Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев танҳо шатранҷбозест, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот дар пойтахти Гурҷистон – Тифлис – намояндагӣ кард. Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки то рӯзи 27-уми сентябр идома меёбад, 128 шатранҷбози зӯртарини ҷаҳон ширкат дорад.
Мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат гирифтааст. Бозиҳо аз ду партия, ба ҷуз финал, иборатанд. Шатранҷбозон ба ҷуфтҳо тақсим шуда, ба рақобатҳо аз даври 1/64 финалӣ шуруъ карданд. Шатранҷбозе, ки аз рӯи натиҷаи ду бозӣ мағлуб мешавад, аз мусобиқа хориҷ мегардад.
Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 8-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Муҳаммад Ҳусейнхоҷаеви 30-сола дар даври аввал бо шатранҷбози маъруфи фаронсавӣ Максим Вашер-Лаграви 27-сола, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ бо 2789 имтиёз дар ҷойи ҳаштум қарор дорад, бозӣ кард. Бозии аввал бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Дар бозии ҷавобӣ Лаграв ғолиб шуд. Ҳамин тариқ, Ҳусейнхоҷаев бо ҳисоби 0,5:1,5 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон маҳрум гашт. Бо вуҷуди ин, ширкати ӯ дар байни беҳтарин шатранҷбозони ҷаҳон барои мо мояи ифтихор аст.”
Устоди байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев 2-юми июни соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Вай аз синни 5-солагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Ӯ ғолиби чандинкарата ва ҷоизадори мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон ва мардон мебошад. Ӯ се бор – солҳои 2006, 2012 ва 2014 - дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаҳои ҷаҳонии шоҳмот иштирок кардааст. Рейтинги ӯ дар феҳристи ҷаҳонии шоҳмот дар ҳамин ҳол 2455 имтиёз мебошад.
Дар ин мусобиқаи пурнуфуз дар Тифлис қаҳрамони феълии ҷаҳон Магнус Карлсени норвегиягӣ ва Сергей Карякини русиягӣ, ғолиби Ҷоми ҷаҳон-2015, низ ширкат доранд. Карлсен баъди пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Оливафеми Балогун (Нигерия) ва Алексей Дреев (Русия) бо ҳисоби якхелаи 2:0 ба даври 1/16 финалӣ роҳ ёфт.
Карякин бошад, дар даври аввал Антон Смирнови австралиягиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, вале дар даври дувум аз ҳамватанаш Даниил Дубов бо ҳисоби 0,5:1,5 мағлуб шуд ва аз ҳаққи мубориза барои нигаҳ доштани унвони ғолиби Ҷоми ҷаҳон маҳрум гашт.
Маблағи ҷавоизи ин мусобиқа як миллион доларро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷоми ҷаҳон ва финалист ба мусобиқаи муддаиёни соли 2018 роҳхат мегиранд.