Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пешвои миллат" - роҳ ба сӯи раҳбарии якумрӣ


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

"Пешвои миллат" на унвон, балки мақоме хоҳад буд, ки раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмонро пас аз анҷоми ваколати президентӣ дар умури давлатдорӣ фаъол нигаҳ медорад.

Қонун дар бораи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", ки 9 декабр аз сӯи вакилони парлумон тасвиб шуд, ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад. Ваколати президентии Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 қатъ мешавад ва тибқи Сарқонуни амалкунандаи Тоҷикистон ӯ ҳаққи пешбарии номзадиашро ба мақоми раёсати ҷуҳмур аз даст медиҳад.

Аммо банди 6-и қонуне, ки рӯзи 9 декабр дар парлумони кишвар бо сад дар сади оро тасвиб шуд, Эмомалӣ Раҳмонро аз салоҳиятҳои густардаи марбут ба давлатдорӣ бархӯрдор кардааст.

Прездиент Раҳмон баъди рафтан аз мақом ба ҳайси “Пешвои миллат” дар пойтахт ва зодгоҳаш дафтари корӣ хоҳад дошт. Бар пояи ин қонун иҷрои машваратҳои “Пешвои миллат” барои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ҳатмӣ мешавад ва “масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ” бо ӯ мувофиқа карда мешавад. Бандҳои қонуни “Пешвои миллат” ин ақидаро ба миён овардааст, ки эҳтимол баъди қатъи ваколати раёсати ҷумҳуриаш Эмомалӣ Раҳмон қудрати худро ба шакли дигар тамдид мекунад.

Нукоти муҳими Қонуни "Пешвои миллат"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ҳарчанд, бандҳои ин қонун бо Сарқонуни Тоҷикистон мухолиф ҳам бошад, аммо ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон сохтори нави шабеҳи “Раҳбари Олӣ”-и Эрон пайдо шавад. Раҳбари Олии Эрон дар асл раҳбари ягонаи ин кишвар аст, дар сиёсати дохиливу хориҷӣ ҳарфи ниҳоиро мегӯяд ва тасмими ниҳоиро мегирад.

Ҳакимов мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон ин сохтор комилан аз сохтори мавҷуд дар Эрон фарқ хоҳад кард, аммо мазмунан ба ҳамон монанд мешавад. "Бояд қабл аз ин Сароқонун иваз мешуд, зеро дар Сарқонун вазифаҳои президент пас аз қатъи ваколат комилан дигар аст. Шояд иваз шудани Сарқонун низ дар назар гирифта шуда бошад, зеро ин қонун дар оянда ба Қонуни асосӣ мухолифат мекунад," - гуфт Ҳакимов.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик аз эҳтимол дур намедонад, ки дар соли 2020 яке аз афроди мавриди эътимоди президент, шахсе мисли писараш Рустами Эмомалӣ сари қудрат биёяд ва ӯ зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, дафтардори “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” фаъолият кунад.

Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон 10 декабр ба Озодӣ гуфт, дар ҷаҳон мақоми “Пешвои миллат” дар шаклҳои мухталиф борҳо таҷриба шудааст ва натиҷаҳои хеле хуб барои миллатҳо додааст. Ӯ Озарбойҷонро намуна овард, ки пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ ба Ҳайдар Алиев чунин мақомро дод ва ин мард Озарбойҷонро ба як кишвари пешрафта табдил дод. Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар соли 1992 то кунун таҷрибаи ғанӣ ва беназири давлатдорӣ ҳосил кардааст, аз ин рӯ, миллат ба истифодаи ин таҷриба ҳамеша ниёз дорад.

"Мо дар марҳилаи гузариш қарор дорем ва миллат ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тамоми мушкилот паҳлӯяш буд, таҷрибаи ғании давлатдорӣ дорад, ҳамеша эҳтиёҷманд боқӣ мемонад. Ин Қонун ифодагари ормонҳои сокинони Тоҷикистон аст," - гуфт раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон.

Қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” рӯзи 9-уми декабр аз ҷониби парлумон ба тасвиб расид. Ин Қонун ҳамчунин “Пешвои миллат”-ро аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод мекунад. Истифодаи ибораи “Пешвои миллат” сар аз соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон корбурд мешуд. Аммо парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунан ба мақом табдил дод, ки пас аз қатъи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор меояд.

Дар ин қонун гуфта нашудааст, ки кай ваколати президент қатъ мешавад, аммо коршиносон мегӯянд, Сарқонун на бештар аз ду давраи президентиро иҷоза медиҳад. Ин ду давраи ҳафтсолаи раҳбарӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG