Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати рӯбарӯи Назарбоев ва Каримов дар Тошканд


Акс аз сомонаи akorda.kz
Акс аз сомонаи akorda.kz

Дар шаҳри Тошканд музокироти руасои ҷумҳуриҳои Узбакистону Қазоқистон Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев баргузор шуд.

Руасои ҷумҳуриҳои Узбакистону Қазоқистон Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Тошканд масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти минтақаро баррасӣ кардаанд. Назарбоев шоми 14 апрел бо як сафари дурӯзаи корӣ вориди пойтахти Узбакистон шудааст.

Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо Каримов равобити ду кишвари ҳамсояро таърихан дӯстона номид ва гуфт, аз дӯстӣ бо Ислом Каримов ифтихор мекунад: "Тайи солҳои истиқлолият мо натанҳо равобитамонро ҳифз кардем, балки кишварҳои худро наздиктар кардем. Ман бо дӯстӣ бо шумо ва бо дӯстии халқҳои қазоқу узбак ифтихор мекунад."

Тавре дафтари матбуоти президенти Қазоқистон гузориш медиҳад, Ислом Каримов ба навбаи худ бештар ба паҳлуҳои амалии сафари Назарбоев дар ин даврони, ба таъбири ӯ, "мураккабе, ки мо ба сар мебарем," таъкид кард. Ислом Каримов гуфт: "Бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ идома дорад ва ягонкишвари дунё орӣ аз мушкилот нест. Мо мехоҳем, ки аз роҳи дуруст биравем ва пайваста дурустии роҳамонро бисанҷем."

То ин соат дар бораи имзои кадом санади нави ҳамкорӣ байни Узбакистону Қазоқистон дар ҷараёни сафари Назарбоев ё тавофуқоти дигаре байни ин ду кишвар гузориш нашудааст.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар арафаи сафари Назарбоев роҳи мошингард аз маҳаллаи Юнусободи Тошканд то шаҳраки Гишт Куприк дар марзи Қазоқистонро таъҷилан тармим кардаанд. Гишткуприк шаҳракест, ки нисфаш ба Узбакистон ва нимаш ба Қазоқистон тааллуқ дорад. Қисмати қазоқистонии ин шаҳрак Жибекжоли ном дорад.

Аммо бо вуҷуди тармими оҷилонаи ин роҳ Назарбоев на бо роҳи заминӣ аз тариқи вилояти бо Тошканд ҳаммарзи Шимкент, балки бо ҳавопаймои президентиаш ба пойтахти Узбакистон омад.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳам Узбакистону ҳам Қазоқистон – ду кишвари аз нигоҳи иқтидори иқтисодӣ қавитарини Осиёи Марказӣ ба далели бӯҳрони иқтисодии Русия, уфти қимати маҳсулоти асосии содиротиашон дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва коҳиши қурби тангаву сӯм – пулҳои миллии ин ду кишвар дар муқобили доллар – ба мушкилоти ҷиддие рӯбарӯ шудаанд.

Узбакистон ҳамзамон аз коҳиши даромади беш аз 2 миллион муҳоҷири кориаш дар Русия азоб мекашад. Бино ба омори Бонки марказии Русия, дар соли 2015 аз ин кишвар ба Узбакистон ҳамагӣ 2,4 миллиард доллар пул интиқол шудааст. Дар соли 2014 аз Русия ба Узбакистон 5,5 миллиард доллар пул фиристода шуда буд.

Мавзӯи дигаре, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарони Узбакистону Қазоқистонро ба сӯи ҳамкории бештар таҳрик медиҳад, афзоиши хатари тундгароии мазҳабӣ, ба хусус аз самти Узбакистон ва аз тарафи гурӯҳҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ” , Ҳаракати исломии Узбакистон ва амсоли онҳост. Ба ҳисоби Soufan Group, як маркази таҳқиқотии марказаш дар Амрико, ки фаъолияти гурӯҳҳои тундравро пайгирӣ мекунад, дар соли гузашта шумори шаҳрвандони Қазоқистон дар сафи “Давлати исломӣ” дар хоки Сурияву Ироқ беш аз 300 нафар ва шумори ҷангҷӯёни узбак беш аз 500 нафарро ташкил медод. Мақомоти амниятии худи ин кишварҳо шумори шаҳрвандонаш дар Сурияву Ироқро хеле бештар меноманд.

Бобоҷон Қаробоев, як шаҳрванди тоҷик, ки довталабона аз Сурия баргашта, мавриди афв қарор мегирад, ба Озодӣ гуфт, ҷангҷӯёни қазоқ дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” хеле мунсаҷаманд ва ҳатто катиба(бригада)-и алоҳидаи худро доранд.

Даҳҳо ҷангҷӯи дигари қазоқу узбак, бино ба маълумотҳо, дар Афғонистону Покистон тамрин дида, низ ташнаи ба арсаи Осиёи Марказӣ кӯчондани доманаи ба ном “ҷиҳод”-ашон мебошанд.

Дар ин росто бовар меравад, ки тамаркузи Каримов ва Назарбоев дар музокироти Тошканд бештар рӯи масоили амниятӣ қарор мегирад. Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба 137 километр марзи мустақиме, ки Узбакистон бо Афғонистон – манбаи асосии нигарониҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.

Ислом Каримови 78-сола ва Нурсултон Назарбоев, ки моҳи июл синни 76-ро пур мекунад, аз дарозумртарин раҳбарони Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҳардуи онҳо дар тобистони соли 1989, вақте ки ҳанӯз Шӯравӣ побарҷо буд, ибтидо ба ҳайси котиби аввали ҳизби дар он замон яккатоз ва ҳокими коммунисти ҷумҳуриҳои худ ба қудрат расиданд. Ҳарду дар соли 1990 мақоми худро ба президентӣ иваз карданд ва бо тағйири батакрори Қонуни асосӣ ва кушодани роҳ ба тамдиди навбанави замони раёсаташон инак, 27 сол боз бар Узбакистону Қазоқистон – ду кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ қавитарини минтақа раҳбарӣ мекунанд.

Қазоқистону Узбакистон ҳарду кишварҳои худкома шумурда мешаванд, вале хатти машши сиёсии Остонаву Тошканд аз ҳам хеле фарқ мекунад. Ҳукумати Назарбоев тарафдори ҳамоиши бештари кишварҳои минтақа буда, дар тақрибан ҳама тарҳҳои минтақавӣ, бо шумули СНГ, Паймони амнияти дастаҷамӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай фаъолона иштирок мекунад. Ҳукумати Каримов баръакс сиёсати инзивоъгароиро пеш мебарад ва зиёд моили ҳамоишу ҳамкорӣ бо ҳамсояҳояш дар минтақа ба назар намерасад.

XS
SM
MD
LG