Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додугирифти Суғд бо Узбакистон 8 баробар афзудааст


Додугирифт миёни минтақаҳои шимоли Тоҷикистон бо Узбакистон дар як соли гузашта тақрибан ҳашт баробар афзудааст. Мақомоти Раёсати гумруки вилояти Суғд рӯзи 31 январ гуфтанд, агар дар соли 2015 ҳаҷми гардиши молу коло миёни минтақаҳои шимоли Тоҷикистон ва Узбакистон ба 8 миллион доллар баробар буд, ин рақам дар соли гузашта ба беш аз 60 миллион доллар расидааст.

"Узбакистон нуриҳои минералӣ содир кард"

Баъд аз даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли гузашта муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шудааст.

​Алихон Рустамзода – сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд – афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбакистонро “нишонаи рӯ ба беҳбуд овардани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя” донист. “Соли гузашта аз Узбакистон ба минтақаи Суғд ба маблағи 26 миллион доллар мол бо расмиёти гумрукӣ ворид шуд ва аз Суғд ба Узбакистон ба маблағи 35 миллион доллар мол содир гардид”, - афзуд ӯ.

Ба қавли сардори Раёсати гумруки Суғд, ба ин минтақа аз Узбакистон умдатан нуриҳои минералӣ ва масолеҳи сохтмон ворид шуда, аз вилояти Суғд ба Узбакистон бештар семент бурдаанд. Алихон Рустамзода гуфт, қаблан Тошканд ба содироти нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон иҷоза намедод, вале аз тирамоҳи соли гузашта ин мониаро бардоштааст ва тоҷирони суғдӣ 65 ҳазор тонна зиёд назар ба соли 2015 нуриҳои минералӣ ворид кардаанд.

Умедвории сокинон

Сокинони наздимарзӣ ба беҳтар шудани равобити ду кишвар ба дидаи умед менигаранд. Насибҷон Тошпулодов, сокини ҷамоати наздимарзии Патари Конибодом дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бархе сокинони ҷамоати мо бо дӯстону хешони худ аз ноҳияи Бешариқи Узбакистон арӯс бурдаву арӯс овардаанд. Аммо рафтуомад душвор аст, чунки дар рӯзҳои тӯй ё мотам, сарҳадбонҳо бо барқияву маълумотнома аз ҷамоат ва он ҳам ба одамони калонсолро барои аз хати марз гузаштан, иҷозат медиҳанд. Мо умедворем, ки хати сарҳад кушода мешаваду мисли пештара барои дидани якдигар ва харидуфурӯш ба назди якдигар бемалол равуо мекунем.”

Рустам Одинаев, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, беҳбуди робитаҳо хости сокинони оддии ҳар ду кишвар аст, ки аз қабл канори ҳам зиставу муносибатҳои неки хешутаборӣ ва тиҷоратӣ доштаанд. Ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо барои тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ, имкониятҳои фарохе доранд. “Умед ба он дорем, ки робитаҳои тиҷоратии сокинон дубора барқарор мешаваду мо озодона назди якдигар равуо ва бо ҳам додугирифт мекунем. Ин ба фоидаи ҳар ду тараф хоҳад буд”,- афзуд вай.

"Се гузаргоҳи марзӣ фаъол аст"

Бо ин ҳол, Узбакистон дар феҳристи панҷ кишвари аввале, ки Суғд ба онҳо бештар молу маҳсулот содир мекунад, ҷой надорад. Тоҷирону сокинони оддӣ сабаби то кунун ночиз будани додуситад миёни кишварҳоро ба баста будани марз ва тартиби сахти равуо ва боркашонӣ байни кишварҳо медонанд.

Тоҷикистону Узбакистон беш аз 1300 километр марзи муштарак доранд ва то имрӯз дар мавриди таъини 80 дарсади сарҳади муштаракашон ба созиш расидаанду бас. Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аз ҳудуди 10 гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ танҳо се гузаргоҳ, “Фотеҳобод” – дар ноҳияи Мастчоҳ, “Сарбанд” дар Спитамен ва “Патар” дар Конибодом боз аст. Вале убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои ҳамдигар танҳо тавассути гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” ҷараён мегирад.

Равобити Тоҷикистону Узбакистон баъди Каримов

Узбакистон тайи бештар аз 25 соли раҳбарии президенти собиқ Ислом Каримов ба як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ табдил шуда, бо ҳамсояҳояш низ марзҳои минакоришуда ва низоми шадиди раводид ҷорӣ карда буд. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон дар Душанбе. 27 декабри 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон дар Душанбе. 27 декабри 2016

Баъди даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шудааст. Ҳоло Тошканд мехоҳад, дар Душанбе намоишгоҳи бузурги маҳсулоти Узбакистон, аз саноати мошин то маводи ғизоиро баргузор кунад. Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нахустин форуми соҳибкорони узбаку тоҷик дар таърихи ду кишвар низ барпо шавад.

XS
SM
MD
LG