Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази оянданигарӣ зидди "пешвои миллат" номидани Э.Раҳмон


Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ аз пешниҳоди расман "пешвои миллат" номидани Эмомалӣ Раҳмон шадидан интиқод карда, онро хилофи арзишҳои демократӣ донистааст.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми Тоҷикистон пешниҳодҳо дар бораи расман "пешвои миллат" номидани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро хилофи арзишҳои як кишвари демократӣ номидааст. Ин марказ рӯзи 10 апрел бо ирсоли нома ба Радиои Озодӣ гуфт, "пешво одатан дар низомҳои қабилавӣ, шоҳигарӣ ва теократӣ мешавад, на дар ҷомеаи демократӣ."

Қаблан Носирҷон Салимӣ, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмади Самеъ бо нашрия як мақола дар торнамои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳод карданд, то оқои Раҳмон расман "пешвои миллат" номида шавад.

Инак, матни номаи Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академия:

"Зимни таҳлили расонаҳо мавзӯе бо номи «Пешвои миллат» шакл гирифта истодааст, ки метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад. Дар ҳеҷ як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд. Пеш аз он ки ба чунин масъалагузориҳо ҳар донишманде ё пажӯҳишгаре даст мезанад, бояд ба чанд нуктаи муҳим ва усулӣ диққат диҳад.

Пеш аз ҳама дар байни давлат ва ҳукумат фарқияти усулиро бояд ба ҳисоб гирифт. Давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи «пешво» вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун «пешво» вуҷуд надорад.

Идеяи пешниҳодшудаи «пешво» аз як тараф ҳамин гуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта, аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад. Пешво одатан дар низомҳои қабилавӣ, шоҳигарӣ ва теократӣ мешавад, на дар ҷомеаи демократӣ. Чун Тоҷикистон низоми демократиро интихоб кардааст ва зиёда аз 140 давлатҳои ҷаҳон бо ҳамин сабаб истиқололияти давлати моро ба расмият шинохтаанд,зарурати пешниҳоди чунин идея вуҷуд надорад.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки Президенти кишвар дар вохӯрии наврӯзии худ бо зиёиён таъкид карда буд, ки онҳо аз шахсиятҳои мансабдор қаҳрамонсозӣ накунанд, балки дар андешаи роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеа бошанд ва барои ин консепсияи рушди миллиро то соли 2050 таҳия, пешниҳод ва расонаӣ намоянд, то ки ҳукумат ба мардум наздик шавад ва мардум ба ҳукумат эътимод пайдо кунад. Мутаасифона, зиёиёне, ки чунин пешниҳодҳои бемавқеъ тавсия мекунанд, ҳассосият ва бархурдҳои идеологии ҷаҳони муосирро дарк накардаанд, ки боиси забондарозии мухолифони давлати демократии Тоҷикистон хоҳад гашт. Одатан ин гуна зиёиён дар баробари мушкилоти имрӯзи ҷомеа ва бархурдҳои идеологӣ бетараф ҳастанд ва ба хотири манфиатҳои худ мавқеашонро зуд ба осонӣ метавонанд иваз намоянд.

Мақолаҳое, кидар мавриди идеяи пешво донишмандони тоҷик менависанд, мақолаҳои илмӣ набуда, сарчашмаҳои истифодашуда, аксаран арзишҳои демократиро таҳриф ва инкор мекунанд.

Ҳамин гуна пешниҳодоти бемаврид тамоми ибтикороти созандаи Президентро бекор мекунад. Тибқи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳияи консепсияи рушди миллӣ то соли 2050 ҷомеаи тоҷик имрӯз ба саноатикунонии кишвар аз тарафи соҳибкорон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини доимии аҳолӣ бо барқ, баланд бардоштани сатҳи илму маориф, пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва сиёсӣ накардани дину мазҳаб ниёз дорад. Ин мушкилиҳо тамоми масъулони давлатӣ ва зиёиёни кишварро водор месозанд, ки сари мушкилоти ҷойдошта чораҷӯйӣ намоянд ва аз таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир самаранок истифода карда, ҳар чи зудтар барои бартараф кардани чунин мушкилот камари ҳиммат банданд.

Зеро, дар қонунҳои давлатдории демократӣ механизми амалисозии чунин пешниҳод вуҷуд надорад. Чунин мавқеъгирии зиёиён гурез аз омӯзиш ва ошкор намудани мушкилоти ҷомеа буда, раванди рушди чомеаи демократиро бозмедорад. То ба ҳадде чунин пешниҳодҳо сохтакорона ва ѓайриҳирфаӣ мебошанд, ки дар онҳо дар мавриди пешниҳоди Президент оид ба консепсияи рушди миллӣ таваҷҷуҳ нашудааст.

Мо Ҳукумати Тоҷикистон ва зиёиёни кишварро ҳамчун масъулони давлатдории демократӣ даъват менамоем, ки дар мавриди консепсияи рушди миллӣ ва моделҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ андеша ва пешниҳодҳои ҷиддӣ намоянд. Мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро дуруст ташхис карда, ҳар чи зудтар роҳҳои ҳалли амалии онро пешниҳод намоянд.

ш.Душанбе 10.04.2015"

XS
SM
MD
LG