Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари президент аз сояи шавҳар берун мешавад


5 сентябр, фурудгоҳи Бишкек. Президенти Узбакистон ва ҳамсараш нахустин бор дар ин мақом вориди Қирғизистон шуданд. Акс аз сайти president.kg
5 сентябр, фурудгоҳи Бишкек. Президенти Узбакистон ва ҳамсараш нахустин бор дар ин мақом вориди Қирғизистон шуданд. Акс аз сайти president.kg

Дар лаҳзаҳои истиқболи гарми президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва муаррифии аъзои ҳукумати президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 5 сентябр дар Бишкек, дурбини наворбардорон беихтиёр меҳмони баландпояи дигари ин маросим - Зироатхон Ҳошимоваро ҳам намоиш доданд: бонуи миёнасоли хушсурате бо либоси аврупоӣ дар канори бонуи аввали Қирғизистон – Раиса Отамбоева гарм пазироӣ шуд. Аксари тамошобинон сурати зебову боназокати ҳамсари президенти Узбакистонро баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле баррасиву ситоиш карданд.

Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар охири соли гузашта,

Мирзиёев, ки дар оилаи духтур бузург шудааст, дар баробари авлоди духтар аз назари мақому мартаба поинтар буд. Шояд ҳам ҳамин сабаб шуд, ки Зироатхон баъди издивоҷ фамилияи падарии худро ҳифз кард

ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Осиёи Марказӣ на фақат бо раҳбари нави Узбакистон, балки бо ҳамсари ӯ аз наздик шинос мешавад. Аксар нозирон мегӯяд, Зироатхон Ҳошимова қолаби замони Каримовро, ки дар аҳди ӯ ҳамсари мақомдор нонамоён буд, шикаст ва аз сояи шавҳар берун шуд. Бархе коршиносон мегӯянд, Зироатхон Ҳошимова метавонад дар фурсати наздик аз худ ба ҳайси як фаъоли ҷамъиятӣ ҳам дарак диҳад.

Ҳамсари маъруфу ноошнои Мирзиёв

Чеҳраи ҳамсари президенти Узбакистон бори аввал дар аксҳои рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 дар Тошканд нашр шуд. Маълум нест, ки Зироатхон Ҳошимова чанд сол дорад, вале сиёсатшинос Тошпӯлод Юлдошев, ки хонаводаи ӯро мешиносад, гуфт, ӯ дар як оилаи суннативу муҳофизакор ва сарватманде дар Қӯқанд, вилояти Фарғона бузург шудааст.

4 декабри соли 2016, интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон
4 декабри соли 2016, интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон

Юлдошев гуфт, Ҳошимовҳо дар фазои эҳтиром ба арзишҳои милливу мазҳабӣ бузург шуда, айни замон, бисёр одамони замонавӣ буданд. Шиносоии Зироатхон бо ҳамсараш Шавкат Мирзиёев дар Донишгоҳи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқ дар Тошканд сурат гирифт: “Зироатхон донишҷӯи аълохон буд. Он замон Шавкат Мирзиёев ӯро ба кори Кумитаи комсомоли донишгоҳ ҷалб кард. Онҳо дар ҳамин муҳит шинос шуда баъдан оила барпо кардаанд”.

Зироатхон Ҳошимова аз рӯи ихтисос муҳандис ва энергетик аст ва давоми солҳои баъдидонишҷӯӣ аз рӯи ихтисосаш кор кардаст. Вале ба гуфтаи Тошпӯлод Юлдошев, тамоми солҳое, ки ҳамсараш дар ҳукумати Каримов кор кардааст, қоидаи бозиро хуб риоя кард:

“Худро ба он хотир намоиш намедод, ки Каримов инро намехост. Ҳар касе, ки каме фаъолтар мешуд - ҳамсарон ва ҳатто худи мақомдорон, он шахс аз мақом берун мешуд. Зиёратхон тамоми корро кард, ки нонамоён бошад”.

Юлдошев гуфт, Ҳошимова як зани рӯшанфикр ва донишманд аст, вале тамоми умр бештар нақши ҳамсари мақомдорро бозӣ кардааст. Аз рӯи маълумоти расмии биографияи Мирзиёв, Ҳошимова хонанишин аст.

“Баъди пирӯзии Мирзиёв дар интихобот ҳамсараш шахсан рафту шоираи маъруфи Узбакистон Ҳалима Худойбердиеваро зиёрат кард. Давоми 23 соли охир ин шоира ҳақи нашри китоб, баромад дар мазҳари ом ва телевизионро надошт. Ҳамсари президент рафту як шахси беруншуда аз саҳнаро дар хонааш зиёрат кард. Худодйбердиева баъди ин дар телевизион баромад кард. Ҳамсари ӯ Мавлон Умурзуқов, як шахси донишманд ва зиндонии сиёсӣ буд. Ӯро пурра сафед карданд”.

Як дӯсти замони кӯдакии Зироатхон Дилфуза, ки дар Амрико ба сар мебарад, гуфтааст, Мирзиёев, ки дар оилаи духтур бузург шудааст, дар баробари авлоди духтар аз назари мақому мартаба поинтар буд. Шояд ҳам ҳамин сабаб шуд, ки Зироатхон баъди издивоҷ фамилияи падарии худро ҳифз кард. Ҳоло ӯ модари се фарзанд – ду духтару як писар (Шаҳноза, Саида ва Даврон) буда, хоҳарзодааш Диёра – то ду соли пеш келини хонадони як соҳибкори маъруф Алишер Усмонов буд.

Ҳошимова ҳеҷ гоҳ ба умури давлатӣ дахолат накардааст

Аксар шореҳон мегӯянд, Зироатхон Ҳошимова аз шумули занонест, ки нақши як зани шарқӣ ва ёвари ҳамсарро бозӣ кардааст. Виктория Панфилова, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар “Независимая газета” гуфт, ҳамсари Мирзиёев нахустин ҳамсари президенти ин минтақа шуд, ки дар борааш ҳамчун як бонуи зебо ва хушзавқ сӯҳбат мешавад. “Ҳошимова ҳеҷ гоҳ ба умури давлатӣ дахолат накардааст, дар ҳоле, ки ҳамсари президент Ислом Каримов – Татянаро бо вуҷуди нонамо буданаш як “кардинали пасипардагӣ”-и сиёсат ва иқтисоди Узбакистон меномиданд. Ӯ дар сафарҳои корӣ ҳамсарашро хеле кам ҳамроҳӣ мекард”.

Ӯ мегӯяд, то ин замон дар Осиёи Марказӣ танҳо ҳамсари Аскар Оқоев, президенти собиқи Қирғизистон Майрам Оқоева ба ҳайси як фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсатмадор кор кардааст. Ба гуфтаи Панфилова, “Майрам Оқоева дар садри як бунёди байналмилалии хайрияи “Мээрим” буду президенти Анҷумани мактаб ва клубҳои ЮНЕСКО дар Қирғизистон. Соли 2001 китоби “Ситораҳои илм”-ро нашр кард. Ӯ инчунин дар сиёсати кадрии ҳукумат нақши муҳим мебозид. Дар муқоиса бо ӯ, феълан мешавад гуфт, ки ҳамсари президенти Узбакистон дар сояи ҳамсараш боқӣ мемонад”.

Бонуи аввал – фарҳанги сиёсати Ғарб

Фарҳанги ба ҳамсари президент мансуб донистани мақоми ифтихории «бонуи аввал» дар қарни 18 дар ИМА пайдо шуд ва то имрӯз идома дорад. Дар таърихи ИМА ҳамсарони президентҳоии зиёди амрикоӣ тавонистанд аз худ ба ҳайси пешвоҳои фаъоли ҷамъиятӣ дарак диҳанд: Элеонора Рузвелт, Жаклин Кеннедӣ, Ҳилларӣ Клинтон, Мишел Обама танҳо чанд намунаеанд, ки исмашон дар таърих боқӣ мондааст.

Фарҳанги намоишкории бонуи аввал дар Иттиҳоди Шӯравӣ роиҷ набуд ва бори нахуст ин суннатро Раиса Горбачева шикаст. Ҳамсари президенти аввалину охирини СССР Михаил Горбачев дар миёнаҳои солҳои 1980-уми замони «Перестройка» қолабшиканӣ кард ва ба ҷаҳониён, бахусус Ғарб нишон дод, ки ҳамсарони раҳбарони шӯравӣ ҳам шахсият ҳастанд.

Зимнан, дар як мусоҳибааш бо нашрияи русӣ Майрам Оқоева, ҳамсари президенти собиқи Қирғизистон гуфта буд, ки дар зиндагиву кори ӯ Раиса Горбачева намунаи ибрат буд.

Георгий Саттаров, президенти бунёди «Индем» дар Маскав мегӯяд, баъди Раиса Горбачева то имрӯз дар давлатдории Русия дигар ҳеҷ зане набуд, ки мисли ӯ як пешвову рӯшанфикр бошад:

«Ҳамонгуна ки Михаил Горбачев аз сиёсатмадорони пиронсоли ҳамкораш фарқ мекард, ҳамсараш Раиса Горбачева як шахсияти ғайримуқаррарӣ буд. Ӯ як зани донишманди замонавӣ буд. Бархе бо ӯ ифтихор мекарданд, дигарҳо ба хашм мегуфтанд, ки рафтори ӯ бамеъёрҳои қабулшудаи шӯравӣ ҷавобгӯ нест. Ҳоло барои Русия шояд як қолабшикани нави дигар зарур аст. Вале нақши бонуи аввал дар ҳама кишварҳо мувофиқ ба суннату фарҳангҳои миллиашон фарқ мекунад».

"Вазифаи ҳамсар - муроқибат аз фарзандон ва президент"

Ин андешаро коршиносони дигар ҳам дар мисоли Тоҷикистону Қазоқистон ва Туркманистон тасдиқ мекунанд. Ҳамсари президент Эмомалӣ Раҳмон – Азизамоҳ Раҳмонова, модари 9 фарзанд, ҳамеша талош кардааст аз чашми матбуот дур бошад ва имиҷи як зани суннатии миллиро ҳифз кунад. Танҳо дар чанд маврид – сафараш ба Малайзия ваё пазироии президенти Чин ва хонумаш дар Душанбе Азизамоҳ Раҳмоноваро расонаҳо аз наздик бо либоси миллӣ ва дар ҳалқаи хонаводааш намоиш доданд. Мегӯянд, дар як мулоқот бо соҳибкорон дар соли 2013 ба пешниҳоди нафаре дар бораи «раҳбари анҷумани соҳибкорони тоҷик таъин кардани ҳамсари президенти Тоҷикистон», Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, вазифаи ҳамсараш муроқибат аз фарзандон ва президент аст, "худи ҳамин давлати калон".

Соли 2014. Президенти Чин ва ҳамсараш дар меҳмонии президенти Тоҷикистон ва ҳамсараш
Соли 2014. Президенти Чин ва ҳамсараш дар меҳмонии президенти Тоҷикистон ва ҳамсараш

Дар бораи оилаи президенти Туркманистон ба ҷуз акси овоздиҳии якҷояаш бо модару ҳамсару фарзандон дар соли 2017 иттилои дигар дар даст нест.

Ҳамингуна ҳамсари Нурсултон Назарбоев Сара Алписовна Назарбоева ҳам ҳамеша дар сояи шавҳар буд ва нақши фаъолро бештар духтараш Дариға бозидааст. Ҳамонтавре, ки дар Узбакистон духтари калонии Каримов - Гулнора як шахси серкору садри маърака буд ва ҳатто ҷойгузини падар ҳам пешгӯӣ мешуд. Вале ҳоло ӯ дар ҳабс асту дар фасоди моливу азхудкунии пулҳо муттаҳам мешавад.

Нақши ҳамсар ва фарзанди президент ҳам бомасъулият аст

Ҷон Ҳезершоу, як муҳаққиқи масоили Осиёи Миёна дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Лондон мегӯяд, дар ҷомеаҳои ин кишварҳо нашри маълумот дар бораи аъзои оилаи президентон хеле кам иттифоқ меафтад ва танҳо дар мисоли Қирғизистони даврони Оқоев ва баъди он матолиби интиқодӣ дар заминаи фаъолияти ҳамсар ва фарзандонаш чоп шудааст. Вай мегӯяд, маъмулан, ҷомеа ба намуди зоҳирии ҳамсару духтарони президент, зебоиву намоишкориҳои онҳо таваҷҷӯҳ мекунанд, дар ҳоле, ки бисёр вақт ин хонумҳову духтарҳо дар пушти парда бо тиҷорату азхудкунии пулҳо ва дигар корҳои ғайриқонунӣ машғул мешаванд.

Духтарҳои Каримов - Гулнора ва Лола
Духтарҳои Каримов - Гулнора ва Лола

«Дар ҳоле, ки падар ё шавҳарони онҳо давлатро назорат мекунад, онҳо дар пушташон миллионҳо доллар пул кор мекунанд. Гулнора Каримова як мисоли классикӣ аст. Гулнора як шахсияти зебопараст буд, дар рӯи саҳна баромада овозхонӣ мекард, тарроҳ буд, як намунаи зебоии миллии ин кишвар буд. Вале ин дурӯягиро ҳама медонистанду хуш надоштанд, чунки медонистанд, ки тамоми дороиву шӯҳраташ аз пушти падар ба даст омадааст».

Аксар таҳлилгарон мегӯянд, нақши ҳамсар ва дигар аъзои оилаи президентон баробар бо хеле баланду ифтихорӣ буданаш, хеле бомасъулиятаст. Ҳамонгуна, ки ба кору кирдори раҳбарон баҳо медиҳанд, аҳли ҷомеа рафтори наздикони онҳоро ҳам қазоват мекунад ва вақте президенти шавҳар ё падар аз минбари баланд дар бораи ормонҳои баланду арзишҳои муқаддас сӯҳбат мекунад, ҷомеа риояи ин ҳамаро пеш аз ҳама аз ҳамсару фарзандонаш тақозо мекунад, то ки ба самимияти раҳбари кишвар эътимод кунад.

XS
SM
MD
LG