Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ иҷоза дод, Оиша бо тифлаш ба Тоҷикистон бармегардад


Оиша Аслонова
Оиша Аслонова

Додгоҳе дар шаҳри Бағдод иҷоза дод, ки Оиша, духтари 17-солаи тоҷик ҳамроҳ бо тифли навзодаш аз Ироқ хориҷ шавад. Қарори додгоҳ рӯзи 27-уми июн содир шуд ва модару кӯдак рӯзи панҷшанбе ба Тоҷикистон бармегарданд.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон 27-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндаҳои кишвар дар додгоҳ иштирок доштанд ва аз ҳуқуқи ӯ ҳимоя карданд.

Оиша Аслонова, сокини шаҳри Душанбе, ки падару модарашро дар Ироқ аз даст додааст, моҳе пеш дар як таваллудхонаи Бағдод тифл ба дунё овард. Моҳи апрел ду бародару як хоҳари хурдсолаш ба Тоҷикистон оварда шуданд, вале бинобар ҳомила будан ба ӯ иҷозаи парвоз нашуд.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар мурофиаи Оиша Аслонова ширкат дошт ва ҳоло талош дорад, кӯдакони дигари ятимро аз Ироқ ба ватан баргардонад.

Масъулияти бозпас гардондани кӯдакони тоҷик аз Ироқро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бар дӯш дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 27-уми июн гуфтааст, ду кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонда мешаванд ва аз касе ном набурдааст.

Ба навиштаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, баргардонидани кӯдакон аз кишварҳои ҷангзада бо супориши раиси ҷумҳур сурат мегирад.

Зимнан, шахсияти 10 кӯдаки дигари тоҷик, ки падару модарро дар ҷангҳои Ироқ аз даст додаанд, ба мақомоти тоҷик маълум шудааст. Манбаъ гуфт, теъдоди кӯдакони ятими тоҷик дар Бағдод ба 20-25 нафар мерасад.

Додгоҳҳои Ироқ дар чанд моҳи охир беш аз 20 парвандаи занони тоҷикро баррасӣ кард, ки аксаран бо худ кӯдак доштанд. Онҳо ба ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд. Қонунҳои Ироқ барои “ҳамзистии ихтиёрӣ” бо ҷангҷӯёни ДИИШ ҷазои сангин пешбинӣ мекунад.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, кӯдакони занони зиндонӣ пас аз шиносоии наздиконашон дар Тоҷикистон ба ватан баргардонида мешаванд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" соли 2014 қаламравҳои бузурги Ироқу Сурияро тасарруф кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба сафи ин созмони тундрав беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар пайваст. Дар миёни онҳо беш аз 400 зану кӯдак низ буданд.

XS
SM
MD
LG