Аз ҷумла, коргоҳҳои “Тоҷиксемент”, “Тоҷиказот” ва “Ноқил”-и Турсунзода аз калонтарин муассисаҳое ҳастанд, ки имрӯз бо сабаби нарасидани газ бекор мондаанд.
Барои ҳалли мушкили ин корхонаҳо дар Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон як комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи намояндаи ин вазорат, ҳоло ин комиссия барои омӯзиши тарзи кори корхонаҳои сементи Чин бо ангишт озими ин кишвар шудаанд. Баъд аз бозгашти ин ҳайат, Вазорати энергетика дар мавриди иваз намудани маводи сӯхти корхонаҳо аз газ ба ангишт тасмим хоҳад гирифт.
Аслан, масъалаи табдили маводи сӯхти “Тоҷиксемент” ба ангишт ҳанӯз панҷ сол матраҳ шуда буд. Масъулони ин корхона ваъда дода буданд, ки то охири соли 2009 яке аз сехҳои ин корхонаро барои сӯхти ангишт мутобиқ мекунанд. Аммо то ҳол масъалаи гузаштани ин корхона ба ангишт муаллақ боқӣ мондааст ва акнун наздик ба 1000 коргари ин корхона ба рухсатии бемӯҳлат рафтаанд.
Рустам Норов, яке аз муҳандисони ин корхона, рӯзи 27-уми феврал дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳоло бо вуҷуди қатъи интиқоли газ як гурӯҳи хурди коргарон машғули коранд: “Дар даврае, ки газ буд, мо миқдори зиёди ашёи хом истеҳсол карда будем. Ҳоло бошад як гурӯҳ кормандонамон ба коркарди ҳамин захираи ашёи хом машғуланд”.
Дар корхонаи «Тоҷиксемент» то қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон 1042 нафар кор мекарданд ва ин корхона дар соли 2012-ум беш аз 200 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст. Ин дар ҳолест, ки иқтидори лоиҳавии «Тоҷиксемент» як миллиону 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Нурулло Раҳматов, як корманди корхонаи “Тоҷиксемент”, мегӯяд, пас аз соли нав ва қатъ шудани интиқоли газ ӯ дар қатори дигар кормандон ба ӯ низ рухсатии бемузд дода шуд: “То моҳҳои апрел интизор мешавем. Агар Узбакистон газ диҳад, дубора ба кор меравам. Вале агар то ин муддат газ нашавад, маҷбурам роҳи Русияро пеш гирам. Чунки аҳли оиларо як илоҷ карда хӯронидан даркор".
Аммо гузаштан ба ангишт на барои ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон роҳи ҳал аст.
Тоҳирхон Ғозиев, роҳбари “Тоҷиказот”, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр аст, мегӯяд, таҷҳизоти ин корхонаро намешавад ба сӯзишвории ангишт мутобиқ намуд, чунки “барои корхонаи мо газ ин ашёи хом маҳсуб меёбад. Ангишт барои он корхонаҳое мешавад, ки онро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд. Масалан, барои корхонаи алюминий ва ё корхонаи семент. Аз таркиби газе, ки аз ангишт истеҳсол мешавад, бояд чандин газҳои дигарро тоза кард. Барои он ки ба корхонаи мо каме газ истеҳсол кунӣ, садҳо тонна ангиштро бояд сӯхт”.
Ҷаноби Ғозиев афзуд, ки дар ҳолати фароҳам шудани газ корхонаи “Тоҷикиазот” метавонад фавран ба кор шурӯъ кунад ва кулли таҷҳизот дар ҳолати омодабош қарор дорад. Вай умедвор аст, ки дар фурсатҳои наздик Тоҷикистон соҳиби гази худӣ мешавад ва ин корхона ба кораш идома медиҳад.
Масъулони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, айни ҳол дар кишвар ҳашт корхонаи сементбарорӣ фаъолият доранд. Аммо маҳсулоти тавлидкардаи онҳо ҳанӯз аз панҷ як ҳиссаи талаботи Тоҷикистонро қонеъ намекунад ва семент ба Тоҷикистон асосан аз хориҷа оварда мешавад.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли гузашта ба ин кишвар 783,3 ҳазор тонна семент ба маблағи 70,6 млн. доллар ворид шудааст. Семент ба Тоҷикистон асосан аз Покистон ворид мегардад.