Суханони муфтии аъзами Арабистони Саудӣ Шайх Абдулазиз Ал-Шайх, ки дар як мавъизааш шоҳмотро ҳаром ҳукм кардааст, ба мавҷи интиқодҳо дар Интернет рӯбарӯ шуд. Корбарони араб дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навиштанд, ки шоҳмот як бозии ақлонист ва рӯҳониёни муҳофизакор ба ҳамин далел ин бозиро чашми дидан надоранд. Гурӯҳи дигар баръакс аз фатвои муфтии аъзами Саудӣ пуштибонӣ карда, мегӯянд, чандин донишманди дигари Ислом низ ҳушдор додаанд, ки бозии шоҳмот метавонад одамро мӯътод кунад ва мардумро аз иҷрои фаризаҳои ҳаррӯзае, чун гузоридани намоз ва зикр, дур кунад.
Шайх Абдулазиз Ал-Шайх дар як навори 44-сониягӣ, ки як тамошобини шабакаи “Ал-Маҷд”, як шабакаи мазҳабии Арабистони Саудӣ дар Ютуб гузоштааст, бо такя ба як ояти “Қуръон”, ки қиморро дар баробари бутпарастӣ ва хамр ҳаром ҳум мекунад, мегӯяд, ки бозии шоҳмот манъ аст. Ба гуфтаи муфтии Саудӣ, бозии шоҳмот “боиси сарфи вақту пул ва эҷоди рақобату душманӣ” мешавад, чунки мардуми дороро нодор ва нодоронро доро мекунад.
Доираҳои пурнуфузи рӯҳонии Арабистони Саудӣ маъмулан меъёрҳои шадиди мазҳаби суннии дини Исломро, ки бо номи Ваҳҳобия маъруф аст, таблиғ мекунанд.
Вале қаблан оятуллоҳ Алии Систонӣ, яке аз рӯҳониёни пурнуфузи шиъаҳои Ироқ низ шоҳмотро ҳаром ҳукм карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ин бозӣ низ метавонад барои қимор истифода шавад. Қимор дар Ислом ҳаром ҳукм шуда, даст задан ба он барои мусулмонон манъ шудааст.
Дар Тоҷикистон низ алоқамандони шоҳмот ҳарфҳои муфтии Саудӣ дар бораи ин бозиро ба боди интиқод мекашанд.
Илҳом Юнусов, дабири кулли Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон ва устоди фанни шоҳмот дар мактаби “Раҳнамо”-и шаҳри Душанбе, рӯзи 22 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, далелҳои овардаи муфтии Саудӣ чандон қавӣ ба назар намерасанд: “Дар вақтҳои охир аксари мусобиқаҳои шоҳмот дар Эрону Имороти Муттаҳидаи Араб мегузаранд. Раиси Федеросиюни шоҳмоти Осиё низ аз шайхҳои Иморот аст. Агар Ислом шоҳмотро ҳаром ҳукм мекард, магар ин кишварҳои мусалмонӣ мизбонии мусобиқаҳояшро ба дӯш мегирифтанд? Ваё як шайхи араб раиси Федеросиюни шоҳмот мешуд? Ҳангоми мусобиқаҳо дар ин кишварҳо, дуруст аст, ки вақте садои азон баланд мешавад, бозиро мутаваққиф мекунанд ва баъди адои намоз бозигарон пушти мизи бозӣ бармегарданд. Шоҳмот касеро аз ёди Худо ё аз адои намоз дур намекунад. Як бозии ақлонист, на шоҳмот.”
Илҳом Юнусов, ки ҳар се фарзандаш, бо шумули як писар ва ду духтари ӯ, низ шоҳмотбозанд, дар тақвияти гуфтаҳояш аз шоирони классики тоҷику форс мисол овард ва гуфт: “Агар шоҳмот ҳаром мебуд, магар бузургони мо васфи он мекарданд? Фирдавсиро бубинед, ки мегӯяд:
Пиёда бидонанду пилу сипоҳ,
Руху аспу рафтори фарзину шоҳ.
Ё Румӣ, ки дар як байташ мефармояд:
Аспи ман бистад, пиёда мондаам,
Аз ду рух он шоҳ мотам медиҳад.
Ҳамаи бузургони мо аз Саъдӣ то Бедил ҳама шоҳмот бозӣ мекарданд ва дар васфи ин навъи бозӣ ё бо истифода аз мӯҳраҳои шатранҷ байте ё шеъре доранд. Румӣ дар бораи шоҳмот ҳатто як ғазали комил дорад."
Ҳарчанд бархе рӯҳониёни мазҳабӣ ба шоҳмот назари мусбат надоранд, изҳороти муфтии Саудӣ ҳанӯз ба маънои манъи комили бозии шоҳмот дар ин кишвар нест. Бозиҳое, чун нард ва қарта дар байни мардуми Ховари Миёна тарафдори зиёд доранд.
Бозии шоҳмот худ ҳанӯз дар даврони бостон аз Шарқ бархостааст ва дар вақташ маҳз тавассути мусалмонҳо ба Аврупо расидааст.
Абёти шоирони тоҷику форс дар бораи шоҳмот, ки Илҳом Юнусов ҷамъоварӣ кардааст:
Пиёда бидонанду пилу сипоҳ,
Руху аспу рафтори фарзину шоҳ. Фирдавсӣ
-------------------------------------------------------------------------------------------
Гадое, ки бар шери нар зин ниҳад,
Абузайдро аспу фарзин ниҳад. Саъдӣ
---------------------------------------------------------------------------------------------
Зулфаш андар ҷавр талқин мекунад,
Рух пиёда, ҳусн фарзин мекунад. Анварӣ
---------------------------------------------------------------------------------------------
Ҳамовард гашта рухон бар ду рӯй,
Ба сони чапу рост пархошҷӯй. Фирдавсӣ
----------------------------------------------------------------------------------------------
Рухат маҳро руху фарзин ниҳодаст,
Лабат беҷодаро сад ҷизя додаст. Анварӣ
---------------------------------------------------------------------------------------------
Баски шаҳ рух намояд аз чапу рост,
Гар чу фарзин нишаста пеши шаҳед. Камоли Хуҷандӣ
--------------------------------------------------------------------------------------------
Рӯзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест. Камоли Хуҷандӣ
--------------------------------------------------------------------------------------------
Ало, шоҳе, ки фарзинваш рақиби каҷ ба ӯ ҳамдам,
Маро ӯ бегунаҳ аз ростӣ рухмот месозад. Туғрал
------------------------------------------------------------------------------------------
Чу дар ҷанги филон кушоӣ камар,
Диҳӣ шоҳи Қаннуҷро филбанд. Низомӣ
-----------------------------------------------------------------------------------------
Гуфт, ки ман шоҳи бутонам, Камол,
Гар ҳаваси мот бувад, шаҳ бихоҳ. Камоли Хуҷандӣ
---------------------------------------------------------------------------------------------
Аспи ман бистад, пиёда мондаам,
Аз ду рух он шоҳ мотам медиҳад. Румӣ
----------------------------------------------------------------------------------------------------
Чун қазо оҳанги найранҷот кард,
Рустоӣ шаҳриёрро мот кард.
Бо ҳазорон ҳазм хоҷа мот шуд,
З-он сафар дар маърази офот шуд. Румӣ
---------------------------------------------------------------------------------------------------
Ки шоҳ арчи дар арса зӯровар аст,
Чу заъф омад, аз байдақе камтар аст. Саъдӣ
--------------------------------------------------------------------------------------------------
Ба як лаъб рахтам аз он арса каш,
Ки ҳам байзақ он ҷою ҳам шоҳ туӣ. Ҷомӣ
---------------------------------------------------------------------------------------------------
Ҳар байдақе, ки бирондӣ, ба дафъи он бикӯшидаме ва ҳар «шоҳ!» -е, ки бихондӣ, ба фарзин бипӯшидаме. Саъдӣ
----------------------------------------------------------------------------------------------------
То чӣ бозӣ рух намояд, байдақе хоҳем ронд, Арсаи риндони шатранҷро маҷоли шоҳ нест. Ҳофиз
--------------------------------------------------------------------------------------------- Пиёда бирафтӣ зи пешу зи пас,
Ки ӯ буд дар ҷанг фарёдрас.
Чу бигзоштӣ то сар овардгоҳ,
Нишастӣ чу фарзона дар дасти шоҳ.
Ҳамон марди фарзона як хона беш,
Нарафтӣ ба ҷанг аз бари шоҳи хеш.
Се хона бирафтӣ сарафроз пил,
Бидидӣ ҳама рамзгоҳ аз ду мил.
Се хона бирафтӣ шутур ҳамчунон,
Ба овардгаҳ, бар дамону данон.
Ҳамон рафтани асп се хона буд,
Ба рафтан яке хона бегона буд.
Бирафтӣ зи ҳар сӯ рухи кинахоҳ,
Ҳаметохтӣ ӯ ҳама размгоҳ.
Ҳамеронд ҳар кас ба майдони хеш,
Ба рафтан накардӣ касе камму беш.
Чу дидӣ касе шоҳро дар набард,
Ба овоз гуфтӣ, ки – «Эй шоҳ, бард!»
Шаҳ аз хонаи хеш бартар шудӣ,
Ҳаме то бар ӯ ҷой танг омадӣ.
Аз он пас бибастанд бар шоҳ роҳ
Руху аспу фарзину пилу сипоҳ.
Шуд аз ранҷ в-аз хастагӣ шоҳ мот,
Чунин ёфт аз чархи гардун барот. Фирдвсӣ
----------------------------------------------------------------------------------------
Ҳама кому рояш ба шатранҷ буд,
Зи Талҳанд ҷонаш пур аз ранҷ буд.
Ҳамеша ҳамерехт хунин сиришк,
Бар он дард шатранҷ будаш пизишк. Фирдавсӣ
--------------------------------------------------------------------------------------------
Гуфт «шаҳ! шаҳ!» в-он шаҳи кибровараш
Як-як он шатранҷ мезад бар сараш. Румӣ
--------------------------------------------------------------------------------------------
Шоҳро дар хонаи байдақ ниҳад,
Ин чунин бошад ато, к-аҳмақ диҳад. Румӣ
----------------------------------------------------------------------------