Мақомоти тоҷик гуфтанд, Комроншоҳи Устопириён аз варзишгаронест, ки давлат аз ҳама бештар барои ӯ пул сарф кардааст. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, рӯзи 13-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, танҳо барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ ба Комроншоҳ беш аз 450 ҳазор сомонӣ, муодили панҷоҳ ҳазор доллар, доданд, ҳарчанд ба қавли ӯ, ин паҳлавони маъруф бе медал баргашт.
Навори видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ гуфт, "дар чаҳор соли гузашта аз ҳама бештар Устопириён маблағгузорӣ шудааст. Ин аз сарчашмаҳои гуногуни буҷаи давлатӣ аст. Мо ин қадар маблағро ҳатто ба Дилшод Назаров сарф накардем. Дастгирии варзишгар ин вазифаи мост. Ҳатто вақте медали олимпӣ наовард, ӯро маҳкум накардем". Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, дар ним соли ахир ҳам барои ширкати Устопириён дар сабқатҳои ҷаҳонӣ, давлат 95 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.
Мақомоти Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯянд, ки дар 4 соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама бештар барои Комроншоҳи Устопириён маблағ харҷ кардааст.
Аҳтам Абдуллозода замоне дар бораи Комроншоҳи Утсопириён ва харҷи пулҳои давлат барои омодагӣ ва иштирокаш дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ лаб кушод, ки хабарнигорон аз ӯ дар бораи бархӯрди ахири мақомот бо ин паҳлавони маъруф пурсиданд. Комроншоҳи Устопириён барои дашном додан дар мусобиқаи рӯзи 23-юми марти имсол дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум шудааст.
Мусобиқаи гуштии "Ҷоми Пойтахт – 2017" рӯзи 23-юми март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд ва дар рақобати ниҳоӣ дар вазни аз 80 кило боло Комроншоҳи Устопириён бо Саидҷалол Саидов вориди қувваозмоӣ гардид. Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифта буд, Саидҷалол Саидовро баранда эълон кард. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки баъдан Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли рафтан ба минбар бо ишораи даст дашном медиҳад.
- Комроншоҳи ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд
- Баъди қазияи Устопириён. Дарси одоб ба варзишгарони тоҷик
- Комроншоҳи Устопириён: "Ман аз шумо узр мепурсам"
Дар робита ба пешниҳодҳо оид ба бахшида шудани Комроншоҳи Устопириён, ки баъди ин қазия дар мусобиқоти қитъавӣ ва байналмилалӣ комёб шуд, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш гуфт, ин дар салоҳияти онҳо нест. Ӯ гуфт, ин масъала дар салоҳияти гурӯҳи корие аст, ки ин қазияро ба баррасӣ гирифта буд.
Вале ба гуфтаи вай, аз ҷониби Комроншоҳ ягон шикояте нисбат ба тасмими гурӯҳи корӣ ворид нашудааст, вагарна ин масъала метавонист дигарбора матраҳ шавад. Аҳтам Абдуллозода гуфт, худи варзишгар ва мураббии ӯ ҳам ин иштибоҳашонро эътироф карданд ва бахшиш ҳам пурсиданд.
"Қарор нисбат ба Комроншоҳ аз ҷониби гурӯҳи корие буд, ки дар доираи фаъолияти мутахассисони варзиш таҳти раҳбарии Дилшод Назаров қабул шуд. Вале он лаҳза барои холисона баррасӣ гардидани тамоми паҳлӯҳои кор, худи варзишгар ва падараш, ки муррабиаш аст, ҳам даъват шуда буданд ва ҳар сонияи навори видеоиро диданд ва ба ин хулоса омаданд, ки довар ба ноҳақӣ роҳ надодааст"
Дар пайи ин ҳодиса, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба таҳияи қоидаи одоби варзишгар шурӯъ кард. Аҳтам Абдуллозода гуфт, аллакай лоиҳаи қоидаи одоби варзишгар, мураббӣ ва довар тасдиқ шудааст ва рӯзҳои наздик дар шакли як китоб нашр ва пешниҳоди варзишгарон хоҳад шуд.
Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли ҳозир дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо дар мақоми чаҳорум қарор дорад. Ӯ нахустин гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.