Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ аз дарёфти медали олимпии Рио маҳрум шуд. АКС


Комроншоҳи Устопириён, гуштигири шинохтаи тоҷик, дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд. Вай рӯзи 10-уми август дар риштаи ҷудо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.

Ҳаждаҳ сония пеш аз анҷоми рақобат Варлам Липартелиани Комроншоҳро ба замин хобонда, ба ӯ имкон надод, ки дар муддати 20 сония аз ҷояш бархезад. Ҳамин тариқ, гуштигири гурҷӣ ғалабаи соф ба даст овард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале паҳлавони тоҷик аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

Бояд тазаккур дод, Варлам Липартелиани паҳлавони хеле пуртаҷриба буда, соли 2015-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 кило соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Вай қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскӯлоҳи бузург) мебошад. Ӯ дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷойи сеюм аст.

Дар зимн, Комроншоҳи Устопириён бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Ӯ қаблан дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз Бозиҳои тобистонаи олимпӣ умеди зиёд дорад ва ба Рио барои медал омадааст.

“Ман аз ин мусобиқоти бузургтарини ҷаҳон таҷрибаи хуб касб кардам. Ман, ки ҳоло ҷавонам, ҳамагӣ 23 сол дорам, баъди чаҳор сол боз дар Олимпиада иштирок карда метавонам ва умедворем, ки дафъаи дигар пирӯзӣ насиби ман мешавад. Аз ҳамаи мухлисонам, бахусус онҳое, ки зодагони Кӯҳистони Мастчоҳанд ва барои дастгирии ман ба Рио-де-Жанейро омадаанд, хеле сипосгузорам ва ба онҳо гуфтаниям, ки ноумед нашаванд. Чунон ки мегӯянд, “аз ноумедиҳо басе умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст”, - иброз дошт Комроншоҳи Устопириён баъди анҷоми рақобаташ ба Радиои Озодӣ.

АКСҲОИ БЕШТАР АЗ РАҚОБАТИ КОМРОНШОҲ:

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН

7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Гуштии дзюдо, вазни то 90 кг

Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 2015-ум хатм кардааст.

Аз соли 2012-ум ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров мебошанд. Феълан бо раҳбарии Владимир Николаевич Елчанинов тамрин мекунад.

Устоди дараҷаи байналмилалист.

Дар Ҷоми Аврупо соли 2013-ум дар Киев (Украина) ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин (2013) дар Хасавюрт (Доғистон) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Алматӣ (Қазоқистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014) ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014) ҷойи аввал, дар чемпионати Осиё дар Кувайт (2015) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи дуюм, дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (Қазоқистон, 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2015) ҷойи дуюмро ишғол кардааст.

Комроншоҳ 16 апрели соли 2016-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни то 90 кг медали тилло ба даст овард. Бояд тазаккур дод, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст ва аввалин бор дар Олимпиада ширкат меварзад.

Ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 10-ум ва дар рейтинги олимпӣ дар мақоми нӯҳум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, баъди муштзан Анвар Юнусов дувумин шуда дар мусобиқа иштирок кард ва ноком гашт.

Комроншоҳи Устопириёнро дар толори гуштии Рио-де-Жанейро ҳамаи ҳайати варзишии Тоҷикистон дастгирӣ намуданд. Инчунин ба ӯ мухлисони ашадиаш – бародарон Гулмаҳмад ва Шоҳин Гуловҳо, Мӯсо Назиров ва Одил Охунов, ҳар чор аз деҳаҳои Зарафшон ва Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, мухлисӣ карданд.

Ёдовар мешавем, муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки дар байни варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио аввалин шуда дар мусобиқа иштирок кард, ноком гашт. Ӯ баъди пирӯзӣ дар нахустин даври интихобии сабқати бокс дар вазни то 60 килограмм бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0, рӯзи 9 август дар даври дувум аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.

Аз ҳафт варзишгар, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дар мусобиқоти минбаъда ширкат хоҳанд кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG