Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – барои дашном додан дар мусобиқаи рӯзи 23 март дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум шуд.

Тафтиши мактаби зери раҳбарии Устопириён

Мақомот дастур гирифтаанд, ки дар давоми як моҳ “Қоидаҳои одоби варзишгарро” таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намоянд.​

Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки таҳқиқи рафтори Комроншоҳи Устопириёнро бар уҳда дошт, рӯзи 29 март гуфт, инчунин, мактаби варзишии таҳти раҳбарии Комроншоҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди санҷиш қарор гирифтааст. "Дар натиҷа, як қатор камбуд ва мушкили ҷиддӣ ошкор шуда, дар ин бора ба унвонии роҳбарияти вилояти Суғд мактуби дахлдор барои қабули қарори қонунӣ ирсол мешавад", - афзудааст ӯ.

Комроншоҳ аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум нашудааст

Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров гуфтааст, "натиҷаи таҳлил ин аст, ки дар сабқати даври финалии мусобиқоти гуштии миллӣ ҳайати доварон ба хато роҳ надодаанд ва Саидҷалол Саидов барҳақ ғолиб дониста шудааст. Қиммати одоби варзишгар аз қиммати медали тиллои олимпӣ низ баландтар аст."

Аммо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфтааст, "ин варзишгари маъруф ҳоло ҷавон аст ва ҳолатҳои мазкурро ба инобат гирифта, гуруҳи корӣ қарор кард, ки иштироки Комроншоҳ аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии намуди гуштии дзюдо қатъ карда нашавад. Дар ин замина Кумита тасмим гирифтааст, минбаъд низ барои пешбурди фаъолияти варзишии Комроншоҳ дар доираи имкониятҳои мавҷуд шароит фароҳам оварад."

"Хеле пушаймон ҳастам"

Яке аз қувваозмоиҳои Саидҷалол Саидов. Моҳи марти 2016
Яке аз қувваозмоиҳои Саидҷалол Саидов. Моҳи марти 2016

Комроншоҳи Устопириён низ рӯзи 29 март дар як баёнияи расмӣ гуфт, дар муҳокимаи гурӯҳи корӣ ҳамроҳи мураббиаш Усто Устопириён ҳузур доштанд. "Дар ҷараёни кори гурӯҳ, таҳлилу баррасии мутахассисон ва навори видеоӣ пурра муайян гардид, ки доварон ва мухлисон ба хато роҳ надодаанд. Танҳо ман ба эҳсосот дода шуда, амали ношоями ба шаъни варзишгарро иҷро намудам, ки хеле пушаймон ҳастам", - таъкид кард ӯ.

Вай бори дигар барои рафтораш аз мухлисон ва ҳайати доварон узр пурсидааст: "Ба қароре, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ қабул гардидааст, розӣ ҳастам ва ягон эътироз надорам". Қаблан, Комроншоҳи Устопириён барои дашном додан дар мусобиқаи рӯзи 23 март дар "Наврӯзгоҳи пойтахт", ки ба дурбини телевизиони “Варзиш” ҳам афтодааст, расман узр пурсида ва гуфта буд, он вақт аз ноадолатии довар ба хашм омадааст.

"Мухлисон маро дашном доданд..."

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи гуштии 23 марти 2017
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи гуштии 23 марти 2017

Комроншоҳ рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ду-се нафар аз мухлисон дар вақти рафтан ба маросими медалгирӣ маро дашном доданд ва ман ҳам дар ҳоли ғазаб ҷавобашонро гардондам."​

Мусобиқаи гуштии "Ҷоми Пойтахт – 2017" рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд ва дар рақобати ниҳоӣ дар вазни аз 80 кило боло Комроншоҳи Устопириён бо Саидҷалол Саидов вориди қувваозмоӣ гардид. Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифта буд, Саидҷалол Саидовро баранда эълон кард. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки баъдан Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли рафтан ба минбар бо ишораи даст дашном медиҳад. Бисёре аз шоҳидони мусобиқа гуфтанд, ки дар ин қувваозмоӣ пирӯзӣ насиби Комроншоҳ буд, вале зоҳиран довар нодида гирифтааст.

Қоидаҳои одоби варзишгар таҳия мешавад

Ҳоло Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки “таҷрибаи маблағгузорӣ кардани иштироки варзишгаронро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҷдиди назар намуда, аз рӯи як намуди варзиш гуруҳи варзишгарони умедбахшро тарбия ва сарпарастӣ намоянд.” Инчунин, онҳо дастур гирифтаанд, ки дар давоми як моҳ “Қоидаҳои одоби варзишгарро” низ таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намоянд.​

XS
SM
MD
LG