Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум “зиракии сиёсӣ”-ро чӣ гуна мефаҳманд? ВИДЕО


Ҷӯяндаи Google нишон медиҳад, ки ибораи "зиракии сиёсӣ" дар мақола ва маводи тарғиботии ҳукумати Тоҷикистон фаровон истифода мешавад. Танҳо дар як моҳи охир 58 мақола, яъне рӯзе то ду матлаб, дар мавриди "аз даст надодани зиракии сиёсӣ" нашр шудааст.

  • Ин ибора, ки гоҳ-гоҳ аз забони президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш садо медод, зоҳиран мавриди истифодаи омма қарор гирифтааст.
Ҷавоне, ки дар бораи равандҳои сиёсӣ тасаввур надорад, бо таъкиди "зиракии сиёсиро аз даст надеҳ", андешаашро дигар намекунад. Шиорпартоии умумӣ таъсир надорад.

“Зиракии сиёсӣ” ибораест, ки дар як моҳи охир дар таблиғоти мансабдорон дар маҳалҳо, дар матбуоти давлатӣ ва миёни сокинони оддӣ аз ҳама бештар истифода мешавад. Аксари навиштаҳо ба ҳодисаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли имсол бахшида шудаанд. Аз ҷумла, вебсайти ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Душанбе дар матлабе бо номи “Зиракии сиёсиро набояд аз даст дод”, куштор дар Данғараро кори “ноогоҳони зархарид” унвон карда, навиштааст, барои ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо бояд “ҳушёрию зиракиро ташаккул” дод.

Видео: Назари бархе аз сокинони Душанбе

“Зиракии сиёсӣ”-ро чӣ гуна мефаҳманд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Феълан, ба ҷуз аз матбуоту радиову телевизион дар забони мансабдорон, ки дар маҳалҳо “корҳои тарғиботӣ” анҷом медиҳанд, ин ибора ба таъкид истифода мешавад. Ҷалол Қурбонов, сокини 72-солаи ноҳияи Восеъ, ки иштирокчии яке аз ин ҷаласаҳои сесоата дар маҳалли зисташон будааст, рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, зери мафҳуми “зиракии сиёсӣ” ин нуктаро фаҳмид, ки бояд монеи сафари ҷавонон ба Сурия шавад.

Ин марди кӯҳансол гуфт, вақте аз раиси маҷлис пурсид, ӯ аз куҷо медонад, ки кадом ҷавон кай ба куҷо меравад ва барояш кӯтоҳ гуфтанд, “зираку ҳушёр” бошад.

Зиракии сиёсӣ, яъне...

Ғайбулло Афзалӣ
Ғайбулло Афзалӣ

Ғайбулло Афзалӣ, раиси собиқи вилояти Хатлон ва узви собиқадори ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, зиракии сиёсӣ ин аст, ки сокинон омилҳои халалдоркунандаи осудагии кишварро бишносанд ва барои аз байн бурдани онҳо талош кунанд. Афзалӣ, ки солҳо вакили порлумон низ буд, гуфт, вазъи ҷаҳон печида аст ва дар ин шароит танҳо бо такя ба сокинон метавон суботро нигаҳ дошт.

Ӯ гуфт, “вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонро ба ҳисоб гирифта, аз мардум даъват мешавад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд”.

Ба қавли Ғайбулло Афзалӣ, “вазъе, ки ҳоло дар ҷаҳон аст, агар мардум зираку ҳушёр набошанд, ҳар ҳодиса сар заданаш мумкин аст”. “Ҳодисае, ки замони ахир дар Тоҷикистон шуд, бори дигар моро водошт, ки зирак бошем, то тинҷиву оромии кишвар халалдор нашавад. Зиракии сиёсӣ гуфта ҳаминро дар назар доранд. Агар зиракии сиёсиро аз даст диҳем, боз моро ба нооромиҳо тела медиҳанд”, - хулоса кард Ғайбулло Афзалӣ.

Дар аксар таблиғҳои ҳукуматӣ барои “аз даст надодани зиракии сиёсӣ” ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон мисол оварда мешавад. Ҷанге, ки панҷ сол идома кард ва ҳазорон кушта бар ҷой гузошт.

“Иборае, ки ба элитаи ҳукмрон хизмат мекунад”

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Коршиносон мегӯянд, маъмулан истифодаи чунин ибораҳои шиоргуна аз замони Шӯравӣ мерос мондаанд, ки дар замони муосир таъсиргузор нестанд. Ба назари Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик идеологҳое, ки ҳоло мардумро ба “зиракии сиёсӣ” даъват мекунанд, аксаран хатмкунандагони мактаби Шӯравӣ ҳастанд ва ҳанӯз ҳам аз доираи таълимоти он берун фикр намекунанд.

Ин коршинос гуфт, агар идеологияи “зиракии сиёсӣ” дар муқобили гурӯҳҳои тундрав истифода шавад, бад нест, вале ба назар мерасад, он дар муқобили гуногунандешии дохилӣ низ ба кор бурда мешавад. Ба ин манзур, ки агар нафаре хилофи хостаи элитаи ҳукмрон, вале дар доираи қонун амал кунад, ӯро ба ватандӯст набудан муттаҳам мекунанд. Аз ин рӯ, ба андешаи Абдумалик Қодиров, идеологияи “зиракии сиёсӣ” бештар ба нафъи доираи ҳукмрон хидмат мекунад.

Ӯ гуфт, “андешаеро бо роҳи маҷбурӣ таҳмил кардан ин заъф аст. Мафҳуми “зиракии сиёсӣ” дар мо шакли конкретиро нагирифтааст. Ҳарчанд, талош мешавад, он ба манфиати доираи ҳукмрон истифода мешавад. Ҷавоне, ки дар бораи равандҳои сиёсӣ тасаввур надорад, ба он бо таъкид гуфтан, ки зиракии сиёсиро аз даст надеҳ, андешаашро дигар намекунад. Шиорпартоии умумӣ таъсир надорад.”

Ибораи ҷиддие, ки ба ҳазл табдил ёфтааст

Аз сӯи дигар ин ибора миёни сокинон дар мавридҳое истифода мешавад, ки ҳеҷ рабте ба сиёсат надорад.

Холиқназар Ҷумъаев
Холиқназар Ҷумъаев

Холиқназар Ҷумъаев, корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳазлҳои мардумиро китобат мекунад, рӯзи 29-уми август дар суҳбати катбӣ навишт, воқеан, “ин ибораи хеле серистеъмолро на танҳо дар сиёсат, балки мардум дар тӯю сур, дар чорабиниҳо ва дар нишасту маҳфилҳо ба таври васеъ истифода мебаранд”.

Ба унвони мисол, ӯ мегӯяд, агар атрофиён ғофилиатонро бинанд ва касе пули қарз пурсад, ҳатман нафари сеюм насиҳатомез мегӯяд, “зиракии сиёсӣ”-ро аз даст надеҳ, яъне фиреб нахӯр. Ҷумъаев гуфт, ҳатто шоҳиди сӯҳбати падаре буд, ки писараш ҳамсар интихоб мекард. Падар ба писараш гуфтааст, дар интихоби арӯс “зиракии сиёсӣ”-ро аз даст надиҳад.

"Аз чанд сокини деҳа шарҳи ин мафҳумро пурсидам. Мардум худи ин мафҳумро ҷиддӣ қабул мекунанд. Аксар дар деҳот ба он фикранд, ки ба ғайри гуфтаҳои ҳукумат, берун аз он кор кардан, ин маънои аз даст додани «зиракии сиёсӣ» аст. Лекин дар ҳазл хеле васеъ истифода мекунанд", - гуфт Холиқназар Ҷумъаев.

XS
SM
MD
LG