Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Комроншоҳи Устопириён дар "Masters" дар Марокаш


​Комроншоҳи Устопириён дар сабқати ҷаҳонии дзюдо бо номи “World Judo Masters Mohammed VI 2015” дар шаҳри Работи Марокаш ширкат хоҳад кард.

Комроншоҳи Устопириён, аз паҳлавонони маъруфи тоҷик, дар сабқати ҷаҳонии дзюдо бо номи "World Judo Masters Mohammed VI 2015", ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Работи Марокаш баргузор мешавад, ширкат мекунад. Комроншоҳ ягона варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ хоҳад кард.

Дар сабқати ҷаҳонии "Masters" ширкати 225 гуштигир (114 мард ва 111 зан) аз 50 кишвар дар назар аст. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, дар ин мусобиқа гуштигироне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойҳои 1-16-ум ҷойгиранд, ширкат меварзанд. Чунончи, дар вазни Комроншоҳ, яъне зери 90 кило, 16 нафар аз 13 кишвар (Русия, Ҳолланд ва Гурҷистон – 2-нафарӣ, Марокаш, Шветсия, Италия, Куба, Швейтсария, Фаронса, Юнон, Сербия, Тоҷикистон ва Ҷопон – 1-нафарӣ) қувваозмоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки рӯзҳои 13-14 май дар Кувайт баргузор шуда буд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило пас аз ду ғалаба бар Муҳаммад Махтуб (Фаластин) ва Ислом Бозбоев (Қазоқистон), дар даври ниманиҳоӣ аз Даики Нишияма (Ҷопон) мағлуб гашт. Баъдан Комроншоҳ барои ҷойи севум бар Хинзао Ченгаз Чин ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Кай Ҳу (Чин), дар даври дувум аз Максим Раков(Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан ӯ бар Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ғолиб омад ва барои ҷойи севум Рамзиддин Саидови узбакистониро шикаст дода, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

XS
SM
MD
LG