Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ноболиғи тоҷикро аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд


Мақомоти тоҷик аз баргардонидани боз ду ноболиғи тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон, хабар доданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ду ноболиғ субҳи 28-уми июн ба ватан оварда шуданд. Қаблан вазорати хориҷии Тоҷикистон аз оварда шудани 8 кӯдаки тоҷик аз Ироқ хабар дода буд.​

Додгоҳҳои Ироқ дар чанд моҳи охир беш аз 20 парвандаи занони тоҷикро баррасӣ кард, ки аксаран бо худ кӯдак доштанд. Онҳо ба ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам мешаванд.

Як манбаъ дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баргардонидани ин ноболиғон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои зидахли Ироқ муяссар шудааст. Аммо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон "бо дарназардошти зарурати ҳимояти ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ", аз ифшо намудани номи афроди бозгардонидашуда ва пешниҳоди маълумоти бештар, худдорӣ кард.

Қаблан манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки додгоҳе дар шаҳри Бағдод иҷоза дод, ки як духтари 17-солаи тоҷик ҳамроҳ бо тифли навзодаш аз Ироқ хориҷ шавад ва қарори додгоҳ рӯзи 27-уми июн содир шуда, модару кӯдак рӯи панҷшанбеи 28-уми июн ба Тоҷикистон бармегарданд. Ин манбаъ гуфта буд, ки намояндаҳои кишвар дар додгоҳ иштирок доштанд ва аз ҳуқуқи ӯ ҳимоя карданд.

Ин духтари сокини шаҳри Душанбе, ки падару модарашро дар Ироқ аз даст додааст, моҳе пеш дар як таваллудхонаи Бағдод тифл ба дунё овард. Моҳи апрел ду бародару як хоҳари хурдсолаш ба Тоҷикистон оварда шуданд, вале бинобар ҳомила будан, ба ӯ иҷозаи парвоз нашуд.

Масъулияти бозпас гардондани кӯдакони тоҷик аз Ироқро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бар дӯш дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 27-уми июн гуфта буд, ду кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонда мешаванд. Ба навиштаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, баргардонидани кӯдакон аз кишварҳои ҷангзада бо супориши раиси ҷумҳур сурат мегирад.

Зимнан, шахсияти 10 кӯдаки дигари тоҷик, ки падару модарро дар ҷангҳои Ироқ аз даст додаанд, ба мақомоти тоҷик маълум шудааст. Манбаъ гуфт, теъдоди кӯдакони ятими тоҷик дар Бағдод ба 20-25 нафар мерасад. Додгоҳҳои Ироқ дар чанд моҳи охир беш аз 20 парвандаи занони тоҷикро баррасӣ кард, ки аксаран бо худ кӯдак доштанд. Онҳо ба ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд.

Қонунҳои Ироқ барои “ҳамзистии ихтиёрӣ” бо ҷангҷӯёни ДИИШ ҷазои сангин пешбинӣ мекунад. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, кӯдакони занони зиндонӣ пас аз шиносоии наздиконашон дар Тоҷикистон ба ватан баргардонида мешаванд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" соли 2014 қаламравҳои бузурги Ироқу Сурияро тасарруф кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба сафи ин созмони тундрав беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар пайваст. Дар миёни онҳо беш аз 400 зану кӯдак низ буданд.

XS
SM
MD
LG