Харҷ агар аз кисаи мирон бувад... Ободӣ дар зодгоҳи мансабдорон

Ба мақомдорони тоҷик "тавсия" шудааст, ки аз ҳисоби худ дар зодгоҳашон "корҳои ободонӣ" кунанд. Манзур аз корҳои ободонӣ сохтмону таъмири роҳ, мактаб ва дигар муассисаҳои иҷтимоист.

  • Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон гуфт, корҳои ободонӣ барои хидматчиёни давлатӣ тавсиявӣ ва вобаста ба имконияташон аст.
Гуфтанд, ақаллан як синфхонаи мактабро таъмир кунед. Дидам, ки 850 сомонӣ маоши ман намерасад. Аз гӯсфандҳои падарам якеашро бурда фурӯхтам ва бо 1,5 ҳазор сомонии он синфхонаи мактабро таъмир намудам

Матбуот то ба ҳол дар бораи таъмиру тармими роҳу мактабҳо аз тарафи чанд мақоми баландпоя, аз ҷумла, нахуствазир Қоҳир Расулзода хабар додааст. Баъзе мунтақидон гуфтанд, таъмиру тармим ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ масъулияти давлат аст ва зоҳиран бо сабаби камбуди буҷет мақомот аз роҳи ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ин мушкилро ҳал кардан мехоҳанд. Бархе ин имкониятро "фурсате барои нишон додани садоқат" низ арзёбӣ мекунанд.

Раис барои таъмири толор чӣ қадар харҷ кард?

Хонандагони мактаби рақами 16-и шаҳри Хуҷанд имсол дар толори варзишие тамрин мекунанд, ки аз ҳисоби собиқ муҳассили он Маъруф Муҳаммадзода таъмир шудааст. Муҳаммадзода ҳоло раиси шаҳри Хуҷанд аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бунёди роҳу мактаб – Ба ҷои сафари Ҳаҷ дар Тоҷикистон

Маъруф Муҳаммадзода

Як масъули шаҳрдории Хуҷанд рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Маъоуф Муҳаммадзода ҳамчун намуна барои хидматчиёни дигари давлатӣ ташаббусро ба даст гирифт ва як мушкили мактаби собиқи худро дар зодгоҳаш ҳал кард. Масъулини шаҳрдории Хуҷанд нагуфтанд, ки раис барои таъмири толори варзишии мактаб чӣ қадар пул сарф кардааст. Онҳо фақат гуфтанд, маблағи сарфшуда "хайру эҳсон аст ва миқдори он ошкор намешавад".

Дар қатори шаҳрдори Хуҷанд, ин шабу рӯз зиёданд мақомдороне, ки талош доранд ҳалли як мушкили зодгоҳи худро ба дӯш гиранд. Ба иттилои расонаҳо, аз мақомдорони баландпоя то имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар аллакай чунин корро сармоягузорӣ кардааст. Хабаргузории “Азия-Плюс” дар такя ба манобеи худ хабар дод, ки Боғи “Кӯли ҷавонон” аз ҳисоби нахуствазир бозсозӣ шуда, инчунин, ӯ тасмим дорад дар зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 километр роҳро таъмир намояд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мансабдорон аз ҳаққи харидории манзил дар хориҷа маҳрум шуданд

"Ҳайкалу пояи парчам сохтем"

Давлатбибӣ Раҷабова

Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷ, гуфт, дар ноҳияи онҳо низ хидматчиёни давлатӣ дар таъмири муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббии зодгоҳашон аз ҳисоби маоши ҳармоҳаи худ саҳмгузорӣ карданд. Раҷабова мегӯяд, бо дастгирии хидматчиёни давлатӣ ва ҳам соҳибкорон дар маркази ноҳия ҳайкали Исмоили Сомонӣ, пояи парчам ва нишони давлатӣ бунёд шудааст. Раиси ноҳияи Ванҷ афзуд, барои бунёди ин иншоот аз буҷети ноҳиявӣ маблағ харҷ нашудааст.

Раҷабова дар ҷавоб ба суоли онки як мақомдори давлатӣ бо маоши кам чӣ гуна метавонад мактаб ё беморхонаро таъмир кунад, гуфт: "Асосан соҳибкорон инро дастгирӣ мекунанд. Хидматчиёни давлатӣ ихтиёри худашон аст ва чӣ қадаре, ки имконият дошта бошанд, ҳамонро сарф мекунанд. Ин кори маҷбурӣ нест."

“Гӯсфанди хонаро фурӯхта, мактабро таъмир кардам”

Эмомалӣ Раҳмон ва Қоҳир Расулзода ҳангоми ифтитоҳи Боғи "Кӯли ҷавонон"

Дар ин миён кормандони идораҳои давлатие ҳастанд, ки мегӯянд, барои "бунёдкорӣ" дар зодгоҳи худ маҷбур шуданд аз ҳисоби наздикон харҷ кунанд. Як масъули ҳукумати ноҳия дар вилояти Суғд гуфт, баъд аз таъкидҳои зиёд водор шуд, таъмири як синфхонаи мактаби зодгоҳашро ба уҳда гирад.

"Раиси ноҳия гуфт, чӣ қадар тавонед, дар ободонии зодгоҳатон саҳм гиред. Гуфтанд, ақаллан як синфхонаи мактабро таъмир кунед. Дидам, ки 850 сомонӣ маоши ман намерасад. Аз гӯсфандҳои падарам якеашро бурда фурӯхтам ва бо 1,5 ҳазор сомонии он синфхонаи мактабро таъмир намудам", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шеваи амалӣ намудани чунин барномаҳо ба воқеият бояд мувофиқ бошад ва боиси халаладор гаштани фаъолияти муътадили корхона ва соҳибкорон нашавад

Зоҳиран корҳои ободонӣ дар бархе ҳолат "бо ташаббуси мақомдорон" ва аммо аз ҷайби соҳибкорон ваё "шахсони саховатпеша" анҷом мешавад. Чанд соҳибкор дар суҳбат ба мо гуфтанд, ки барои корҳои ободонӣ аз онҳо маблағ талаб мекунанд.

“Маош барои харҷи зиндагӣ ё таъмири мактаб”

Дастури корҳои, ба қавли мақомот, созандагӣ дар зодгоҳи худ барои хидматчиёни давлатӣ ҳарчанд ихтиёрӣ гуфта мешавад, дар пайи худ суолҳои зиёде дорад. Аз ҷумла, инки як хидматчии давлатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна бо маоши 1,5-2 ҳазор сомонӣ метавонад корҳои сохтмониеро анҷом диҳад, ки харҷи бузург дорад?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мебелу Lexus... Идораҳои давлатӣ хароҷотро кам карданд?

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик гуфт, бо ин музде, ки мақомдорон доранд, иҷрои корҳои пурхарҷи сохтмонӣ имконнопазир аст. "Дар асл ин кор хуб аст, вале шакли амалӣ намудани чунин барномаҳо ба воқеият бояд мувофиқ бошад ва боиси халаладор гаштани фаъолияти муътадили корхона ва соҳибкорон нашавад. Ба ин хотир бояд холисона бошад", – гуфт ӯ.

Шокирҷон Ҳакимов

Даъвати иштироки мақомот дар корҳои ободонӣ ё тармиму таъмири роҳу муассисаҳои ҷамъиятӣ нав нест. Соли 2017 баъди таъйини Рустами Эмомалӣ ба симати раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор 48 вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ бунёд кунанд.

Соли гузашта дар Душанбе беш аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд шудааст. Аксари сохтору идораҳои давлатӣ ба матбуот ва ҳам мақомот гузориш доданд, ки супориши раҳбариятро иҷро карданд ва ин амали онҳо ихтиёриву довталабона ва аз роҳи ҳашар буд. Вале бархе расонаҳо навиштанд, ки дар бисёр ҳолатҳо мақомоти маҳаллӣ ин масъулиятро ба шонаи соҳибкорон гузоштаанд. Дар натиҷа, бархе соҳибкороне, ки аз камии даромаду гаронии андоз азият мешуданд, гуфтанд, ки ташаббуси бунёдкории ихтиёрӣ боз ҳам ба маъракаи маҷбурӣ табдил шуд.