Дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 25-уми сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дастаи занонаи Тоҷикистон бар тими Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ ва Сабрина Абророва (капитан Саодат Одинаева) дохил буданд.
Насриддинзода бар Сушила Гуруна, Антонова бар Синдира Ҷоши, Ҳотамӣ бар Сузана Лоҳани ва Абророва бар Моналиша Хамбоо ғолиб омаданд. Баъди ду даври мусобиқот Антонова 1,5 имтиёз ва се шатранҷбози дигари тоҷик якимтиёзӣ гирифтаанд.
Вале дар даври дуюм дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Алишер Каримов (капитан Ҷамшед Исоев) аз тими Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Танҳо Амонатов бар Давид Навра ғолиб омад. Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев аз Виктор Лазника, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев аз Ҷири Стосек ва Каримов аз Петер Мичалик мағлуб шуданд. Пас аз анҷоми ду даври мусобиқот Амонатов 2 имтиёз, бародарон Муҳаммад ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаевҳо, инчунин Амин Қобилов якимтиёзӣ доранд, вале Каримов, ки як бозӣ кардааст, имтиёз ба даст наовардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шатранҷ дар куҷо пайдо шудааст - Узбекистон, ё кайҳон?Ёдовар мешавем, дар даври аввали Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 24-уми сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардид, дастаи мардонаи Тоҷикистон бар тими Лесото бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Вале тими занонаи Тоҷикистон аз дастаи Чин бо ҳисоби 0,5:3,5 мағлуб гашт.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии даври дуюм дар байни 150 тими занона 8 даста – Ҳиндустон, Озарбойҷон, Ветнам, Руминия, Куба, Туркия, Юнон ва Аргентина - бо 8-имтиёзӣ пешсафанд. Тими занонаи Тоҷикистон бо 4,5 имтиёз ҷойи 67-умро касб намудааст.
Дар сабқати мардон 7 дастаи пешқадам – Фаронса, Лаҳистон, Ҳолланд, Перу, Словакия, Бразилия ва Бангладеш - 8-имтиёзӣ доранд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар байни 150 кишвар дар мақоми 66-ум қарор дорад.
Дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми, ки имрӯз, 26-уми сентябр, барпо мегардад, тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Ямайка ва мардони шатранҷбози тоҷик бо мунтахаби Тайланд рақобат мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Саодат Одинаева: Шоҳмот ҳаёти ман астОлимпиадаи шоҳмотро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.
Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми то рӯзи 6-уми октябр идома хоҳад кард. Барои омодагӣ ва баргузории Олимпиадаи шаҳмот ҳукумати Гурҷистон 20 миллион доллар ихтисос додааст.
Ҳуқуқи мизбонии Олимпиадаи ҷаҳониро Батуми соли 2014 дар Ассамблеяи кулли Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар Торонто бо 93 раъй ба даст овардааст. Рақибаш – шаҳри Дурбан (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 58 раъй гирифта буд.
Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми Вишванатан Ананд, қаҳрамони 15-уми ҷаҳон баъди 12 сол дар ҳайати мунтахаби Ҳиндустон ширкат дорад. Ӯ ба мусобиқот аз даври дуюм шуруъ карда, Маркус Ваггери австриягиро шикаст дод.
Қаҳрамони феълии ҷаҳон Магнус Карлсени норвегиягӣ дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Батуми иштирок намекунад, зеро ки ӯ ба мусобиқа барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон бо Фабиано Каруана, шатранҷбози Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 9-ум то 28-уми ноябри имсол дар Лондон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.