Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Киберҷинояткорон" даҳҳо духтари тоҷикро дар "Инстаграм" бадном карданд. ВИДЕО


Ахиран даҳ тан аз духтарони ҷавон нисбати аъмоли афроде, ки бо пахши аксҳои онҳо дар саҳифае бо номи “фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар "Инстаграм" ин духтаронро бадном кардаанд, ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ариза навиштанд.

Ҷабрдидаҳо мегӯянд, ин афрод аз аксҳои онҳо дар "Фейсбук", "Инстаграм" ва "Одноклассники" нусха бардошта, на танҳо дар саҳифаҳои бадномкунанде мисли “фоиҳшаҳои Тоҷикистон” нашр карданд, балки бо пахши шарҳҳои таҳқиромез, ба обрӯи онҳо зарба задаанд.

Теъдоди саҳифаҳои “бесензура”дар "Инстаграм"-и тоҷикӣ хеле зиёд аст. Ҳоло танҳо яке аз онҳо дар байни ҷавонон машҳур аст, ки зиёда аз сад аксу видео нашр кардааст ва шумораи пайравонаш ба 8 ҳазор расидааст.

Ин духтарон асосан донишҷӯён ва коргарон ҳастанд, ки ахиран аксҳои худро дар "Инстаграм" пайдо карданд ва мавриди “шантаж”-у таҳқир қарор гирифтанд. Аз баъзе духтарон ба ивази берун кардани аксҳо, пул талаб шудааст. Баъзе духтарон ба хадамоти "Инстаграм" шикоят фиристоданд ва саҳифа барои чанд рӯз масдуд шуд, вале боз дубора бо номи дигар ба кор даромад.

Ин гурӯҳ кист?

Ин духтарон мегӯянд, аъзои гурӯҳи бадкор, ки аз рӯи шеваи навишт шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, аксҳои онҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дуздиданд. Ҷабрдидагон мегӯянд, ҳоло дар вазъе гирифторнад, духтари “сабукпо” набудани худро бояд ба ҳама исбот кунанд. Бародарон ва падарони ҷабрдидаҳо гурӯҳи хилофкорро, ки ҳайсияти духтарони бегуноҳро зери суол бурдааст, бо роҳи худ ҷустуҷӯ мекунанд. Духтарон барои кӯмак ба вазорати дохилии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Фарангис, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, яке аз ҳамин ҷабрдидаҳо аст, ки аксҳояш дар саҳифаҳои бадномкунанда пайдо шуданд. Ин духтар, ки корманди яке аз муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе аст ва миёни дӯстону наздикон обрӯву мақом дорад, аз ин нороҳат аст, ки аксҳои пур аз дашному ҳақоратро шояд дӯстону шиносҳояш низ бубинанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Киберҷинояткорон" даҳҳо духтари тоҷикро дар "Инстаграм" бадном карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Ӯ мегӯяд, "як сол пеш ҳам ҳамин гуна саҳифа буд, онро духтари шонздаҳсолае пешниҳод мекард. Ин духтар мегуфт, "ман мехоҳам онҳоро муҷозот кунам". Аз симои ин духтар маълум буд, ки ӯ аз дунё нороҳат аст. Як нафар тавонист ӯро ошкор кунанд. Ин духтар далел пеш овардааст, ки "бале, ба ман ин духтарҳо маъқул нестанд, онҳо маро озор медиҳанд бо буданашон! Ман хостам онҳоро паст задам".

"Шумораи зиёди сафҳаҳо дар берун сабт шудаанд"

Теъдоди саҳифаҳои “бесензура”дар "Инстаграм"-и тоҷикӣ хеле зиёд аст. Ҳоло танҳо яке аз онҳо дар байни ҷавонон машҳур аст, ки зиёда аз сад аксу видео нашр кардааст ва шумораи пайравонаш ба 8 ҳазор расидааст. Бисёр пайравони саҳифаи ӯ духтарону писарони ноболиғ мебошанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки шумораи шикояткунандаҳо аз таъқиб дар "Инстаграм" зиёд аст. Умарҷони Эмомалӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "нисбати даҳ ҳолати пахши аксҳои фаҳши духтарони болиғу ноболиғ ба вазорати корҳои дохилӣ аризаҳо ворид шудаст. Ҳангоми ошкор кардани ҳуввияти модераторҳои саҳифаҳои мазкур, ки шуморааш зиёда аз даҳ нафар аст, аз рӯи IP дар давлатҳои хориҷа сабт шудаанд."

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки мавриди тавҳини ин гуна шахсон афтодаанд, ҳатман бояд бо вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ кунанд. Зеро ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, "ҳатто бисёре аз ҷабрдидаҳо маблағи таъйинкардаи модераторони саҳифаҳоро ба дигар давлат фиристоданд."

"Барои мардон нанговар аст"

Дар муқобили саҳифаҳое бадномкунандае мисли “фоҳишаҳои ТҶ” дар "Инстаграм" саҳифаҳои зидди ин гурӯҳҳои таъсис ёфт ва модераторҳои он аз "Инстаграм" талаб мекунанд, ки ин саҳифаҳо “block”шаванд. Зафар Абдуллоев, журналист, блоггер ва фаъоли ҷомеа мегӯяд, зиёд шудани чунин саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама бояд барои мардони тоҷик нанговар бошад, аммо мутаассифона мардҳо бетарафиро пеша кардаанд.

Зафар Абдуллоев.
Зафар Абдуллоев.

"Ҳатто агар ягон нафаре аз ин духтарон ягон кори номатлуб карда бошад ҳам, ин кор ва зиндагии шахсии худи ҳамон нафар аст ва дигарон наметавонанд ӯро ангуштнамои ҷомеа кунанд. Бо ин зуҳурот мубориза бурдан хеле душвор аст, зеро бо бастани як саҳифа ё гурӯҳ метавонанд, ки саҳифаи дигаре боз кунанд. Ягона роҳ ба фикрам ин аст, ки якум қурбониён ба чунин амал бояд, ки аҳамият надиҳанд ва мардон бояд, ки ба ин эътироз кунанд. Ва ба ҳамон муаллиф нависанд. Пеш аз ҳама мардони тоҷик бояд шармашон ояд. Агар ягон зани тоҷикро таҳқир кунанд, пас ин таҳқири тамоми миллат аст."

Зафар Абдуллоев мегӯяд: "Ин киберҷиноят ба шумор меояд ва мақомоти вазорати дохилӣ бояд ин мушкилотро, ки ба амнияти шахсӣ ва шарафу сокинони кишвар рабт мегирад, ҷиддӣ қабул кунанд ва гунаҳкоронро ҷазо диҳанд."

Чора чист?

Аммо Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси "Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон" ба ҷабрдидаҳо тавсия медиҳад, ки дар сурати таҳдид ва ҳатто тамаъҷӯӣ, ба додситонӣ муроҷиат кунанд: "Дар қадами аввал ба мақомоти додситонӣ бояд муроҷиат кард. Баъди баррасӣ кардани ариза, прокуратура муайян мекунад, ки шикоятро ба кадом мақомоти дахлдор фиристад."

Абдураҳмон Шарифов.
Абдураҳмон Шарифов.

Вай мӯътақид аст, ки пахши иттилооти бардурӯғ ин ҷиноят аст ва мақомоти дахлдор дар ин замина бояд чора андешанд. Ҳамзамон ба таъкиди Абдураҳмон Шарипов, ҳадафи ин гуна афрод, ки аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, назири "Инстаграм" пахш мекунанд ва шаъну шарафи духтарҳоро паст мезананд, бояд муайян гардад ва муҷозот шаванд.

Дар саҳифаҳои бадномкунандае монанд ба "Фоҳишаҳои Тоҷикистон", садҳо акс нашр шудааст. Маълум нест, ки дар тӯли ду соли ахир, ки теъдоди корбарони тоҷик дар "Инстаграм" афзоиш ёфт, чӣ теъдоди аз духтарҳо мавриди пулситонӣ қарор гирифтанд ва чӣ теъдоди ин таҳқирҳоро хомӯшона таҳаммул карданд.

XS
SM
MD
LG