Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Юнусов аз се шарти дарси шоҳмот дар мактабҳо гуфт. ВИДЕО


Акс дар Қирғизистон бардошта шудааст
Акс дар Қирғизистон бардошта шудааст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Вазорати маориф ва илм дастур дод, ки дар мактабҳои миёнаи кишвар дарси шоҳмот ҷорӣ кунанд. Рӯзи 30-юми август ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба муносибати “Рӯзи дониш” баргузор шуд, Раҳмон ба зарурати омӯзиши ҳунари шоҳмотбозӣ ва фанҳои дақиқу риёзӣ таъкид кард.

Ӯ гуфт, дар доираи ин илмҳо бояд озмуни байнимактабии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад. Раҳмон гуфт, ин машғулиятҳо ба рушди зеҳнии кӯдакони тоҷик мусоидат мекунад.

Илҳом Юнусов: "Пешниҳоди президент дуруст аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:44 0:00

Федератсияи мо наметавонад, ки ҳамаи мактабҳоро бо мураббиён таъмин намояд

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми сентябр дар ин мавзӯъ бо Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, суҳбати ихтисосии видеоӣ анҷом дод.

Шоҳмот - бозии бостонии мардуми тоҷик аст

Довари дараҷаи байналмилалӣ Илҳом Юнусов аз таваҷҷуҳи президенти Тоҷикистон ба шоҳмот изҳори хушнудӣ карда, гуфт, ки умедвор аст дар ояндаи наздиктарин дар мактабҳо дарсҳои шоҳмот ба роҳ монда мешавад.

“Ман дар суҳбатҳои қаблӣ бо Радиои Озодӣ борҳо таъкид карда будам, ки шоҳмот ҳамчун бозии миллии мардуми мо бояд дар мактабҳо ба хонандагон таълим дода шавад. Ин варзиши бостонӣ зеҳни кӯдакону наврасонро қавитар месозад. Бовар дорам, ки ин мақсади мо бо дастгирии президенти кишвар ҷомаи амал мепӯшад. Мо, мутахассисони соҳа, аъзои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, омода ҳастем, ки барномаи ФИДЕ (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) “Шоҳмот дар мактабҳо”-ро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба роҳ монем".

Илҳом Юнусов дар бораи дурнамои рушди шоҳмот дар Тоҷикистон гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:37 0:00
Линки мустақим

Илҳом Юнусов аз ташаббуси ҷорисозии дарсҳои шоҳмот ситоиш кард, вале гуфт, ки барои ба роҳ мондани ин дарсҳо зарурати иҷрои се шарт муҳим аст. Ба қавли ӯ: "Аввал, ин омода кардани мураббиён-омӯзгорони дарси шоҳмот, дуввум - таҳияи барномаи махсус барои таълими шоҳмот дар мактабҳо ва севум лавозимот. Масъалаи якум муҳимтар аст. Бинобар ин, ба андешаи ман, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ муаллимони шоҳмот омода карда шаванд. Зеро ки Федератсияи мо наметавонад, ки ҳамаи мактабҳоро бо мураббиён таъмин намояд”, - гуфт Илҳом Юнусов.

Пойгоҳи заъифи омодасозии шоҳмотбозон

Ба гуфтаи Юнусов, мактаби махсуси шоҳмоту шашкаи Душанбе ба бинои алоҳида ниёз дорад. Вай афзуд, “мушкили асосӣ ин набуди ҷойгоҳ ва ё маркази муташаккили шоҳмот аст. Баъди тахриб кардани бинои мактаби махсуси захираҳои олимпӣ оид ба шоҳмоту шашка, ки дар Боғи марказии фарҳангу фароғати Душанбе (ҳоло Боғи устод Рӯдакӣ) ҷойгир буд, ягон ҷойгоҳи дигар ба мо пешниҳод нашудааст.

Ва тӯли чандин сол аст, ки машғулиятҳои мо ва мусобиқоти шоҳмоту шашка дар толорҳои мактабҳои шаҳр баргузор мешаванд. Солҳои пеш дар Душанбе Клуби шоҳмот амал мекард, ҳамчунин, мардум дар чойхонаҳо бо шатранҷбозӣ машғул мешуданд. Аммо ҳоло ин манзара ба назар намерасад. Умед мебандем, ки дар ҳалли ин мушкилӣ ба мо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки худ варзишгару варзишдӯст аст, кӯмак хоҳад кард.”

Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, дар ҳамин ҳол беҳтарин шатранҷбозони тоҷик - Мутриба Ҳотамӣ, Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Надежда Антонова - дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба Бозиҳои V Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки рӯзҳои 17-27 сентябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG