Ҷониби Тоҷикистон фурӯши билети парвоз аз Душанбе ба Тошкандро расман оғоз кард. Масъулони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нархи як билет 1164 сомонӣ, муодили тақрибан 150 доллари амрикоист. “Нарх бо он асоснок мешавад, ки маблағи хадамоти фурудгоҳ барои як мусофир дар Тошканд 76 доллар аст. Эҳтимол, баъди мулоқот бо раҳбарияти фурудгоҳи Тошканд ва гирифтани сабукӣ, коҳиши нархи билет дар самти мазкур бознигарӣ хоҳад шуд”, - гуфтанд онҳо.
То соли 1992 Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.
Нахустин парвози озмоишӣ аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 10 феврал сурат гирифта, парвози мунтазам 20 феврал оғоз хоҳад ёфт. Мақомоти ширкати "Сомон Эйр" мегӯянд, парвозҳо ба пойтахти Узбакистон то анҷоми мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе – ба роҳ монда шуда, “дар мавсими тобистон миқдори хатсайрҳо ҳафтае ду бор - рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе - иҷро хоҳанд шуд.”
Гузориши видеоӣ инҷост:
Руҳӯллоҳ Саидов, корманди як дӯкони билетфурӯшӣ, гуфт, ки замони парвоз аз Душанбе соати 10 ва аз Тошканд 12-и рӯз буда, дар маҷмӯъ, 45 дақиқаро дар бар хоҳад гирифт. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ифтитоҳи масири парвоз ба пойтахти Узбакистон истиқбол карданд. Онҳо гуфтанд, бовар доранд, ки ин иқдом шумораи гардишгаронро дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад дод.
Вале нигаронии онҳо фақат аз гаронии нархи билет дар ин масир будааст. Ҷамшед Зоиров, мудири ширкати “Интурист-Тоҷикистон”, гуфт, “ба назари мо, нархе, ки имрӯз муайян кардаанд, андаке гаронтар аст. Зеро дар ин дақиқаҳое, ки ба самти парвоз анҷом мешавад, нархи сафар арзонтар аст.”
Сокинони оддии кишвар низ эълони шурӯи парвоз ба Тошкандро далели рӯшани нармиши муносибат миёни Тоҷикистону Узбакистон донистанд. Як сокини Душанбе гуфт, “тӯли 25 сол мардуми Тоҷикистон барои рафтан ба назди баъзе хешовандонашон дар Узбакистон азият мекашиданд. Бисёр шод шудем, ки ҳамин хатсайр боз шуд ва мушкилҳо бартараф гардиданд.”
Шурӯи парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Тошканд дар оғози моҳи феврали имсол рӯзи 30 январ аз забони мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садо дод, вале раҳбарияти ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” мегӯянд, ҳанӯз замони дақиқи парвозҳо маълум нест. Субҳи 30 январ дар нишасти матбуотӣ вазири нави нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода низ дар посух додан ба ин суол эҳтиёткор буд.
Ӯ танҳо бо истиқбол аз дурнамои шурӯи парвозҳо миёни ду кишвар гуфт, миёни Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо тавофуқи усулӣ ба даст омада, ҳоло гурӯҳҳои корӣ ҷузъиёти ин парвозҳоро баррасӣ мекунанд. “Ширкатҳои ҳавоии ҳар ду кишвар қабл аз оғози парвозҳо бояд бо аэронавигатсия, фурудгоҳҳои байналмилалии Тошканду Душанбе ва ниҳодҳои дигар, ки ба анҷоми парвозҳо алоқаманд ҳастанд, шартномаҳо имзо кунанд. Ин кор вақт мехоҳад”, - гуфт Худоёр Худоёрзода.
Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.
Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Пеш аз ин, солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.