Як ҳайати иборат аз мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва масъулони ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон, ки ҳамроҳи мусофирону хабарнигорон ба Тошканд рафта буданд, шоми 10 феврал ба ватан баргаштанд. Аз ҳосили гуфтугӯи онҳо бо мақомоти “Узбекистон ҳаво йулларӣ” ба хабарнигорон чизе гуфта нашуд ва, қарор аст, ширкати “Сомон Эйр” ба зудӣ дар ин робита бо пахши як изҳорот иттилоъ диҳад. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳайатҳо дар ин мулоқот масъалаи нархи билет, теъдоди парвоз дар ин хатсайр ва ҳузури ширкати давлатии ҳавопаймоии Узбакистонро дар ин парвозҳо баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин мулоқоти расмӣ мудири кулли ширкати “Сомон Эйр” Томас Ҳаллам ва раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Исматулло Файзулло раҳбарӣ доштанд.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ширкати “Сомон Эйр”, ба гуфтаи масъулонаш, феълан ҳафтае як дафъа - рӯзҳои душанбе - парвозҳоро ба Тошканд анҷом медиҳад ва қимати билети ҳавопаймо аз 130 евро шуруъ мешавад.
Дар Узбакистон фурудгоҳҳо дар ихтиёри Хадамоти аэронавигатсия ва парки ҳавопаймоҳо дар ихтиёри ягона ширкати ҳавопаймоии давлатии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” қарор дорад. Интизор меравад, аз ҷониби Узбакистон парвозҳо дар самти Тошканд-Душанберо ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” ҳафтае як бор анҷом диҳад, аммо ҳанӯз рӯз ва санаи шурӯи парвозҳо расман эълон нашудааст.
Эҳсоси мусофирон - дар роҳ аз Душанбе ба Тошканд
Ширкати “Сомон Эйр”, ба гуфтаи масъулонаш, феълан ҳафтае як дафъа - рӯзҳои душанбе - парвозҳоро дар ин самт анҷом медиҳад ва қимати билети ҳавопаймо аз 130 евро шуруъ мешавад.
15 АКС аз Тошканд:
Ба мо нависед
Андешаҳои худро аз тариқи Вайбер ва Вотсапп ба ин шумора ба мо фиристед: +420 724 053 959
Нахустин ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон рӯзи 10 феврал дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд пас аз 25 соли қатъи парвозҳо фуруд омад. Муддати парвози ҳавопоймо байни пойтахтҳои ду кишвар ҳамагӣ 45 дақиқа буд. Томас Ҳаллам, мудири кулли ширкати “Сомон Эйр” гуфт, ки парвози 10 феврал озмоишӣ ва фаннӣ буда ва парвозҳои маъмулӣ аз рӯзи 20 феврал оғоз мешаванд.
Раиси кулли ширкати "Сомон Эйр" гуфт, "ин амр барои боз ҳам наздиктар шудани мардуми Тоҷикистону Узбакистон, табодули фарҳангӣ, донишҷӯён ва баргузории намоишгоҳҳо мусоидат хоҳад кард. Бо назардошти аҳолии 2,5-миллионнафарии Тошканд ва беш аз 1-миллионнафарии Душанбе дар оянда барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ бозори бузург буда ва бахши сайёҳӣ ва тиҷорат низ рушд хоҳад кард."
Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.
Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Пеш аз ин, солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.