ба қавли Раҷаби Мирзо андаке хунукназарӣ метавонад боиси боз ҳам беобрӯ ва ба қавле «шантаж» кардани дигарон гардад.

Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин пешниҳоди умури дохила назарҳои мухталиф доранд. Моҳираи Мирзо, сокини 28-солаи Душанбе аз ин иқдоми пулис хушҳолӣ мекунад. Вай мегӯяд: «Ҳоло фоҳишагӣ дар Душанбе дигар ошкоро шудааст. Ҳатто агар пас аз намози шом зарурате пеш ояду ба кӯча бароӣ ҳатман, ки мошинҳо омада дар наздат меистанд ва руйрост таклифи бо онҳо рафтанро мекунанд. Аз ин хотир ман сад дар сад ин пешниҳоди ВКД-ро дастгирӣ мекунам.»

Шаҳноза Идрисова, сокини дигари Душанбе мегӯяд, зиддӣ ин пешниҳоди ВКД аст: «Агар рафту ман бо номзадам дар макони дилхушие нишаста бошам ё бо ягон нафар аз дӯстонам, касе ба полис хабар диҳад, ки ин духтар фоҳиша аст. Ё далла аст бояд онҳо омада маро бозпурсӣ кунанд? Ё бо ҳамроҳашон ба милисахона баранд? Магар ин боиси беобрӯгии ман намешавад? Ман ба ин гуна шеваи кор розӣ буда наметавонам. Чун мо ҳамеша ба ҷой салла калла меорем.»

Худи фоҳишаҳо мегӯяд, аз ин гуна иқдому пешниҳодҳо аслан парвое надоранд. Зеро бо полис рафтан барои онҳо одат шудааст. Зайнура, як зани фоҳиша, ки ду сол инҷониб ба танфурӯшӣ машғул аст, мегӯяд, ӯ ба боздошту бозпурсиҳои кормандони пулис одат кардааст. Ба нақли Зайнура фоҳишаҳо дигар ҳаққу ҳуҳуқҳои худро медонанд: «Мо дигар медонем чӣ кор кунем. Чунки барои мо ҳақу ҳуқуқҳоямонро хеле хуб омӯзонидаанд.»

Пешниҳоди Вазорати умури дохилӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои аз ҳам пошидани фоҳишахонаҳо дар ҳоле садо дод, ки чанд рӯз қабл бар пай гузаронидани рейд аз ҷониби мақомоти интизомӣ чандин фоҳишахонаҳо ошкор карда шуд.
XS
SM
MD
LG