Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати покистонӣ: "Мушкил дар тоҷирон аст, на дар семент"


Ҳайати покистонӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. 5-уми июни соли 2013.
Ҳайати покистонӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. 5-уми июни соли 2013.

Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки мушкили марбут ба бесифат будани сементи Покистонро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Муҳаммад Иқбол, раҳбари Иттиҳодияи корхонаҳои тавлиди сементи Покистон, рӯзи 5 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сементи Покистонро дар Тоҷикистон бесифат номида, “бадном” мекунанд.


Талоши корхонаҳои сементи Покистон барои ҳифзи бозори Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
Линки мустақим


Муҳаммад Иқбол мӯътақид аст, ки мушкил дар сементи Покистон набуда, б
алки ҳангоми итиқоли он бархе аз тоҷирон сементи покистониро бо дигар навъи он иваз мекунанд ва дар натиҷа айб ба дӯши корхонаҳои тавлиди сементи Покистон меафтад. Ӯ афзуд, дар ин сафар бо мақомоти Тоҷикистон ба тавофуқ расидем, ки гурӯҳи корӣ ба манзури назорат бар интиқоли сементи содиротӣ аз Покистон ба Тоҷикистон ташкил карда шавад.

Як тоҷири тоҷик ба Радиёи Озодӣ гуфтаҳои Муҳаммад Иқболро тасдиқ карда гуфт, ки сементи Покистонро дар Тоҷикистон ба қавле «ҷазир» мекунанд. Ба таъкиди ин тоҷир, ду сол қабл як халта сементи Покистон 52 кило буд, аммо ҳоло бошад савдогарҳои тоҷик онро 49-50 кило карда, ҳар гуна моддаҳои кимиёвӣ омехта мекунанд. Аммо меафзояд ҳамсӯҳбати мо, ба ин ҳам нигоҳ накарда, сифати сементи Покистон дар қиёс ба сифати сементи тавлиди Тоҷикистон беҳтар аст ва мардум онро бештар харидорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Абдулғаффор, намояндаи ширкати «Поксемент» мегӯяд, мутахассисони тоҷик сементи Покистонро аз санҷиши лабораторияи вижае дар Кобул гузаронида, баъди қонеъ шудан, иҷозаи воридоти сементи Покистон ба Тоҷикистонро медиҳанд. Ба таъкиди намояндаи ширкати «Поксемент» муддати ҳафт сол боз ҳеҷ мушкиле дар вуруди сементи Покистон ба Тоҷикистон вуҷуд надошт.

Аммо ахиран аз сифати паст доштани сементи тавлиди корхонаҷоти Покистон дар Тоҷикистон сару садоҳо паҳн гардид ва ҳатто мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки дигар дар сохтмони биноҳои баландошиёна аз сементи Покистон истифода нахоҳанд кард.

Тоҷикистон солона ба 3 миллион тонна семент эҳтиёҷ доштааст. Ба иттилои масъулони Иттиҳодияи корхонаи сементбарории Покистон солона ба Тоҷикистон ҳудуди як миллион тонна семент ворид мекунанд. Яъне сеяки бозори сементи Тоҷикитсон феълан дар дасти Покистон аст.

Аммо дар ҳоле ки нархи як тонна семент дар худи Покистон 60 доллари амрикоист, як халтаи он дар бозори Тоҷикистон дар ин шабу рӯз 55 сомонӣ нарх дорад. Яъне 1 тоннаи он дар Душанбе барои харидор 1100 сомонӣ, ё тақрибан 225 доллар тамом мешавад.

Вуруди ҳайъати Иттиҳодияи корхонаҳои сементи Покистон ба Душанбе дар ҳолест, ки мавсими нави сохтмон шурӯъ шудааст ва зоҳиран корхонаҳои Покистон намехоҳанд, ки ба сабаби “бадном” шудани сементи ин кишвар ҷойгоҳи худро дар бозори Тоҷикистон аз даст диҳанд. Феълан сементи Покистон дар ин бозор бо тавлидоти “Тоҷиксемент” ва сементи Эрон рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG