Э.Раҳмон дар Исломобод ба ҳамгироии минтақавӣ даъват кард. 2 ВИДЕО

Акс аз сайти президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи 13-уми Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар Исломобод кишварҳои узвро ба ҳамгироии бештар, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, вокуниши сареъ дар робита бо офатҳои табиии фалокатбор ва сармоягузорӣ дар рушди соҳаи туризм даъват кард. Хабарнигорони бахши покистонии Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар рӯзи баргузории ҷаласаи СҲИ мақомоти Покистон таътил эълон карда, ҳаракат дар шаҳри Исломободро маҳдуд ва тадбирҳои амниятиро шадидтар намуданд. Дар кӯчаву хиёбонҳо шумори зиёди нирӯҳои пулис ва амният ба чашм мерасад.

Президент Раҳмон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ даъват кард, ки барои вокуниши сареъ дар баробари офатҳои табиии маргбор омода бошанд. Аз рӯи иттилои расмии мақомоти тоҷик, дар пайи тармафароии моҳи феврал дар Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохтаанд.

Покистон ҷаласаро "хеле муҳим" арзёбӣ кард

Дар ҷаласаи Исломобод президентони Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон суханронӣ карданд. Аз ҷумла, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз “сиёсӣ шудани мӯҳтавои кори ин созмон” ҳушдор дод ва гуфт, он набояд аз ҳадафҳои баррасии масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ канор биравад.

Вазири умури хориҷии Покистон Айзаз Аҳмад Чодурӣ ин ҳамоишро барои рушди иқтисод ва ҳамкориҳои минтақа "хеле муҳим" арзёбӣ кард ва гуфт, "ин нишон хоҳад дод, ки Покистон аз саҳнаи байналмилалӣ канда нест". Соли гузашта баъд аз онки Ҳиндистону Афғонистон аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ карданд, Покистон чанд мулоқоти марбут ба ҳамкориҳои минтақавиро бекор кард. Болоравии хушунатҳо дар минтақаи баҳсии Кашмир дубора Покистону Ҳиндро дучори мушкил кард.

Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон иштирок мекунанд. Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки соли 1985 бо ташаббуси Эрон, Туркия ва Покистон бо ҳадафи рушди тиҷорату иқтисод ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин кишварҳо таъсис шудааст. Ҷаласаи 13-ум дар фурсате баргузор мешавад, ки аз узвияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон дар ин созмон 25 сол пур шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чораҳои иловагии амниятӣ дар Исломободи Покистон

Раҳмон: Имкониятҳои рушди ин созмон афзоиш ёфт

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфт, ки дар ин муддат тавонмандиҳову аҳамияти стратегии ин созмон ду баробар афзуд ва имрӯз ҳам имконияти тавсеаи тиҷорат, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башарии ин созмон хеле зиёд аст. Ба таъкиди ӯ, мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин қаламрав дар муддати ин солҳо 36 % бештар шуд.

Раҳмон ба ҳамгироиву ҳамкориҳои судманди бештари байни кишварҳои узв ва дар сатҳи дуҷониба, беҳбуди зиндагии шаҳрвандон ва пайдо кардани роҳҳои беҳтари ҳамкорӣ даъват кард.

Бо таъкид ба зарурати афзоиши сармоягузорӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои энержӣ, ба қавли Раҳмон, ҳамгироии бештари кишварҳои узв зарур аст. Вай гуфт, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд таваҷҷӯҳи дучанд ба тарҳҳои муштараки инфрасохторӣ, беҳтар кардани шабакаҳои нақлиётиву энержӣ, рушди иҷтимиву иқтисодӣ равона шавад. Бо таъкид ба аҳамияти тарҳи КАСА-100 ӯ гуфт, ташаббуси бунёди барномаи насби хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, ки “як пули нахустини байни Осиёҳои Марказиву Ҷанубӣ арзёбӣ мешавад, саривақтӣ аст”.

Маросими шурӯи сохтмони расмии ин тарҳ моҳи маи соли 2016 дар Душанбе дар ҳузури раҳбарони кишварҳои ширкатдори он– Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Президент изҳори умедворӣ кард, ки “баъди ин тавонмандиҳои энержии кишварҳои ду минтақа боло рафта, дастрасӣ ба энержии замонавиву ҳамешагӣ таъмин мешавад”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё танҳо бо нияти нек Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ муваффақ хоҳад шуд?

Офатҳои фалокатбори табиӣ ҷони одамонро гирифт

Вай гуфт,Тоҷикистон, ки потенсиали азими рушди соҳаи энергии худро дорад ва дар як сол 527млрд квт/соат ҳисоб шудааст, феълан танҳо 5 дар сади ин имкониятро истифода мекунад. Ба ҳамин хотир, гуфт ӯ, Тоҷикистон ҳоло дар пайи бозсохти нирӯгоҳҳои барқи обии мавҷудааш мебошад. Вай гуфт, ба хотири таъмини амнияти энержӣ дар минтақа бояд бо чолишҳои мисли афзоиши аҳолӣ ва афзоиши эҳтиёҷ ба захираҳои об ва мудирияти беҳтари сиёсати об зарур аст.

Оқои Раҳмон гармшавии иқлимро ҳамчун чолиши дигари минтақа номбар кард, ки боиси фалокатҳои табиӣ мешавад. Ӯ гуфт, офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зиёни зиёди иқтисодӣ ва ҳам хисороти ҷонӣ дар пай доштааст ва аз кишварҳои узв даъват кард, ки барои вокуниши сареъ ва изтирорӣ дар баробари ин чолишҳо омода бошанд. Аз рӯи иттилои расмии мақомоти тоҷик, дар паи тармафароии моҳи феврал дар Тоҷикистон 21 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Раҳмон инчунин кишварҳои узви созмонро ба сармоягузорӣ дар соҳаи туризму ҷаҳонгардии Тоҷикистон ва вуҷуди сабукиҳо барои сармоягузорони беруна даъват кард.

100 донишҷӯи афғони муҳассили донишгоҳҳои Тоҷикистон

Яке аз дигар масъалаҳо - таъмини амният дар минтақа ва Афғонистон буд. Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз шомил кардани ҳамсояи наздиктаринаш Афғонистон ба ҷараёнҳои интеграсионии минтақаӣ ҷонибдорӣ мекунад, чун ин ҳамсояи наздиктарини Тоҷикистон мавқеияти Афғонистон дар чорроҳаи тиҷоратии муҳими миёни Осиёи Марказӣ, АвруОсиё ва Ховари Миёна аст.Ба гуфтаи президент, Тоҷикистон барои кӯмак ба Афғонистон 100 донишҷӯи ин кишварро дар донишгоҳҳои маҳаллӣ бо таҳсил фаро гирифта, беш аз 1000 бурсияи таҳсил барои донишҷӯёни афғонро пешниҳод кардааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 28 феврал дар ҳайати намояндагони ҳукумат, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ, ёварони президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ба Исломобод парвоз кард. Эҳтимолан дар ҳошияи ин ҷаласа мақомоти тоҷик бо ҳамкоронашон аз Покистон ва кишварҳои дигар дидору гуфтугӯ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф

Диду боздидҳои Исломобод бо мулоқоти Эрдуғон ва Шариф анҷом ёфт

Боздиди ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз Исломобод анҷом шуд ва шоми 1 март ин ҳайат ба Душанбе баргашт. Дар ҳошияи нишасти 13-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Исломобод президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон мулоқот кард. Ин ҷаласа рӯзи 1 март дар пойтахти Исломобод натиҷагирӣ шуд ва ҳадафаш баррасии масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар мулоқот бо раҳбарони Покистону Туркия, Эмомалӣ Раҳмон масъалаи фаъол намудани сохтмони хати баландшиддати КАСА-1000 ва ҷалби сармоягузории Покистон ба тарҳҳои гидроэнергетикӣ, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсияро баррасӣ кардааст. Дар сӯҳбат бо Эрдуғон дар баробари масоили дигар, мавзӯи ҳамкориҳои тиҷоративу соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмиллалӣ ва туризм баррасӣ шудааст.

Президент Раҳмон Эрдуғонро ба Душанбе даъват кардааст.

Раҳмон ва Эрдуғон