Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо мусобиқаи пурнуфуз дар ин риштаи варзиш ба шумор меравад. Ин дувумин мусобиқа дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи аввал аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» моҳи феврал дар Пориси Фаронса баргузор шуда буд. Вале Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ноком гашт. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуд.
Дар аввалин мусобиқаи байналмилалии мавсими имсола – “Тоскулоҳи бузург” - 590 варзишгар (374 мард ва 216 зан) аз 81 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи мизбон – Фаронса – бо касби 2 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби се медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кард.
Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳамагӣ чаҳор мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” баргузор мешавад. Мусобиқаи севум моҳи июл дар Тюмени Русия ва мусобиқаи чаҳорум моҳи декабр дар Токиои Ҷопон барпо мегарданд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» дар Боку Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ хоҳад кард. Вай ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскав бо раҳбарии Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи дзюдо, омодагӣ мебинад.
Дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ширкати беш аз 350 варзишгар аз 40 кишвар, ба монанди Фаронса, Тоҷикистон, Тунис, Молдова, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Имороти Муттаҳидаи Араб, Шветсия, Гурҷистон, Финляндия, Канада ва ғайра дар назар аст.
Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн баргузор мешавад. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз он ҷумла ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 5 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.