Падари Абдулло – Одил Ҳаттуллоев, сокини ноҳияи Восеъ, дар яке аз ҷангҳо дар Ироқ кушта шуд. Модараш Сафаргул Набиеваро ҳафтаи гузашта ба хотири ҳамдастӣ бо тундравон ба зиндони якумрӣ маҳкум карданд.
Додгоҳи шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, ҳамроҳ бо Сафаргул Набиева ҳашт зани дигари тоҷикро барои узвият дар гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯён аз 20 соли зиндон то ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳукми занҳо рӯзи 19-уми сентябр содир шуд.
Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷараёни мурофиа огоҳ аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар кадоме аз ин занони тоҷик аз як то се (дар маҷмуъ 24) кӯдак доранд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кӯдаки хурдтарин ҳаштмоҳа ва бузургтаринаш 7-сола аст. Кӯдаконро бо модаронашон якҷо нигаҳ медоштаанд.
Абдуллои ҳаштмоҳа низ бо модараш дар зиндон аст ва тақдираш – номаълум.
Сафарой Аралова, модари Сафаргул Набиева ва бибии Абдулло мегӯяд, духтараш фиреби шавҳарро хӯрдааст ва аз мақомот мехоҳад, ки ба қазияи духтару наберааш дар Ироқ дахолат кунанд.
Модари Сафаргул фарзандашро соли 2015 гум кард. Се моҳ аз арӯсӣ нагузашта, домод Сафаргулро бо баҳонаи кору зиндагӣ ба Русия бурд ва дигар бедарак шуданд.
«Тамоси охиринашон аз Туркия буд. Мегӯянд, ки онҳоро як рус бурдааст. Дар аввал ҷояшон мавҷ надошт ва маро ду моҳ саргардон карданд», - гуфт ӯ, рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафарой Аралова мегӯяд, чун аз ақрабои домод натавонист, хабаре дар бораи духтараш бигирад, ба мақомоти амниятӣ муроҷиат кард ва акси духтару домодашро ба пулиси байналмилалӣ супурд.
Волидони домодаш дар аввал гуфтаанд, ки дар куҷо будани писарашонро намедонанд. Баъд аз тамоси духтараш Сафарой Аралова фаҳмидааст, ки то ин вақт куҷо будани фарзандашро аз ӯ пинҳон мекарданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз нуҳ зани зиндонишудаи тоҷик дар Ироқ 24 кӯдак монд. САДО, ВИДЕО«Гуфтам, ки дар куҷоӣ Сафаргулҷон? Гуфт, дар «Давлати исломӣ». Бо шунидани ин гап ҷон аз дасту поям баромад. Ларзидам», - нақл кард ӯ.
Сафаргул Набиева бо огоҳ кардани волидонаш, ки дар қаламравҳои таҳти назорати гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ»-ст, аз онҳо хостааст, хавотир нашаванд. Сафарой Аралова мегӯяд, аз навор маълум буд, ки касе ин гапҳоро ба ӯ талқин мекард, «вагарна духтарам чунин гапҳоро намедонист».
Аз роҳи фиреб ба Ироқ бурдаанд
Қаблан Оилача Ғаффорова, хушдомани Сафаргул Набиева, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, писару келинаш соли 2016 аз Русия ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтаанд. Ӯ гуфт, “дар як сӯҳбат гуфтам, куҷо рафтед, куҷо шудед, биёед. Писарам, гуфт, ки очаҷон дар ҳаққам дуо кун. Бори охир келинам занг зад ва гуфт, ки холаҷон ҳатман меоям. Ҳамон вақт бояд таваллуд мекард.”
Агар модари Сафаргул Набиева мепиндорад, ки духтарашро бо фиреб ба Ироқ бурдаанд, падараш мегӯяд, ба чунин ҳол гирифтор шудани ӯ ба суннатгароии онҳо рабт дорад.
«Духтари мусулмон бояд аз пайи шавҳараш бояд бошад. Тарбияи мо ҳамин доим ҳамин тавр буд. Кӯдакҳоро чунин тарбия мекунем, лекин ин хато аст. Бояд баробари фаҳмидани қазия аз шавҳараш ҷудо мешуду меомад», - гуфт Махтам Саидқулов, падари Сафаргул Набиева.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ироқ иҷоза дод, Оиша бо тифлаш ба Тоҷикистон бармегардадҲоло волидони Сафаргул аз мақомот мехоҳанд, ки ба қазияи зиндонӣ шудани ӯ дар Ироқ дахолат кунанд ва Абдуллои хурдсолро ба ватан, ба пеши бобову бибӣ, баргардонанд. Мақомоти Ироқ гуфтаанд, ба шарти дархости ҳукумати Тоҷикистон ин кор имконпазир аст.
Пас аз шикасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳоло бархе аз занҳои тоҷик дар зиндони Ироқ ва бархеи дигар дар паноҳгоҳҳое дар Сурия қарор доранд. Тоҷикистон то ба ин дам 9 кӯдак ва як зани ҷавонро аз ҳудуди Сурия ва Ироқ ба ватан баргардондааст.