Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саодат Одинаева: Шоҳмот ҳаёти ман аст


Меҳмони барномаи навбатии «Ҷаҳони варзиш» шатранҷбози маъруф ва мураббии шоҳмот Саодат Одинаева буд.

- Хоҳишмандам нахуст дар бораи худ мухтасар маълумот бидиҳед.

- Ман 8-уми марти соли 1974 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудаам. Ду маълумоти олӣ дорам. Аввал Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардаам. Ҳоло дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпӣ оид ба шоҳмоту шашкаи шаҳри Душанбе ба ҳайси мураббӣ кор мекунам. Оиладорам. Соҳиби ду фарзанд – духтару писар мебошам.

- Чаро Шумо маҳз шоҳмотро интихоб кардед?

- Дар хонаводаи мо ҳама ба шоҳмотбозӣ машғул буданд. Ман ҳам аз хурдсолӣ ба ин навъи варзиш меҳр бастам ва аввалин мураббиам падарам Амонулло Одинаев буд. Дар ноҳияи мо мактаби шоҳмот фаъолият дошт, ки ба он мутахассиси варзида Александр Бескровний раҳбарӣ мекард. Ман узви фаъоли маҳфили шатранҷбозон будам. Баъди он ки шатранҷбозиро хуб омӯхтам, аз синни 6-солагӣ дар мусобиқоти ноҳиявӣ иштирок мекардам. Ман ҳаёти худро бе шоҳмот тасаввур карда наметавонам.

- Дар оилаи Шумо боз киҳо шатранҷбозӣ мекунанд?

- Ҳама. Духтарам Мутрибаи Илҳом, ки 13-сола мебошад, қаҳрамони бисёркаратаи шоҳмоти ҳам шаҳри Душанбе ва ҳам Тоҷикистон аст. Писарам Синои 9-сола низ байни ҳамсолони худ ба унвони қаҳрамони шоҳмоти кишвар даст ёфтааст. Дар воқеъ ҳарду дар мусобиқоти имсолаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ муваффақ гаштаанд.

- Оё ҳамсаратон ба шатранҷбозӣ таваҷҷӯҳ дорад?

- Бале. Ӯ низ шатранҷбозиро дӯст медорад. Вале ҳамсарам бештар ба бозии фарзандонамон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.

- Акнун дар бораи дастовардҳои варзишии худ каме иттилоъ бидиҳед.



- Ман ҳанӯз аз замони салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусобиқоти мухталиф байни кӯдакону наврасон иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекардам. Дар мусобиқоти умумиитифоқии шатранҷбозони ҷавон дар шаҳрҳои Полтава, Одесса, Рига, Ашхобод ва ғайра ширкат варзидаам. Вале ба натиҷаҳои назаррас байни бузургсолон ман дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мушарраф шудаам. Чандин маротиба ба унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Душанбе ва соли 2005-ум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон байни занон даст ёфтаам. Ҳамчунин соли 2008 дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Дрездени Олмон натиҷаи дилхоҳ нишон додам.

- Шогирдони Шумо ба чӣ гуна натиҷаҳо муваффақ шудаанд?

- Хеле хушнудам, ки шогирдони хуб дорам ва аз ҳар як муваффақияти онҳо меболам. Ба ғайр аз фарзандонам Мутрибаву Сино, инчунин, шогирдонам Алишери Мумин, Сарвиноз Каримова ва Озода Мирзоева қаҳрамонҳои кишвар байни наврасон мебошанд. Шогирдонам солҳои 2007 ва 2009 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Туркия, солҳои 2006 ва 2008 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Эрон маҳорати хуб зоҳир кардаанд.

- Ба андешаи Шумо ҳамчун варзишгари ҳирфаӣ ва мураббӣ барои рушди минбаъдаи шоҳмот дар Тоҷикистон бояд чӣ корҳо ба сомон расонда шаванд?

- Ба андешаи ман пеш аз ҳама бунёди бинои шоҳмот барои мактаби махсуси мо зарур аст. Зеро дар ҷои бинои пешини мактаб, ки дар замони шӯравӣ дар маркази Душанбе сохта шуда буд, Боғи Устод Рӯдакӣ бунёд ёфт. Ва тӯли чанд сол аст, ки машғулиятҳои мо ва мусобиқоти шоҳмот дар толорҳои мактабҳои миёнаи шаҳр баргузор мешаванд. Солҳои пеш дар Душанбе Клуби шоҳмот амал мекард, ҳамчунин, мардум дар чойхонаҳо бо шатранҷбозӣ машғул мешуданд. Аммо ҳоло ин манзара ба назар намерасад. Фикр мекунам, хуб мебуд, ки шоҳмот ҳамчун фан ба барномаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дохил мешуд. Вақте ки ман дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот бо шатранҷбозони Озарбойҷон ҳамсӯҳбат шудам, онҳо гуфтанд, ки дар шаҳри Боку 18 мактаби шоҳмот амал мекунад. Вале дар ҷумҳурии мо ҳоло танҳо як мактаби махсуси шоҳмот мавҷуд аст, ки он ҳам бино надорад.

- Кумир ё бути Шумо дар олами шоҳмот кист?


- Ман ҳамаи қаҳрамонони шоҳмоти ҷаҳониро меписандам, бахусус, Мая Чибурданидзе ва Юдит Полгарро.

- Ва саволи охирин анъанавист: чӣ орзу доред?

- Орзу дорам, ки шогирдонам дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ муваффақ шаванд ва ба мисли Фаррух Амонатов ба унвони гроссмейстери байнулмилалӣ даст ёбанд.
XS
SM
MD
LG