Имрӯз панҷшанбе 29-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон сафар намуда, дар ифтитоҳи корхонаи сементбарорӣ иштирок кард. Дар ин бора 29-уми август аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд.
Ба гуфти манбаъ, корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон яке аз бузургтарин корхонаҳои ҳамсон дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин корхона бо иқтидори истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар як сол бунёд ёфтааст.
Зимни ифтитоҳи ин корхона гуфта шуд, корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологӣ муҷаҳҳаз буда, бо вуҷуди истифода аз ангишт ба ҳайси сӯзишворӣ, аз худ на чанг мебарорад ва на дуд. "Умуман дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, ҳатто хокистари ангишт ба ҳайси яке аз ашёи таркибии семент истифода мешавад". Оғози сохтмони корхонаи "Ҳауксин Ғаюр семент" бо сармоягузории муштараки тоҷикиву чинӣ моҳи октябри соли 2011 шуруъ гардида буд.
Зимнан, дар моҳи апрели соли 2012 парлумони Тоҷикистон ширкати тоҷикиву чинии "Ҳауксин Ғаюр семент"-ро аз тамоми навъи андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд. Гуфта мешавад, ин пардохтҳо дар як сол 60 миллион сомониро ташкил медиҳанд.