Ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 16 феврал дар шаҳри Брюссел ба анҷом расид. Раҳбарии ҳайатҳои музокиракунандаро вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳолланд – Сироҷиддин Аслов ва Берт Коендерс (ҳамчун намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳоди Аврупо) ба ӯҳда доштанд. Дар поёни нишаст дипломатҳои баландпоя аз ҷараёни музокирот изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтугӯҳоро дар масоили сиёсӣ, равандаҳои иқтисодӣ, баҳсҳои марбут ба об дар минтақа ва дигар мавзӯъҳо "созандаву муфид" арзёбӣ карданд.
Берт Коендерс гуфт: "Ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки субҳи имрӯз натиҷагирӣ шуд, хеле созанда ва муфид буд. Ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаӣ таъкид кардем”.
Ӯ афзуд, зимни баррасии масоили сиёсии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, "дар бораи ҳолати душворе, ки Тоҷикистон дар марзҳояш рӯбарӯ шудааст, сӯҳбат кардем. Нияти Иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон бояд пешрафт кунад. Дар шароити тавсеаёбии хатарҳои тундгароӣ, мо ҳақи Тоҷикистонро барои ҳимояи сохторҳои давлатиаш эътироф мекунем. Вале таъкиди мо ин аст, ки дар баробари ин бояд ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ дар ҳама шароит ва ҳамчунин озодиҳои муҳити сиёсӣ бояд риоя шавад."
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар
мулоқоти имрӯза дар масоили ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ, стратегияи дарозмуддати ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва вазъи иқтисодии имрӯза, масоили обу энержӣ дар минтақа баррасиҳо сурат гирифт. Аслов бо таъкид ба зарурати идомаи ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки бо назардошти вазъи кунунии минтақа, нақши Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ то рафт муҳим мешавад. Ӯ гуфт: “Муҳим ин аст, ки пеш аз ҳама ба чолишҳое таваҷҷӯҳ шавад, ки суботи амниятӣ ва ҳам пешрафтҳои иқтисодии минтақаро асар мекунанд. Мо ба ӯҳдадориҳои худ дар амри риояи принсипҳои демократӣ, озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон таъкид кардем”.
Аслов таъкид кард, ки дидгоҳи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо барои тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷорниба ва дар сатҳи минтақавӣ бо тамоми сохторҳои ин иттиҳод мувофиқ аст. Вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба суоли хабарнигори Радиои Аврпуои Озод/ Радиои Озодӣ Ричард Ҷозяказ , ки ҷаноби вазир дар бораи кӯшиши кудатои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ва ҳам тасмими баҳсбарангези бастани ҲНИТ, ки мавриди интиқоди шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар шудааст, чӣ назар дорад?
Сироҷиддин Аслов гуфт, ки ин мавзӯъ яке аз масоили мавриди баррасии онҳо дар ҷаласаи рӯзи сешанбе бо дипломатҳои аврупоӣ буд. Ӯ гуфт, “вақте ҳамкорони аврупоӣ дар бораи вазъи амниятии Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд, бояд воқеиятҳои моро дарк кунанд. Мо дар рӯбарӯи таҳдидҳои экстремизму терроризми ҷаҳонӣ қарор дорем. Тоҷикистон дар фосилаи наздик аз манотиқи ноамн қарор дорад. Аксари сокинони мо мусалмон ҳастанд, аммо дар миёни онҳо дарсади муайян афроди мутаассиб ҳаст, ки ба ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ бовар мекунанд. дасисабозони мазҳабӣ аз ин вазъият мехоҳанд сӯиистифода кунанд”.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита бо ҳаводиси 4 сентябр, ки онро мақомот ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода номиданд ва ҲНИТ-ро дар ташкили он айбдор карданд, гуфт: “Гурӯҳи террористон бо гурӯҳҳои дигари мавҷуд дар дохили кишвар ва ҳам аз берун мехостанд, ки табаддулоти давлатӣ кунанд. Мо тадбирҳое андешидем, ки аз амали ин гурӯҳҳои ҷилавгирӣ кард. Шумо медонед, ки ҳоло вазъ дар Тоҷикистон мӯътадил аст” - гуфт Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.
Ричард Ҷозвяк, хабарнигори радиои Озодӣ нисфирӯзии 16 феврал аз шаҳри Брюссел гуфт, ки мулоқоти баъдии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Федерика Могерини, намояндаи
аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва ҳам сиёсати амниятӣ “хеле кӯтоҳ буд, тахминан 20-25 дақиқа тӯл кашид”. Ба гуфтаи ӯ, ин музокирот ба масоили мавриди баррасии ҳарду ҷониб “хеле умумӣ, бидуни барраси ҷузъиёти масъалаҳо” муроҷиат кард. Вай гуфт, Федерика Могеринӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2015, яъне ду моҳ баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода дар Брюссел сӯҳбат карда буд ва ҳарфи наве дар ин замина садо надод. Дар мулоқоти 16 феврал, ба гуфтаи ӯ, “Дар маҷмӯъ гуфта шуд, ки Тоҷикистон бояд ба ҳуқуқи башар ва озодии маҷлис эҳтиром қоил шавад”. Яке аз масоиле, ки бо Могеринӣ баррасӣ шуд, таъмини амният, бахусус амнияти марзҳо буд. Вай гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ба хатари тундгароӣ бо ҷиддият муносибат мекунад. “Ба назар мерасад, ки Иттиҳоди Аврупо бештар аз афзоиши хатарҳои терроризм ва тундгароӣ нигарон асту мехоҳад бидонад, ки Тоҷикистон барои муқобила бо ин таҳдидҳо чӣ мекунад. Аз ин хотир, эҳососи мо ин аст, ки Иттиҳоди Аврупо бештар аз ноамнӣ нигарон аст, то аз нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар”.
Дар остонаи ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо пахши изҳороте аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки дар нишасти Брюссел бо мақомоти тоҷик чанд масъалаи муҳим баррасӣ шавад. Ин - тамаркузи бештар ба масоили озодӣ, ҳуқуқи башар ва демократия, матраҳ шудани басташавии ҲНИТ ва зиндонӣ кардани даҳҳо масъулини он, ки боиси афзоиши ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ дар кишвар мешавад.
Дар арафаи нишасти Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел як гурӯҳи раҳбарони мухолифини сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, ки аксаран дар хориҷ ба сар мебаранд, дар номаи саркушодае ба намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе Ҳидоят Бишчевич аз сарнавишти даҳҳо нафаре, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сиёсӣ дастгир шудаанд, изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо навиштаанд, ки мақомот дастикам ду вакилеро, ки ба ҳимоято аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ҷуръат карданд, яъне Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро “тӯҳматҳои воҳӣ ва пуч” боздошт ва вакилони бақияро ҳам барканор кардаву, барои онҳо адвокатҳои давлатиро таъин кардаанд.
Иттиҳодияи Аврупо, ки аз соли 1994 бо Душанбе ҳамкорӣ дорад, аз сармоягузорони умдаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои солиҳои 2014 -2020 барномаи дарозмуддати стратегиеро ба роҳ андохтааст, ки ироаи 251 миллион евро кумакҳо ба ин кишвари Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
Афзоиши таҳдидҳои фаромарзие, чун ифротгароӣ, боис шудааст, ки ин созмон дар роҳи ироаи кумакҳояш ба Тоҷикистон рӯи масоили амниятӣ тамаркузи бештар кунад. Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла дар ҳоли ҳозир барномаи 5-миллиондоллариеро бо номи БОМКА сармоягузорӣ мекунад, ки ҳадафаш таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин марзи тӯли умумиаш қариб 1400 километр аст.