Тамошои духтарони зебову қоматбаланд дар саҳнаҳои бузургу озмунҳои зебоии ҷаҳон ва орзуи соҳиби тоҷи зебоӣ шудан, бархе наврасони тоҷикро ба “мактаби моделҳои наврас” бурдааст. Ин имконро барои хоҳишмандон як соли пеш студияи рақсии “Новая эра” фароҳам кард.
Лола ҳамагӣ чоруним сол дорад ва яке аз хурдтарин ширкатдорони ин маҳфил аст. Ӯ барои амали кардани орзуяш ҳафтае се рӯз ба “мактаби моделҳои наврас” меравад, то ҳаракатҳои мавзуну роҳ рафтан дар саҳнаҳои бузург ва санъати суханвариро омӯзад. Лола умед дорад рӯзе ин талошҳояш ӯро аз остонаи ин маҳфил то ба саҳнаҳои баланди муд мебарад ва орзуҳои кӯдакиашро амалӣ мекунад.
Ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо духтари тоҷик симои зебову истеъдоди нақшофарӣ доранд ва метавонанд бо қаду қомати боло саҳнаҳои зебоии ҷаҳонро тасхир кунанд.
Ҳарчанд Лола бо зеҳни кӯчакаш дар бораи чеҳраҳои шинохтаи олами муд ва ё зебосанамҳои маъруфи ҷаҳон маълумоти зиёд надорад, вале ӯро зебогиву роҳ рафтанҳои бо назокати онҳо, ба омӯзиши ин ҳунар бурд. Тавре худаш ҳам мегӯяд, зебо будану зебо роҳ рафтанро дӯст медорад.
Дар баробари Лола чанд тани дигар ҳам дар ин мактаб ҳунари зебо будану модел шуданро меомӯзанд. Нозанин Ёқубова, яке дигар шогирдони ин маҳфил дар синфи ҳаштум таҳсил мекунад, вале зоҳиран дар қаду қомат ва зебоӣ ба як модели ҳирфаӣ монанд аст. Ӯ мегӯяд, аз хурди ба Тайра Бэнкс, яке аз зебосанамҳои амрикоӣ пайварӣ мекард ва дилбастагияш ба ин ҳунар низ маҳз ин чеҳраи муд будааст. Нозанин орзу дорад сафи зебосанамҳо аз ҳисоби духтарони тоҷик ҳам бештар шавад ва андешаҳои шахшудаи бархеҳо дар бораи намоиши зебоии занон, аз байн равад.
Комёбиҳои бархе аз моделҳои тоҷик дар озмунҳои байналмиллалӣ дар ду соли соли ахир, таваҷҷуҳи наврасони то 16-солаи тоҷикро низ ба ин ҳунар бештар кардааст. Ин имконро барои хоҳишмандон як соли пеш студияи рақсии “Новая эра” фароҳам кард.
Муноҷот Усмонова, яке аз аввалин хатмкардаҳои ин мактаб аст, ки ҳоло ба ҳайси мураббӣ ба хоҳишмандони ин маҳфил дарс мегӯяд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аллакай чанд тан аз хатмкардаҳои “мактаби моделҳои наврас” дар озмунҳои зебоии ҷаҳон ширкат ва ҳатто бо ҷоиза ба Тоҷикистон баргаштанд.
Аввали моҳи сентябр зебосанамҳои ин мактаб дар ҷашнвораи Пер Карден -- Miss World Asia Beauty, ки дар Остона баргузор шуд, се ҷоиза ба даст оварданд. Зумрат Боқиеваи 27 сола -- намояндаи мактаби модели "Новая Эра" мақоми аввал ва Гран-прии ҷашнввораро соҳиб шуд. Амалия Ҷӯраеваи 13-сола бошад, дар бахши наврасон, сазовори унвони "топ-мудели ҷашнвора" шуд. Miss World Asia Beauty-озмуни зебоӣ мебошад, ки ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мешавад.
Ҳоло на ҳама хонаводаҳо дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ин ҳунарро хуш қабул доранд ва на ҳама волидон иҷоза медиҳанд духтаронашон аз саҳнаҳои бузурги муд зебоии худро намоиш диҳанд. Ҳоло дар ин мактаб аксаран наврасоне омӯзиш мегиранд, ки дар хонаводаҳои замонавӣ бузург шудаанд ва мардони хона, ба озодии занон эҳтиром қоиланд.
Муноҷот Усмонова мегӯяд, хоҳишмандон дар ин мактаб се моҳ омӯзиш мегиранд ва баъди хатми он, соҳиби шаҳодатнома мешаванд. Хоҳишмандон дар мактаб, метавонанд, ҳамчунин ҳунари суханварӣ, маҳорати актёрӣ ва ҳам ҳунари рақсро аз худ кунанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо духтари тоҷик симои зебову истеъдоди нақшофарӣ доранд ва метавонанд бо қаду қомати боло саҳнаҳои зебоии ҷаҳонро тасхир кунанд. Аммо ба хотири нигоҳ доштани оилаи суннатии хеш аз ин кор даст мекашанд ва симои зебои худро бар ивази хидмат ба шавҳару хонавода ва тарбияи фарзанд, ба қавле, "қурбонӣ мекунанд".
Дар миёни комёбиҳои моделҳои тоҷик дар озмунҳои байналмиллалӣ пирӯзии Парвина Саидова дар озмуни “Маликаи зебоии ҷаҳон” (Miss World Beauty) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар моҳи ноябри соли гузашта чашмрас аст. Вале зоҳиран ин модари панҷ фарзанд баъди арӯсӣ фаъолиятҳои моделии худро дар Тоҷикистон маҳдуд кардааст.
Дар Тоҷикистон бизнеси моделҳо васеъ ва даромади онҳо аз кор дар бозори рекламаву тафреҳ, чандон баланд нест. Ҳамчунон дар Тоҷикистон маҷаллаҳои махсуси таблиғкунандаи зебоиву мӯд нашр намешаванд, ки дар кишварҳои дигар як мояи даромади моделу ширкатҳои мухталиф мебошанд.
Вале онҳое ҳам, ки мехоҳанд, ин ҳунарро ба таври ҳирфавӣ омӯзанд, мегӯянд, ҳадафашон танҳо даромади маблағ аз ин роҳ нест, балки мехоҳанд каме ҳам бошад дар шикастани қолабҳои шахшуда ва тағйири андешаҳои кӯҳна саҳм бигиранд.