То куҷо барои як духтар зиндагӣ дар Тоҷикистон роҳату осон аст? ВИДЕО

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Бешубҳа, ҳар духтар дар Тоҷикистон ба ин савол посухи худро дорад, аммо аксарият мегӯянд, сол то сол назорату маҳдудият дар зиндагии онҳо бештар мешавад. Бархе мегӯянд, ки ҳоло ҳам мақомот, ҳам ҷомеа ва ҳам хонавода талош мекунанд, бо роҳҳои худ зиндагии духтарони тоҷикро “танзим намоянд”.

Ҳозир бисёр мешунавем, ки духтарҳо бероҳа мешаванд ё ба доми фиреб меафтанд. Овоза мешавад ва дигар обрӯву зиндагии як духтар ё як хонавода ба ҳам мезанад. Камтар сахтгирӣ накунӣ ҳам, намешавад

Гулноз Носироваи 18-сола рӯзи 11-уми октябр мегӯяд, дар ҳаёти ҳамарӯзааш худро гӯё зери як дастгоҳи азими назоратӣ эҳсос мекунад. Дар мактаб ба хотири сару либос зери назорати мудирият аст, дар маҳалла – зери назари ҳамсояҳо ва дар хона – зери назари волидону бародараш, ки ба худ ҳақ медиҳад, ҳатто дохили телефони ӯро бисанҷад.

Видео: Назари духтарон дар инҷост

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Духтар будан дар Тоҷикистон осон аст?

"Ба ҳар кори мо дахолат мекунанд"

Гулноз донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва баъд аз хатми дарс талош мекунад зудтар ба хона бирасад. Агар дилаш хост, бо дугонаҳо сайругашт биравад ваё ба меҳмонии хешовандон, ҳатман бояд иҷозати волидонро дошта бошад. Гулноз дар ин 18 соли умраш ҳеҷ гоҳ берун аз Тоҷикистон нарафтааст ва ба фарқ аз ҳамсолони аврупоиаш дискоклубро танҳо дар телевизион дидааст. Баландтарин макони тафреҳ барои ӯву дӯстонаш базмҳои арӯсии наздиконаш аст.

Ӯ мегӯяд, дар асл як шахси вобаста, ноозод ва зери назорат аст ва аз ҳамин хотир ҳам мегӯяд, духтар будан хеле душвор аст ва баъзан орзу мекунад, ки писар бошад: “Ба ҳар кори мо дахолат мекунанд. Мо дар оила ду духтарем, ҳарду ҳам таҳти назорати бародараму падару модар ҳастем. Ҳатто вақте ба хонаи амак ё тағо меҳмонӣ равем, ҳатман боз ба он хона занг зада мепурсанд, ки мо расидем, ё не. Дар либоспушӣ ҳам ҳамин тавр. Барои онҳо гап ва баҳои мардум аз хушҳолии мо муҳимтар аст.”

"Ҳалқаву ангуштариамро фурӯхтаму..."

Гулноз имрӯз дар бахши ғоибонаи Донишгоҳи миллӣ таҳсил дорад ва барои пардохти харҷи таҳсил бояд кор кунад. Вай мегӯяд, агар дар хона имкони молӣ беҳтар мебуд, волидонаш ҳеҷ гоҳ иҷозати кор намедоданд. Вай мегӯяд, ҳақ барои таҳсил дар донишгоҳро ҳам ба сахтӣ ва зориву таваллои зиёд соҳиб шудааст.

Хоҳарбузурги Гулноз ба қоидаҳои хона тан дод ва бо хости бародару падар аз орзуи таҳсил дар донишгоҳ даст кашид. То ҳол пушаймон аст, вале худро таскин медиҳад, ки бо ин кори худ падарро наранҷонд. Гулноз мегӯяд, хеле талош кард, ки мисли хоҳараш ноком нашавад: “Ман ангуштарӣ ва ҳалқаамро фурӯхтаму дар як марказ рафта, забони англисӣ омӯхтам. Барои дарси иловагӣ дар фанҳои дигар шароит надоштам ва дар хона бисёр мехондам. Дар бахши буҷавӣ дохил шудам ва талошҳоям бенатиҷа набуд”. Гулноз дар дӯкони яке аз бозорҳои пойтахт ба ҳайси ёвар ва хоҳараш дар як фурӯшгоҳи дигар кор мекунанд.

Ӯ мегӯяд, дар хонаводаи ӯ ва аксар дугонаҳояш баррасии мавзӯи кору нияту орзуҳо мушкилоти маънавӣ ва равонӣ ба дунбол дорад, чунки аксаран аъзои калонсоли оила ва бахусус мардон дахолат карда, талош мекунанд, орзуву хаёлҳои озоди онҳоро саркӯб намоянд. Вай мегӯяд, танҳо нафаре, ки гоҳе монеи ин маҳдудиятҳо мешавад, модараш аст, чунки дар замони Шӯравӣ бузург шуда, зиндагии нисбатан озодтарро дидааст. Ахиран телефони Гулноз ҳам бо талоши модар аз тафтишҳои пайвастаи бародар озод шуд.

"Бисёр мехостам, ки писар бошам"

Даҳҳо духтар дар хонаводаҳои тоҷик, сарнавишти Гулнозро доранд. Дар рӯзи ҷаҳонии духтарон, ки 11-уми октябр дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, бисёр духтарони тоҷик эътироф мекунанд, ки зери заррабини ҷомеа ва хонавода қарор доранду худро озод эҳсос намекунанд. Ба ин далел ҳам Муҳина, як мусоҳиби 16-солаи мо мегӯяд, борҳо дар зиндагӣ бо ҳавас ба зиндагии озодтари писарон, орзуи писар таваллуд шуданро кардааст.

Духтарҳо набояд аз касе биноланд. Шояд монеаҳо бошад, таҳдиди оқ шудан ҳам, аммо падару модаре, ки фарзандро дӯст медораду хушбахтии ӯро мехоҳад, билохира ӯро дарк мекунад

“Ҳар боре модарам маҷбур мекард, хонаро тоза кунаму косаҳоро бишӯям, сахт мехостам писар бошам. Онҳо маҷбур нестанд, ин корҳоро кунанд. Ба онҳо иҷоза ҳаст, куҷое хоҳанд ва ҳар вақте хостанд, бираванд. Барои мо ин иҷоза нест”, - гуфт ӯ.

Аксари духтарон мегӯянд, ба онҳо аз хурдӣ талқин мешавад, ки духтар бояд боиффату баномус бошад ва агар обрӯяшро бурд, сари ҳамаро дар хона хам мекунад. Айни замон, бародарон, ки дар хона ҳамчун ҳомии обрӯи хоҳарон бузург мешаванд, ҳақиқати худро доранд. Низом се хоҳар дорад ва мегӯяд, ки ҷомеа хеле фасодзада шудааст ва худро масъули ҳифзи шарафи хоҳаронаш медонад.

"Як бор овоза, ки шуд..."

Ӯ гуфт, “ҳозир бисёр мешунавем, ки духтарҳо бероҳа мешаванд ё ба доми фиреб меафтанд ё духтардуздӣ ҳам зиёд аст. Ҷомеа ҳамин хел аст, овозаву дарвоза мешавад ва дигар обрӯву зиндагии як духтар ё як хонавода ба ҳам мезанад. Камтар сахтгирӣ накунӣ ҳам, намешавад”. Нозим мегӯяд, барои ӯ обрӯи хоҳар муҳимтар аз хосту орзуҳояш аст.

Фаъолони ҷомеаи маданӣ мегӯянд, бисёр вақт таассуб ва мафкураи мардсолор ба рушди зеҳниву фикрӣ ва кории духтарони тоҷик монеъ мешавад, озодиҳои онҳо маҳдуд ва сатҳи саводу маърифати онҳо ҳам поин меравад. Духтароне, ки бидуни нигарониву тарс зидди монеаҳои хонаводаву афкори ҷомеа амал мекунанд, зиёд нестанд.

Шоираи маъруф Гулрухсор Сафиева, ки замони Шӯравӣ аз як деҳаи дурдасте ба Душанбе омада, қолабшиканӣ кард, имрӯз ҳам бо ҷасорати зеҳниаш фарқ мекунад. Ӯ гуфт, дар асл ҳама кор дар дасти худи духтарон аст, агар онҳо мехоҳанд зиндагии худро тағйир диҳанд, ҳатман ба ҳадаф мерасанд.

"На фақат монеаҳо, балки даҳшатҳо буд"

Гулрухсор Сафиева (Гулрухсори Сафӣ)

Гулрухсор бо ёдоварӣ аз даврони наврасии худ мегӯяд, танҳо духтаре буд, ки байни як гурӯҳи калони писарон дар хона-интернат таҳсил кард ва ба шаҳр омад. Барои ин ба гуфтаи Гулрухсор падари ӯ ва худаш борҳо таҳқиру таҳдид ҳам шунидаанд. “Ман хостам. Гап дар хостан аст. Об дар даруни коса вайрон мешавад. Монеаҳо не, даҳшатҳо буд дар пеши роҳ. Вале ҳар кас қисматашро худаш месозад. Падари ман фаҳмид, ки маро бояд аз он муҳит берун орад. Духтарҳо набояд аз касе биноланд. Шояд монеаҳо бошад, таҳдиди оқ шудан ҳам, аммо падару модаре, ки фарзандро дӯст медораду хушбахтии ӯро мехоҳад, билохира ӯро дарк мекунад”, - нақл кард ӯ.

Дафтари нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид бо пахши гузорише ба муносибати рӯзи ҷаҳонии духтарон 11-уми октябр гуфт, монеаҳои сунъӣ ҳамоно пеши роҳи рушди зеҳниву маънавии духтарон дар ҷомеаҳои суннатӣ мешавад. Як гарави муҳими пешрафти занон дар ҷомеа – имкони таҳсилу донишӯмӯзӣ ва кор дар ҷомеаи озод аст, ки дар ниҳоят барои пешрафти ҷомеа ҳам мусоидат мекунад.