Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Баҳои хуб аз шумо – тӯй аз мо” Ваъдаи ғайриодӣ ба духтарони тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҳбарияти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба духтарони донишҷӯ ваъда додааст, ки дар сурати таҳсили хубу рафтори намунавӣ дар ташкил ва баргузории тӯяшон кумак хоҳад кард. Онҳо рӯзи 10-уми сентябр гуфтанд, ин ташвиқ танҳо ба хотири ҷалби бештари духтарон ба таҳсил сурат мегирад.

  • Аммо бархе аз ҷомеашиносон мегӯянд, беҳтар буд, ки мақомот роҳҳои дигари ҷалби духтарон ба таҳсилро баррасӣ ва ҷиддан пайгирӣ кунанд.
Медонед, ин пешниҳоди сирф тоҷикона аст. Вақте инро шунидам, дар зеҳнам ин ҳарфҳо пайдо шуд, ки як падар ба духтараш мегӯяд, “хуб хон, ман бароят фалон чизро харида медиҳам”

Бори аввал ваъдаи ташкили тӯйи духтарони донишҷӯ аз забони Ҳамидуллохон Фақиров, раиси Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, дар аввали моҳи сентябр садо дод. Фақиров дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҳам гуфт, дар маҷмӯъ, донишгоҳи зери раҳбарии ӯ барои ҳавасманд кардани донишҷӯён аз чораҳои гуногун кор мегирад ва якеаш ваъдаи баргузории тӯйи духтарон аст.

“Вақте донишҷӯ ба донишгоҳ меояд, мисли фарзанди мост. Барои ҳамин таъкид кардам, ки бигзор вақти худро сарфи таҳсил кунанд ва дар бораи издивоҷ зиёд андеша накунанд”, - афзуд ӯ.

Ҳамидуллохон Фақиров
Ҳамидуллохон Фақиров

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бисёр ҳолатҳое мешавад, ки духтарони болаёқату равшанфикр танҳо ба хотири барномаи зиндагиашон таҳсилро нотамом гузошта, аз пайи оиладорӣ мешаванд. Даъвати раҳбарияти Донишгоҳи тиҷорат дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми августи имсол бо як супориши президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мақомоти маҳаллӣ тӯйи арӯсии ду мутахассиси ҷавон – омӯзгори мактаб ва ҳамшираи шафқатро барпо карданд. Шарти арӯс Марҷона Худойдодова дар баробари домод Саидшо Асроров - имкони кор дар муассисаи тиббии маҳаллӣ буд.

Ин ҳодисаи бесобиқа мавриди таваҷҷӯҳи на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки расонаҳои хориҷӣ ҳам гардид. Ҳарчанд бархе гуфтанд, ки ин ҳодиса дахолати рӯшани мақомот ба ҳаёти шахсии ҷавонон буд, бахусус дар ҳоле ки арӯс пеш аз издивоҷ бо домод якдигарро надида буданд.

Саидшо Асроров ва Марҷона Худойдодова
Саидшо Асроров ва Марҷона Худойдодова

Дар ҳоле ки пешниҳоди ғайримуқаррарии ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро бархе бо шубҳа қабул карданд, баъзе духтарони донишҷӯи ин муассиса аз ин ташаббус пуштибонӣ карданд. Сабрина, яке аз ҷонибдорони таҳсили духтарон аст. Ӯ мегӯяд, ки амалӣ шудани ин ваъда имкон хоҳад дод, духтарон аз идомаи таҳсил дар донишгоҳ даст накашанд.

Вале Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик пешниҳоди раҳбарияти Донишгоҳи тиҷоратро ба донишҷӯдухтарон як ваъдаи “сирф тоҷикона” ном бурд ва гуфт, беҳтар буд, роҳҳои дигари ҳавасмандгаронии духтарон аз ҷумла идомаи таҳсил дар аспирантураро роҳандозӣ кунанд. “Медонед, ин як пешниҳоди сирф тоҷикона аст. Вақте ман инро шунидам, дар зеҳнам ин ҳарфҳо пайдо шуд: як падар ба духтараш мегӯяд, “хуб хон, ман бароят фалон чизро харида медиҳам”. Ин пешниҳод низ ҳамингуна ба назар мерасад”, - афзуд ӯ.

Марям Давлатова
Марям Давлатова

Марям Давлатова мегӯяд, ҳоло бозори издивоҷ дар шаҳру деҳот шартҳои худро дорад ва бо онки солҳои ахир бозори духтарони таҳсилдида гармтар шудааст, ҳанӯз ҳолатҳое дида мешавад, ки духтари таҳсилкарда ба хотири онки барои таҳсил дар донишгоҳ аз ҳамсолонаш қафо мондааст, дар пайдо кардани шавҳар мушкилӣ мекашад.

Қонунҳои Тоҷикистон ба духтарони 18 ва ба писарони 19-сола ҳаққи барпо кардани оиларо додааст. Вале омори расмии Тоҷикистон баёнгари он аст, ки соли 2016 синни миёнаи издивоҷ барои писарҳо 24 ва барои духтарҳои тоҷик 20 солро ташкил додааст. Пажӯҳишгарони масоили гендерӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ба таҳсили духтарҳо дар мактабу муассисаҳои олӣ, аз ҷумла тавассути роҳандозии барномаи квотаи таҳсил барои духтарони деҳот (шурӯъ аз соли 2001) таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда ва солона то 1000 духтари деҳотӣ тариқи квота ба донишгоҳҳо роҳ меёбанд.

Назорат аз ҳузури шогирдон дар мактабҳо ҷиддан ба роҳ монда шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, ба иттилои “Пажӯҳиши гендерии Тоҷикистон” дар соли 2016, ки аз ҷониби муҳаққиқони Бонки Осиёии Рушд анҷом шудааст, аксар духтарҳо дар фишори афзоянда ба сар мебаранд ва дар бархе манотиқ духтарҳои таҳсилкардаи 22-23-сола “дигар ҳамчун номзадҳои хуб” арзёбӣ намешаванд.

Тибқи як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон камтар аз 30 дарсади донишҷӯҳоро духтарон ташкил дода, дар маҷмӯъ донишҷӯёни тоҷик нисбат ба насли пешин ду баробар бештар мактабҳои олиро нотамом мегузоштаанд.

Пажӯҳишгарони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, монеаи аслии гирифтани маълумоти олӣ дар Тоҷикистон барои ҷавонон ба мавқеи ҷуғрофӣ, нобаробарии ҷинсӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо вобаста аст. Шумори духтарҳо дар зинаи миёнаи таҳсил – дар ҳунаристонҳои кишвар, коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббиву дӯзандагӣ, пазандагиву омӯзгорӣ ва дигарҳо ду баробар бештар назар ба писарҳо буда аз 10 нафарашон 6-7 нафарашонро духтарҳо ташкил медиҳанд. Ин ҳам ба он хотир, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ин касбу корҳо фардо дар зиндагии оилавиву хусусии онҳо кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG