Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Компютер, бигӯ ман камбизоат ҳастам ё не?


Кӣ камбизоат аст, кӣ не? Дар Тоҷикистон минбаъд компютер ба ин суол посух мегӯяд. Қазовати камбизоат будан ва ё набудани афроди алоҳида ва хонаводаҳоро ба он хотир ба ихтиёри компютер супурдаанд, ки мансабдорон бо сӯистифода аз ваколат хешу ақрабо ва одамони мавриди назари худро камбизоат номнавис накунанд.

"Касе аз мо хафа нашавад"

Агар хонавода камбизоат эътироф шавад, давлат ба ӯ як миқдор кумакпулӣ ва чанд имтиёз медиҳад. Аз ҷумла, 400 сомонӣ кумакпулӣ дар як сол, истифодаи ройгони 250 киловат соат нирӯи барқ ва ҳар моҳ 40 сомонӣ барои ҳар як кӯдаки мактабхон.

Назархудо Дилшодов, масъули Оҷонси ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 2-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон ин оҷонсӣ камбизоатонро танҳо тавассути барномаи махсуси компютерӣ мушаххас мекунад.

«Камбизоатонро ҳоло танҳо компютер муайян мекунад. Кормандони мо дар шаҳру ноҳияҳо танҳо маълумотро ба компютер ворид мекунанд ва худи барнома дар марказ ба ин нафар бал мегузорад. Аз рӯи ин бал мушаххас мешавад, ки шахс камбизоат аст ё не? Яъне, фактори инсонӣ дар муайян кардани камбизоатон аз байн меравад. Агар компютер шахсро камбизоат пазируфт хуб, вагарна, касе аз мо хафа намешавад», - иброз дошт Дилшодов.

Компютерҳои ин оҷонсӣ ба гуфтаи мақомот барои шиносоӣ кардани камбизоатон чанд нуктаро ба инобат мегирад. «Шахс дар бланкаи махсус, ки мо ройгон медиҳем, дар бораи хонааш, ҷиҳози он, масалан, будани телевизор яхдон, мошин, замин ва чорвоҳояш маълумот медиҳад. Мувофиқи гуфтаи ӯ комиссияҳои махсус ба ҳар шаҳру ноҳия рафта, аз наздик вазъи оилавии ӯро мебинанд, ки оё дар бланк ӯ маълумоти ростро додааст ва ё не. Баъди тасдиқ шудан маълумот ба компютер ворид мешавад. Агар шахсро компютер камбизоат эътироф кард, танҳо раиси ноҳия ва ё муовини ӯ ба ин хонавода ҳуҷҷати камбизоатӣ медиҳанд. Дигар мақомҳои давлатӣ ҳаққи имзо кардани чунин ҳуҷҷатро надоранд», - шарҳ дод Дилшодов.

Давлат чӣ кумак мекунад?

Бинобар иттилои Оҷонси ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ агар хонавода камбизоат эътироф шавад, давлат ба ӯ як миқдор кумакпулӣ ва чанд имтиёз медиҳад. Аз ҷумла, 400 сомонӣ кумакпулӣ дар як сол, истифодаи ройгони 250 киловат соат барқ, ҳар моҳ 40 сомонӣ барои ҳар як кӯдаки мактабхон. Ба гуфтаи мақомот, хонаводаи камбизоат ҳамчунон ҳақ пайдо мекунад, ки 50 дарсади ҳаққи хадамоти тиббиро пардохт кунад.

Дар сурате ки фарзанди оилаи камбизоат эътирофшуда дар бахши шартномавии донишгоҳ таҳсил кунад, аз пардохти нисфе аз пули таҳсил озод мешавад.

Назира Раҳимова, як сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд, ҳарчанд танҳо се фарзандро бузург мекунад, боре ҳам барои гирифтани кумакпулӣ ба ҳукумат муроҷиат накардааст. Ин ҳамсуҳбати мо дар мавриди имтиёз дар пардохти пули барқ ва кумакпулӣ ба фарзандони мактабхон чизе намедонад. Ӯ гуфт, ин имтиёзҳо барои оилаҳои фақире мисли ӯ кумаки хуб аст ва агар имкон даст диҳад, ба мақомот муроҷиат хоҳад кард.

1 миллиону 800 ҳазор доллари Бонки Ҷаҳонӣ

Ин навгонӣ натиҷаи як тарҳи ислоҳот дар Тоҷикистон аст, ки бо кумаки молиявии Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешавад. Барои идомаи ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 30-юми январи имсол боз 1 миллиону 800 ҳазор доллар пул ҷудо кард.

Алексей Случинский, ҳамоҳангсози ин барнома дар шаҳри Вашингтон, дар як мукотиба ба Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи кори ин барнома дар чанд ноҳияи санҷишӣ нишон дод, ки «механизми нав камбизоатонро нисбат ба усули куҳна беҳтар ошкор мекунад».

Мизони фасод дар Тоҷикистон бинобар созмони Шаффофияти Байналмилал хеле баланд аст ва бархе аз ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, мансабдорони тоҷик метавонанд компютерро низ фиреб кунанд. Саодат Олимова, таҳлигари тоҷик, мегӯяд, ҳанӯз системае вуҷуд надорад, ки имкони фиреб кардани он вуҷуд надошта бошад ва сад дарсад фасодро ҷилавгирӣ кунад. «Аммо бартарии системаи компютерӣ дар он аст, ки аз рӯ ба рӯшавии мансабдор ва шаҳрванд ҷилавгирӣ мекунад. Ин хуб аст, чунки аксар ҳолатҳои ришватхурӣ ҳангоми дидори шаҳрвандон бо мансабдорон рух медиҳад», - иброз дошт ӯ.

Ҳазорҳо хонаводаи "камбағал" дар Тоҷикистон

Зимнан Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро ки дар як рӯз камтар аз 16,7 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунад «сахт фақир» мешуморад. Аммо Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад.

Айни замон 85 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд ва аз давлат кумаки иҷтимоӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG