Мақомот дар Афғонистон иддао доранд, ки ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар ноҳияҳои марзии кишвар фаъол шудаанд ва онҳоро писари Тоҳир Юлдош, пешвои собиқи гурӯҳ раҳбарӣ мекунад.
Фаъолони маданӣ ҳам мегӯянд, ҳузури ин ҷангҷӯён ба раҳбарии писари Тоҳир Юлдош ва ҳузури аъзои гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар вилояти Сарипул нигарониҳоро дар минтақа барангехтааст.
Тоҷмуҳаммад Хуросонӣ, як тан аз фаъолони маданӣ ва намояндаи порлумони ҷавонони Афғонистон дар Сарипул ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин авохир нигарониҳо дар байни мардум аз ҳузур ва фаъолияти ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва ДОИШ дар вилоят бештар шудааст.
“Бале дақиқ аст, ки гурӯҳи Тоҳир Юлдош ва касоне, ки фаъолиятҳояшон аз Узбакистон бархоста дар ноҳияи Сайёд фаъолият ва омӯзишро ба роҳ андохтаанд. Чунончӣ ки қаблан ҳам ин афрод бо хонаводаҳояшон дар Сарипул бо Толибон фаъолият мекарданд ва ба тозагӣ шунидем, ки писари Тоҳир Юлдош ҳам омада ва онҳоро раҳбарӣ мекунад.” -мегӯяд Томуҳаммад Хуросонӣ.
Ба тозагӣ шунидем, ки писари Тоҳир Юлдош ҳам омада ва онҳоро раҳбарӣ мекунад.
Мақомоти Сарипул ҳам таъйид мекунанд, ки ноҳияи Кӯҳистонот аз якуним сол пеш дар дасти мухолифони мусаллаҳ аст ва гурӯҳҳои дохиливу хориҷӣ аз ин ноҳия ба ҳайси маркази таълимӣ истифода мекунанд.
Муҳаммадзоҳир Ваҳдат, волии Сарипул мегӯяд, дар ин авохир теъдоде аз гурӯҳҳои дохилӣ бо тағйир додани байрақашон худро вобаста ба ДОИШ муаррифӣ кардаанд. Ӯ дар посух ба суол дар бораи ҳузури писари Тоҳир Юлдош дар Сарипул гуфт, ки иттилои комиле ҳанӯз дар ин бора надоранд.
“Ин овозаҳо ба мо ҳам расидааст ва мо ба хадамоти кашфи худ дастурҳои ҷиддӣ додем” –гуфт, Муҳаммадзоҳир Ваҳдат.
На Тоҷмуҳаммад Хуросонӣ ва на мақомоти афғон номи писари Тоҳир Юлдош ва синну соли ӯро намедонистаанд. Тасдиқи ин гузориш аз дигар манобеъ ҳам номумкин аст.
Тоҳир Юлдош ва Ҳаракати исломии Узбакистон
Тоҳир Юлдош - пешвои собиқи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон соли 2009 дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабоилнишини Покистон кушта шуд.
Муҳаммадризо Ғафурӣ сухангӯи раиси вилояти Ҷузҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар рустоҳои Шоҳтут ва Буйниқара дар байни ноҳияи Саёйди Сарипул ва Дарзоби вилояти Ҷузҷон барои худ қароргоҳ сохтаанд.
Аксари аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон ташкил медиҳанд ва даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар гузашта аз ҳузури гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷангҷӯён дар наздикиҳои марзи кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд, вале гуфтаанд, ки нерӯҳои кишвар қодир ҳимояти марзи 1400 километрии Тоҷикистону Афғонистон ҳастанд.
Агарчӣ гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир борҳо саъйи убури марзи Тоҷикистон карда ва бо сарҳадбонони тоҷик вориди даргирӣ шудаанд, аммо убури гурӯҳҳои ифротгарову тундрав бо қасди харобкорӣ дар Тоҷикистон дида нашудааст.