Як пажӯҳише нишон дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни садҳо зани тоҷик, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарияташон бо ҳидояти шавҳаронашон ба ифротгароӣ рӯ оварда ва ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.
Дар ин пажӯҳиш, ки бо мусоидати Созмони Милал анҷом ёфтааст, гуфта мешавад, “аз миёни тақрибан 200 зани тоҷик, ки ба гуфтаи мақомот ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарияти онҳо бо ҳидояти шавҳаронашон ба ин роҳ қадам гузоштаанд.”
Айни замон теъдоде аз заноне будаанд, ки худашон мустақилона ба сафи ДОИШ пайвастаанд, “чун ба ақидаҳои ҷиҳодии ин гурӯҳ бовар кардаанд. Яке аз ин занон аз Душанбе, ки аз ӯ З. С ном бурдаанд, ба Сурия рафта ва аз онҷо бо нияти ҷалби дигарон ба Тоҷикистон баргаштааст, вале ӯро соли 2016 мақомоти интизомӣ дастгир кардаанд.”
Баъд аз раққосагӣ, азми пайвастан ба ДОИШ
Дар ин пажӯҳиш, ҳамчунин сарнавишти як раққосаи собиқи клуби шабонаеро дар вилояти Суғд тасвир кардаанд, ки барои қасди пайвастан ба ДОИШ ва ҷанг дар Сурия ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст.
Аз ин зан Р. М ном бурда мешавад ва гӯё уву шавҳарашро бародари зан, ки дар Сурия будааст, барои рафтан ба Сурия ташвиқ кардааст. Анна Матвеева, яке аз муаллифони таҳқиқот ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Салтанатии Лондон рӯзи 28-уми январ дар бораи омилҳои гароиши занони тоҷик ба ифротгароии хушунтабор ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Сабаби аввал ин оила аст. Шавҳар ва дар баъзе ҳолатҳо бародар ифротӣ мешавад аз паси худ оиларо мебарад. Наметавон гуфт, ки худи зан ё духтар як фарди мазҳабии ифротӣ мешавад, балки ночор ба ин зиндагӣ рӯ меорад ва ҳатто агар муқовимат карданӣ бошад, бисёр кам аз ӯҳдааш мебарояд."
Сабаби аввал ин оила аст. Шавҳар ва дар баъзе ҳолатҳо бародар ифротӣ мешавад аз паси худ оиларо мебарад.
Ба қавли ӯ, сабаби дигари рӯ ба гурӯҳҳои ифротӣ овардан ва ба Сурияву Ироқ рафтани занони тоҷик, мушкилоти хусусӣ аст.
“Масалан барои ёфтани ишқу шавҳар, барои ёфтани зиндагии дигар мераванд. Гоҳо занон ба вазъи ногувор меафтанд ва намедонанд, ки аз вазъ чӣ гуна берун шаванд. Дар ҳамин ҳолат тӯъмаи осони онҳое мешаванд, ки ба ҷалби аъзо ба гурӯҳҳои ифротӣ машғуланд. Айни замон заноне ҳастанд, ки худашон мустақилона ба ҳамин роҳ мераванд ва эътиқод доранд, ки корашон дуруст аст” – гуфт Анна Матвеева ба Радиои Озодӣ.
Моҳи ноябри соли 2016 вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вебсайташ аксҳои афроди муттаҳам ба терроризмро нашр кард, ки дар байни онҳо панҷ зан низ ҳаст ва яке аз онҳо бо автомат худнамоӣ мекунад.
Тарки шавҳари ифротгаро бо 4 фарзанд
Аз ҷумлаи онҳое, ки бо умеди пайдо кардани шавҳар ба доми гумоштаҳои Давлати исломӣ афтодаанд, сокини ноҳияи Колхозободро ном бурдаанд. Ин зани 36-сола, ки дар бонк кор мекардааст ва натавонистааст, шавҳар кунад, ба доми хостгороне афтодааст, ки ӯро ба марде аз Узбакистон ба шавҳар дода ва сипас ба Туркия бурдаанд. Аммо ин зан баъдан фаҳмидааст, ки мехостанд, ӯро ба Сурия баранд ва тавонистааст, танҳо ба Тоҷикистон баргардад ва қиссаи худро дар назди ҷомеа гуфтааст, то дар ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ саҳм бигузорад.
Дар пажӯҳиш, ки барои расидагӣ ба мушкилоти ифротгароӣ ва барои пайдо кардани роҳҳои муассири мубориза бо ин тамоюли манфӣ анҷом шудааст, ҳамчунин сарнавишти ду зане ҳаст, ки шавҳарони ифротиашонро тарк карда ва ба мақомот дар бораи рафтори онҳо хабар додаанд.
Аз ҷумла қиссаи як зани узбактаборро овардаанд, ки аз сӯҳбатҳои телефонии дурударози шавҳараш шубҳа карда ва гумон кардааст, ки ба зани дигаре ошиқ шудааст. Аммо баъдан мӯҳтавои сӯҳбатҳояшро фаҳмида ба Кумитаи занон муроҷиат кардааст.
Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки дар ниҳоят ин зан шавҳарашро тарк кардааст ва кумитаи занон барои ӯ сарпаноҳи муваққатӣ дода ва ҷойи кор ҳам барояш пайдо кардааст. Айни корро як зани дигари соҳиби 4 фарзанд кардааст. Дар таҳқиқот омадааст, ки ин занро шавҳараш ташвиқ мекардааст, ки ҳамроҳ ба Сурия раванд, вале ӯ рад карда ба мақомот хабар додааст ва шавҳарашро мақомот зери назорат гирифтаанд.
Саҳми занон дар ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2015 гуфт, ки 154 хонаводаи тоҷик ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва дар байни онҳо, 95 писару 67 духтар ҳастанд. Танҳо аз вилояти Суғд 73 хонавода ба Ховари Миёна рафтаанд, ки дар байнашон 80 зан ва 32 духтар будааст.
Анна Матвеева ба Радиои Озодӣ гуфт, занони тоҷик метавонанд, дар ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ дар Тоҷикистон саҳми бештар бигузоранд, вале дар ин замина бояд мақомот ба онҳо кӯмак кунанд. Яъне онҳо нотарсида ба мақомот муроҷиат кунанд, ки аз рафтори шавҳар, ё фарзандашон ташвиш доранд. Анна Матвеева барои анҷоми пажӯҳиш, тобистони соли гузашта ба Тоҷикистон рафтааст. Ин пажӯҳишро чанде пеш нашр карданд ва як нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид.
Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, “дар умум дар Тоҷикистон ифротгароии хушунатомез ва нақши занон дар он зиёдтар мешавад ва ин барои амнияти Тоҷикистон ва сулҳе, ки баъди соли 1997 дар кишвар ба даст омад, хатар дорад.”