Интихоби Зайнулло Соҳибов ба раҳбарии ширкати "Сементи тоҷик" дигарбора дар ҷомиа масъалаи ҳузури зиёди хешу табори президенти Тоҷикистон дар мақомҳои баланд ва "равғанӣ" дар ин кишварро матраҳ мекунад.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, Зайнулло Соҳибов, бародари яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбари ширкати "Сементи тоҷик" таъйин шудааст.
Корхонаи сементи Душанбе ё «Тоҷиксемент» ба ширкати «Сементи тоҷик» тағйири ном карда, бино ба иттилои як манбаъ дар вазорати саноат ва технологияҳои ҷадиди Тоҷикистон, раҳбари ин корхона низ иваз шудааст.
Бино ба маълумоти ин ин манбаъ, сарвари «Сементи тоҷик» - Зайнулло Соҳибов, бародари Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуд. Як манбаъи дигари огоҳ ба Озодӣ гуфт, Зайнулло Соҳибов тақрибан 2 моҳ пеш аз ин мақом таъйин шуда буд, вале хабари интисобаш танҳо баъди нашри хабари тағйири номи корхонаи семент расонаӣ шуд.
Зайнулло Соҳибов дар баробари падараш Маҳмадулло Соҳибов, соҳибмулки «Фароз», яке аз ширкатҳои бузурги Тоҷикистон буда, 40 дарсади саҳмияҳои онро ихтиёрдорӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин раиси Клуби футболи «Равшан» - и Кӯлоб аст. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, Зайнулло Соҳибов хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи давлатии хоҷагии қишлоқи назди президенти Русия будааст.
Як нафаре, ки Зайнулло Соҳибовро хуб мешиносад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯро тоҷири кордон ва сахӣ тавсиф кард ва гуфт, тими "Равшан"-и Кӯлоб тайи дастикам якуним соли охир бо кумаки маҳз Зайнулло Соҳибов фаъолият дошт ва дар ин муддат ду дафъа сазовори унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд. Як ҳамсӯҳбати дигари мо аз корхонаи сементи Душанбе гуфт, ин корхона дар давраи бахши фурӯши маҳсулоташро бар ӯҳда доштани оқои Соҳибов марҳалаи хеле сахти аз газ ба ангишт гузарондани тавлидоташро пушти сар кард.
Ин аксҳои Зайнулло Соҳибов аз саҳифаи гурӯҳи мухлисони дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар шабакаи иҷтимоии "Однокласнники" дарёфт шудаанд:
То ин замон "Тоҷиксемент" -ро Маҳмадсаид Зубайдов раҳбарӣ мекард, ки аз афроди наздик ба марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон маҳсуб мешуд.
Хешу табори президент дар мақомҳои баланди давлатӣ
Интисоби Зайнулло Соҳибов ба мақоми раҳбари корхонаи сементи Душанбе дар ҳолест, ки ҳузури зиёди хешу табори наздики раисиҷумҳури Тоҷикистон ва намояндагони зодгоҳи ӯ - ноҳияи Данғара - дар мақомҳои баланду ба истилоҳ "равғанӣ" мояи интиқоди зиёде дар матбуот, маҳофил ва ҳам дар байни ҷомиа шудааст. Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон бақия алакай издивоҷ кардаанд. Матбуоти маҳаллӣ ҳузури беш аз ҳадди домоду қудоҳои президент дар мансабҳои давлатиро ҳатто "қудовшина" (таъбири нашрияи "СССР") ҳам ном додааст.
Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон буда, духтари дигари ӯ Озода Раҳмонова муовини вазири умури хориҷист. Муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саидов низ аз хешони наздики оқои Раҳмон буда, додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбарии "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки Тоҷикистон ва бино ба гуфтаи афроди огоҳ, тиҷорати алюминий - фаровардаи ТАЛКО - бузургтарин корхонаи саноатии ин кишварро дар даст дорад. Бародари Асадуллоҳзода - Амонулло Саъдуллоев - дар тобистони соли гузашта ба симати раҳбари "Тоҷикэнергоснаб" - масъули фурӯши барқ дар ширкати "Барқи Тоҷик" - расид.
Қудои Эмомалӣ Раҳмон - Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - раиси ширкати роҳи оҳан ва домоди дигари президент Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молия буда, бонки 4 рӯз пеш сабтиномшудаи "Спитамен Бонк" ва ҳам ширкати IRS - масъули пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе -Хуҷандро низ ба ҳамин домоди Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд. Ҳарчанд худи ӯ ҳар навъ рабташ бо ин ширкати дар ҷазираҳои Вирҷиния сабтиномшударо рад мекунад.
Қаблан Муҳаммадзоҳир Соҳибов, як домоди дигари президент раҳбарии Ожонси харидҳои давлатӣ, қудояш Шералӣ Гул - симати вазири энерживу саноат ва тағояш Матлубхон Давлатов мақоми баланди муовини сарвазирро дар даст доштанд, вале Соҳибов ду сол пеш бо сабабҳои то ҳол эълоннашуда ва Гулу Давлатов дар тағйироти кадрии моҳи ноябр ба далели расидан ба синни нафақа аз ин мақомҳои баланд барканор шуданд.
Дар пайи садамаи пурқурбонии моҳи октябр дар маркази Душанбе бо ширкати Расули Амонуллоҳ - писари 16-солаи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - матбуоти Тоҷикистон бори дигар мавзӯъи хешутаборбозӣ дар сиёсати кадрии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба интиқод кашида, хостори барканории он хешони мансабдори президент шуд, ки ӯро бадном мекунанд.
Ҳузури зиёди хешутабори Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои давлатӣ аз чашми матбуоти хориҷӣ низ пинҳон намондааст ва маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” моҳи декабр дар матлабе навишт: “Низоми идории Тоҷикистонро метавон бо ду калима хулоса кард: nepotism(авлодбозӣ) ва cronyism(ошнобозӣ) . Тамоми мансабҳои калидӣ дар дасти хешовандону дӯстони наздики Раҳмонанд. Тамоми захираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратҳову корхонаҳои ҳаётан муҳим аз сӯи чанд нафари мунтахаб назорат мешавад ва дар ҳоле ки мизони саноатисозӣ мусбат аст, фарқи байни қишрҳои дорову нодор амиқтар мешавад.”
Таърихчаи "Сементи тоҷик"
"Тоҷиксемент", дар оғоз Корхонаи сементи Сталинобод, то чанд соли пеш ягона корхонаи сементи Тоҷикистон буд, ки соли 1942 аз сӯи мутахассисони Чехия ба истифода дода шуд. Солҳои 80-уми асри гузашат иқтидораш ба 1,1 миллион тон боло рафт ва дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи сифат дар истеҳсоли сементи портландӣ мақоми дуввумро дошт.
Аммо дар замони истиқлолият зарфиятҳои «Тоҷиксемент» хеле поин рафта, танҳо дар соли 2012 ба 200 ҳазор тон боло омад. Моли «Тоҷиксемент» дар сохтмони нерӯгоҳҳои Норак, Сангтӯда – 1, Китобхонаи миллӣ, нақби Шар-шар ва дигар иншоотҳои бузург истифода шудааст. Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ Тоҷикистон умед ба моли босифати ин корхона дорад. Дар корхонаи «Тоҷиксемент» то қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон 1042 нафар кор мекарданд ва ин корхона дар соли 2012-ум беш аз 200 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст.
Тоҷикистон ҳоло сементро асосан аз давлатҳои Покистону Эрон ва каму беш аз ҳамсоякишварҳо ворид мекунад. Моҳи августи соли 2013 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи нави семент бо иқтидори истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар як сол сохта шуд. Фаъолияти ин корхона ҳам бо истифода аз ангишт пешбинӣ шудааст. Аммо бино ба манобеъи мо, ҳоло ширкати «Сементи тоҷик» ба дастгоҳҳои истеҳсоли гази чинӣ даст ёфта, бо гази худӣ кор мекунад ва дар ин пешрафт саҳми Зайнулло Соҳибов муассир арзёбӣ мешавад.