Маҷлиси Намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон барои баррасӣ ва таҳияи тарҳи ниҳоии қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" як гурӯҳи кории вижа таъсис додааст. Ин гурӯҳ бояд ҳанӯз то баррасӣ дар иҷлосияи парлумон матни ниҳоии тарҳи ин қонунро, ки дар матбуот алакай “қонуни Пешвои миллат” номаш додаанд, ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва мавқеи раисиҷумҳур ба ин тарҳро мушаххас кунад.
Пешнависи тарҳи қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" рӯзи 23 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси Намояндагон баррасӣ шуда буд. Ин қонун дар сурати тасвиб шуданаш унвони "пешвои миллат" ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро қонунӣ мекунад.
Ҷузъиёти ин тарҳ ҳанӯз расман нашр нашудааст, вале ба гуфтаи вакилони огоҳ аз ҷараёни таҳияи тарҳи ин қонун, “қонуни Пешвои миллат” аз 3 боб ва 16 модда иборат буда, дар он тартиби арҷгузорӣ ба шахси “Пешвои миллат”, ҳамчунин ҳуқуқ салоҳиятҳо ва имтиёзҳои ӯ, бо шумули таъмини амният ва нафақаи “Пешвои миллат” зикр шудаанд. Онҳо мегӯянд, тарҳи ин қонунро бар асоси қонуне сохтаанд, ки дар Қазоқистон тасвиб шуда, ба раиси он ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев мақоми "Элбасӣ" ("Пешвои миллат")-ро додааст.
Тавре вакилони Маҷлиси намояндагон мегӯянд, яке аз моддаҳои тарҳи қонуни мазкур таъмини амнияти “Пешвои миллат”-ро дар бар мегирад, ки ҳангоми сафарҳо ва ҳаракат дар хиёбонҳо аз ҷониби кадом ниҳодҳо ва чигуна таъмин карда шавад?
Ба гуфтаи мусоҳибони мо, моддаи дигари ин тарҳи қонун марбут ба масоили таъмини “Пешвои миллат” бо васоили нақлиёт мебошад ва дар як моддаи дигари он тартиби муқаррар кардани нафақаи “Пешвои миллат” нишон дода шудаст.
Вакилони парлумон мегӯянд, дар боби дувуми тарҳи қонун тартиби эҳтироми “Пешвои миллат” аз сӯи ҷомиа зикр шудааст. Ду моддаи ин боби тарҳи қонун марбут ба таъсиси китобхона ва осорхонаи “Пешвои миллат” будааст.
Вакилони парлумон, ки бо Озодӣ бидуни бурдани ном сӯҳбат карданд, мегӯянд, қарор аст, дар китобхонаи “Пешвои миллат” китобҳо, фармонҳо, қарорҳо, тарҷумаи ҳол ва ҳама он маводи дигаре ки бо қаламу имзои президент Эмомалӣ Раҳмон таълиф шудаанд, гирдоварӣ шуда, дар маърази тамошои алоқамандон қарор дода шавад. Дар ин китобхона ҳамчунин китобҳои таълифкардаи президент Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳое, ки нависандагону коршиносон дар бораи ӯ навиштаанд, ҷой дода хоҳанд шуд.
Дар осорхонаи “Пешвои миллат”, ба гуфтаи мусоҳибони мо, “аксу наворҳои марбут ба муборизаҳои президент Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор сохтани сохти конститутсионии кишвар шурӯъ аз солҳои 90-ум то ба замони ба даст овардани сулҳи тоҷикон дар соли 1997 ҷой дода хоҳад шуд.” Ҳамин тавр, дар ин осорхона аксҳои мухталифи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сафару мулоқотҳояш ва наворҳои дидору сафарҳои президент ба хориҷ ба маърази намоиш гузошта мешаванд.
Вале мусоҳибони мо мегӯянд, ки ин танҳо тарҳи пешниҳодист ва дар пешнависи ниҳоии тарҳи қонуни "Пешвои миллат" шояд бархе аз ин пешниҳодҳо ҳазф ва пешниҳодҳои дигаре баракс илова шаванд.
Маҷлиси намояндагон мегӯяд, гурӯҳи корӣ дар ибтидо тарҳи қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат"-ро ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кунад. Аммо вакилони парлумон дар назар доранд, алакай то поёни моҳи ноябр дар иҷлосияи навбатӣ тарҳи ин қонунро баррасӣ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 63 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд ва инак, 23 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.
Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 23 соли раҳбариаш мешуморанд.
Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 23 сол ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон то ҳол натавонистааст мардумашро бо газу нирӯи барқ ва ҷои кор таъмин кунад. Онҳо ҳамин тавр, шахспарастӣ, маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ, саркӯби дигарандешон ва то имрӯз дар Тоҷикистон доир нашудани як интихоботеро, ки аз сӯи нозирони байналмилалӣ озоду демократӣ эътироф шуда бошад, аз дигар натиҷаҳои манфии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ном мебаранд.