Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии G-20 аз ифшои соҳибони ширкатҳои оффшорӣ


Вазирони молияи бист кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон аз чораҳо барои танзими низоми оффшорӣ, пуштибонӣ карданд. Ҳадафи ин тадбирҳо, пешгирӣ аз шустушӯи пул ва пинҳон доштани маблағҳо аз пардохти андоз мебошад.

Рӯзи ҷумъаи 15-уми апрел дар Вашингтон вазирони молияи 20 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон ё кишварҳои “Гурӯҳи 20” ё Ҷӣ-20 аз тадбирҳо барои танзими низоми оффшорӣ ҷонибдорӣ карданд.

Дар баёнияи расмӣ, ки баъд аз мулоқот ба нашр расид, аз пешниҳоде ҷонибдорӣ шудааст, ки тибқи он дар оянда номи соҳибони воқеии ин ширкатҳои оффшорӣ ифшо хоҳад шуд. Вазирон ҳамчунин пешниҳод карданд, то феҳристи кишварҳое таҳия шавад, ки кишварҳои “паноҳгоҳи байналмиллалӣ” дониста мешаванд ва ҳукуматҳои онҳо аз доду гирифти маълумот дар бораи ширкатҳои оффшорӣ, саркашӣ мекунанд.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки ифшои номи ширкатҳои оффшорӣ барои дифоъ аз низоми молии байналмиллалӣ хеле зарур аст. Иҷрои чунин табдирҳо дар мубориза бо ришвахориву шустушӯи пул ва пешгирӣ аз сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ, кӯмак мекунад.

Ташаббуси мубориза бо ширкатҳои пинҳонии оффшориро вазирони молии Олмону Британия ва Фаронсаву Италия бар ӯҳда гирифтанд. Онҳо мехоҳанд як пойгоҳи электронии маълумоти байналмиллалӣ дуруст кунанд ва дар он номи ширкатҳову соҳибони онҳо ва василаҳои пинҳонкории чунин пулҳо ва ширкатҳоро дар он ворид кунанд.

Мулоқоти вазирони молии 20 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон ё кишварҳои Ҷӣ-20 дар ҳоле анҷом гирифт, ки ҳуҷҷатҳои як ширкати Панама бо номи Mossack Fonseca ифшо шудааст. Ин ширкат машғули созмондиҳии ширкатҳои оффшорӣ будааст.

Вазирони кишварҳои Ҷӣ-20 аз Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ё OECD даъват карданд, ки то моҳи июли соли ҷорӣ дар бораи кишварҳо ва шахсони ҳукуқие гузориш диҳад, ки муқаррароти нави байналмиллалиро дар бораи пардохти андоз ва шаффофият ё табодули маълумот имзо накардаанд. OECD мегӯяд, ҳар сол аз пардохт нашудани андоз аз чунин ҳисобҳо ва ширкатҳои оффшорӣ ҳукуматҳо аз 100 миллиард то 240 миллиард долларро гум мекунанд.

Баъд аз ду рӯзи музокирот дар Вашингтон, вазирони молия эътироф карданд, ки хатарҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон бештар шудааст. Сабаби он афзоиши бамгузориҳои террористӣ ва баргузории раъйпурсӣ дар Британия роҷеъ ба узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо мебошад. То ҳол маълум нест, ки баъд аз ин раъйпурсӣ Британия аз узвияти ин иттиҳодия хориҷ мешавад ва ё дар он боқӣ хоҳад монд.

Ҷейкоб Лию, вазири молияи Амрико аз кишварҳои бузурги саноатии ҷаҳон хост, ки байни худ бештар ҳамкорӣ кунанд ва “Амрико наметавонад ва набояд таҳрикдиҳанда ё мотори ягонаи пешбарандаи рушд бошад”.

Баёнияи расмиии вазирони молии кишварҳои Ҷӣ-20 дар ҳоле пахш шуд, ки чанд соат пеш Panama Papers ё ҳуҷҷатҳои ширкати Панама боз як қурбонии дигар дод, яъне Хосе Мануэл Сориа-вазири саноати Испания барои робитааш бо ин ширкати оффшорӣ, аз мақоми худ истеъфо дод.

Ҳуҷҷатҳои ифшошудаи ширкати Mossack Fonseca-и Панама нишон медиҳад, ки Хосе Мануэл Сориа дар соли 1992 яке аз раҳбарони ин ширкат будааст. Пештар дар ин ҳуҷҷатҳо омада буд, ки раҳбарони Русияву Исландия ва Британияву Аргентина дар ин ширкати пинҳонии офшорӣ сармояҳои худро доштаанд.

XS
SM
MD
LG