Абдуқодирзода: Сарпечӣ аз фармони шоҳи одил гуноҳ аст

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон.

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро "шоҳи одил" хонда ва аз намозгузорон даъват кард, ки ба ӯ нофармонӣ накунанд.

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 18 декабр дар мавъизаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро шоҳи одил хонда ва аз намозгузорон даъват кард, ки ба ӯ нофармонӣ накунанд.

Абдуқодирзода гуфт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист кишварро аз фурӯпошӣ ва мардумро аз парешонӣ наҷот диҳад. Аз ин хотир ӯ шоҳи одил маҳсуб мешавад. Ҷаноби Абдуқодирзода таъкид кард, ки сарпечӣ аз иҷрои дастуру фармонҳои раҳбари давлат ба бурузи фитна дар кишвар шуда ва мумкин аст, дубора Тоҷикистон ба вартаи бало кашида шавад.

Ӯ аз ҳаводиси солҳои 1990 ёдовар шуд, ки маҳз нофармонию саркашиҳо ба мухолифат ва ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон гуфт, дар замони бесарусомониҳо ва ҷангу ҷидол танҳо Эмомалӣ Раҳмон ҳозир шуд зимоми давлатро ба даст гирифта ва ба кишвар сулҳу субот овард.

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ки мардум бояд аз фазои сулҳу оромии Тоҷикистон шукргузорӣ карда ва дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид шаванд.

Ӯ ба вазъияти фоҷиабори Сурияю Ироқ ишора гуфт, ки кишварҳои абарқудрат бо истифода аз вазъи ноороми ин кишварҳо ба сари мардум бомба мерезанд ва силоҳҳои навтарини худро дар ин ҷо месанҷанд.

Зимнан, дар пайи тасвиби қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат” дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар рӯзи 9 декабри соли ҷорӣ ва тасвиби ин қонун аз сӯи Маҷлиси миллӣ дар таърихи 18 декабр, радиою телевизион, агентии “Ховар”ва дигар нашрияҳои давлатӣ ба ситоиши шахсият ва дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмон пардохта ва ҳамарӯза аз ҳамоиши мардум ва ибрози назари шахсиятҳои фарҳангию сиёсӣ матолиб пахшу мунташир мекунанд.

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ ду рӯз пеш бо нашри як баёния пешвои миллат эълом шудани Эмомалӣ Раҳмонро мувофиқ ба суннат ва дини муҳаммадӣ хондааст.

Дар баёния аз ҷумла омадааст: “Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур бо маънавиёти дини муҳаммадӣ ва рукнҳои муҳими ахлоқи исломӣ комилан мувофиқ аст. Худованди Ғолиби Боҳикмат дар марҳилае ин марди накӯномро ба арсаи сиёсат овард, ки миллат дар остонаи фано буд”.

Ҳамчунин, ин ниҳод аз имом-хатибони масоҷид даъват кардааст, дар шарҳу тавзеҳи ин санади ҳуқуқӣ, ба мардум саҳми фаъол бигиранд.