Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия Ироқ нест. 15 зану кӯдаки тоҷик дар интизори бозгашт ба ватан


заноне, ки аз Раққа фирор мекунанд
заноне, ки аз Раққа фирор мекунанд

Беш аз 15 зану кӯдаки тоҷик наздики як сол боз дар паноҳгоҳҳое дар Сурия дар интизори бозгашт ба Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ин занону кӯдакон мегӯянд, дар хаймаҳое дар минтақаҳои гуногуни Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз ҷониби Созмони милали муттаҳид таъсис ёфтаанд.

Ин занҳо дар ҷойе қарор доранд, ки дар дасти ҳукумати қонунӣ нест. Тоҷикистон бо он гурӯҳҳо ягон робита надорад. Аз тарафи дигар агар дипломати тоҷик ба он ҷо сафар кунад, ки кафолати бехтариашро медиҳад?

Шабнам Ҳалимҷонова, сокини 24-солаи шаҳри Исфара, ки наздики як сол боз дар паноҳгоҳи шаҳри Ал-Моликияи минтақаи Ҳасакуи Сурия қарор дорад, аз ҷумлаи занҳоест, ки хостори бозгашт ба ватан мебошад. Ӯ як кӯдак дорад.

Шабнам Ҳалимҷонова мегӯяд, соли 2014 бо фиреби шавҳараш ба Сурия омад.

“Дар зиндагӣ азоби дузахро дидем”

Асад Ҳалимҷонов, шавҳари Шабнам узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” буд. Ӯ ду соли пеш дар як амалиёт дар шаҳри Раққаи Сурия кушта шуд.

Шабнам мегӯяд, пас аз озодсозии шаҳри Раққа онҳо ба дасти нерӯҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад, ки ҳамзамон зидди ДИИШ меҷангиданд, афтоданд.

Пас аз се моҳи зиндон ӯ ва даҳҳо зани ҷангҷӯёни ДИИШ-ро ба паноҳгоҳе дар минтақаи Ҳасаку интиқол доданд. Дар паноҳгоҳи Ал-Моликия, ба гуфтаи Шабнам, ӯ танҳо зани тоҷик аст, вале медонад, ки дар паноҳгоҳҳои дигар ҳам занҳои тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин зан мегӯяд, ӯ ва даҳҳо зани дигар фиреби шавҳарони ҷангҷӯяшонро хӯрдаанд ва ҳоло пазмони бозгашт ба ватан ҳастанд. Ӯ гуфт, умедворанд, ки онҳоро фаромӯш намекунанд ва ба ватан бармегардонанд. Шабнам Ҳалимҷонова гуфт:

Шаҳрванди Тоҷикистон Нодирабегим Ҳамза дар Бағдод ба ҳукми абад маҳкум шудааст
Шаҳрванди Тоҷикистон Нодирабегим Ҳамза дар Бағдод ба ҳукми абад маҳкум шудааст

“Мо дар зиндагӣ азоби дӯзахро кашидем. Ба қадри ватан дар ин ҷо зиёдтар расидем. Тоҷикистон дар ҳақиқат биҳишт будааст, вале шавҳарони гумроҳ моро ба ин роҳ оварданд. Ҳоло илтиҷову хоҳишамон ин аст, ки моро ба ватан баргардонанд,” - гуфт ӯ.

Шабнам мегӯяд, аз вазъи худ дар рӯзҳои аввал мақомоти тоҷикро огоҳ кардаанд ва пайвандонаш дар Тоҷикистон барои баргардонидани онҳо ариза низ додаанд.

Шаҳри Раққаи Сурия, ки Шабнам ҳамроҳ бо шавҳараш он ҷо қарор дошт, соли 2014 аз ҷониби гурӯҳи тундрави ДИИШ ишғол шуд ва яке аз пойтахтҳои “Хилофат”-и худхондаи он эълон гашт. Моҳи октябри соли гузашта нерӯҳои озодибахши Сурия, ки аз ҷониби Амрико ҳимоят мешаванд, ин шаҳрро аз дасти ДИИШ озод карданд.

Шабнам Ҳалимҷонова ва садҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯи ин гурӯҳи тундрав пас аз озодсозии Раққа ба асорат афтоданд ва баъдан, ба паноҳгоҳҳое интиқол ёфтанд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ пуштибонии молӣ мешаванд. Онҳо дар ин паноҳгоҳҳо ба умеди бозгашт ба кишварҳояшон муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз паноҳгоҳ дар Сурия то зиндон дар Ироқ

Дар Сурия, ба фарқ аз Ироқ, ҳамсарони ҷангиёни ДИИШ таъқиби ҷиноӣ намешаванд. Дар Ироқ даҳҳо ҳамсари ҷангиёни ДИИШ боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, ки дар миёнашон ҳадди аққал 13 зани тоҷик низ буд. Шаш зани тоҷик бо нӯҳ кӯдаки хурдсол, ки дар паноҳгоҳҳое дар минтақаи Идлиб ва Ҳасакуи Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, аз таъқиби ҷиноӣ дар ин кишвар озод ҳастанд.

Аммо як намояндаи созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Сурия, ки аз вазъи занону кӯдакони тоҷик дар ин кишвар огаҳ аст, рӯзи 17-уми август бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, руйхати ҳамаи ин зану кӯдакони тоҷик дар дасти мақомоти тоҷик қарор дорад, вале зоҳиран, ҳукумати кишвар майли ҷиддӣ барои баргардонидани шаҳрвандони худро надорад.

Додгоҳе дар Бағдод ҳамсарони аъзои ДИИШ, аз ҷумла тоҷиконро муҳокима мекунад
Додгоҳе дар Бағдод ҳамсарони аъзои ДИИШ, аз ҷумла тоҷиконро муҳокима мекунад

Ӯ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, аксаран, санади тасдиқкунандаи шахсият надоранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, намояндаи мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин паноҳгоҳҳо сафар кунад ва ҷиҳати таҳияи санад барои бозгашти занону кӯдакон кӯмак намоянд.

Маъмулан, ДИИШ шиноснома ва дигар санади ҷангҷӯёнашро мусодира мекунад. Дар гузашта наворҳое нашр шуд, ки ҷангиёни ДИИШ бо расидан ба қаламрави таҳти назорати ин созмони тундрав шиносномаҳои худро оташ мезананд. Ҳоло хонаводаҳои ҷангиёни ин созмон, ки дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, санади тасдиқкунандаи ҳувият надоранд. Аз сӯи дигар, давоми чанд соли зиндагӣ, ҳамсарони ҷангиёни ДИИШ кӯдак таваллуд карданд, ки шаҳрвандии ҳеҷ кишвареро надоранд.

“Кӣ кафолати амнияти сафар ба Сурияро медиҳад?”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳузури занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия хабар доранд ва талоши баргардониданашон низ рӯи даст аст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 17-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми роҳҳои имконпазир барои баргардонидани занону кӯдакон рӯйи даст аст.

Ӯ гуфт, ба наздики Муаттар Муҳаммадиева, сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдат бо се тифли ноболиғаш аз Сурия баргардонида шуд.

Аммо, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, аксари занҳои тоҷик дар минтақаҳое қарор доранд, ки то расидан ба он ҷо ҳудудҳои хатарнокро бояд убур кард.

Ӯ гуфт: “Ин занҳо дар ҷойе қарор доранд, ки дар дасти ҳукумати қонунӣ нест. Тоҷикистон бо он гурӯҳҳо ягон робита надорад. Аз тарафи дигар агар дипломати тоҷик ба он ҷо сафар кунад, ки кафолати бехатариашро медиҳад? Барои ҳамин мушкилот зиёд аст, вале ҳукумат дар ҷустуҷӯи роҳҳои баргардониданашон ҳаст”.

Сурия, Димишқ
Сурия, Димишқ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2013 то 2017 бештар аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба ҳудудҳои таҳти назорати ДИИШ ба Ироқу Сурия рафтанд. Ҳукумат хабари ҳалоқати наздики 500 нафари онҳоро тасдиқ кард, вале феълан, аз муҳокимаи занони тоҷик дар зиндони Бағдод ва ҳузури занони дигар дар паноҳгоҳҳо дар Сурия хабар мерасад.

Қаблан, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз баргардонидани панҷ кӯдаку як зан аз Ироқ ва чор кӯдак аз Сурия хабар додааст.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҳоло парвандаи беш аз 20 зани тоҷик дар додгоҳи Ироқ баррасӣ мешавад ва даҳ кӯдаки дигари тоҷик дар Бағдод мунтазири бозгардонидан ба ватан ҳастанд. Сарнавишти садҳо нафари дигар номаълум аст.

XS
SM
MD
LG