Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё амали хайри шумо беғараз аст?


Рӯзи ҷаҳонии амали хайри беминнат ё «пинҳонӣ» ҳар сол 17-уми феврал дар ҷомеаҳои кишварҳои Аврупо аз тарафи ҳам созмонҳои хайрия ва ҳам мардуми оддӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Дар ин рӯз мардум кӯшиш мекунанд, ки сарфи назар аз шунидани миннатдорӣ ё ташаккур, ба мӯҳтоҷон ба ҳар шакле кӯмак расонанд. Ҳатто агар шумо шоҳиди миннатдорӣ ва ё хушҳолӣ аз амали хайри худ шудед, мувофиқ ба талаботи ин рӯз хайри шумо ҳақиқӣ буда наметавонад ва ё ба истилоҳи дигар савоб нахоҳад дошт.

Рӯзи ҷаҳонии амали хайри беминнат дар кишварҳои осиёӣ аз ҷумла дарТоҷикистон маъруф нест ва мардум аз он аслан бехабаранд, аммо ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки хайру садақа ва аъмоли савоб дар байни мардуми тоҷик аз фарҳанги милливу исломии ин мардум об мехӯрад ва чанд ҳамчунин рӯзҳои махсусе дар Тоҷикистон ҳам роиҷ аст, ки мардумро барои амали хайру садақа даъват мекунанд.

Домулло Абдурофеъ, як рӯҳонии тоҷик мегӯяд. ки дар рӯзҳои идҳои исломии Фитру Қурбон ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам аҳли дин аз мардуми доро ва саховатпеша даъват мекунанд, ки ба мардуми камбизоат кӯмаки хайрия расонанд ва сояи саховати худро аз ятимону бозмондагон ва беморону бесарпаноҳон дареғ надоранд.

Домулло Абдурофеъ меафзояд, ки аслан амали хайр набояд рӯзи махсус ва ё лаҳзаи махсус дошта бошад ва ба иловаи ин, садақа набояд барои намоишу шӯҳрат бошад: «Агар амали хайр ба хотири сирф Аллоҳ, яъне дар роҳи ризои худо бошад, дуруст аст, вале чуноне мебинем, баъзеҳо садақа мекунанду боз дар масҷиду ҷойҳои дигар мехоҳанд, ки махсус номашонро эълон кунанд, ҳам пулашон беҳуда мераваду ҳам савоб надорад.»

Тавре ба назар мерасад, дар Тоҷикистон гоҳҳо маъракаҳои хайрия ё садақа аз тариқи шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ низ бо ҳангома намоиш дода мешавад. Хусусан вақте, ки як мансабдор ва ё давлатмарде чунин иқдоме кунад, аз тариқи барномаҳои хабарии телевизионҳо такроран намоиш медиҳанд ва ҳатто як муддат телевизион ба як минбари мусобиқаи «амали хайр»-и мансабдорон табдил мешавад.

Ҷомеашинос Мирҳусейн Назриев мегӯяд, ки намоиши амали хайр боз аз тариқи расонаҳо, танҳо ба хотири шӯҳратхоҳист: «Воқеан, мо аз тариқи телевизион намоиши хатнатуйҳои гурӯҳи кӯдаконро мебинем, ки
Мирҳусейн Назриев
Мирҳусейн Назриев
якчанд кӯдакро нишон дода баъд мегӯянд, бо ибтикори фалон намояндаи мақомоти расмӣ сурат гирифтааст ва ситоиш мекунанд. Ин на аз рӯи инсоф аст ва на аз рӯи адолат аст, ба ҷуз шӯҳратхоҳӣ.»

Бо вуҷуди он, ки баъзе аз афроди мансабдор ва ё нафароне, ки мехоҳанд аз амали хайри худ обрӯ бигиранд. дар Тоҷикистон афроде низ ҳастанд, ки аз сидқи дил хайрия мекунанд.

Омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Қубодиён Ҳакимҷон Розиқов нақл мекунад, ки дар сол чанд маротиба, хусусан дар рӯзҳои ид ба чанд нафари маълул дар деҳаи худ ёрӣ мерасонад; «Аз ҳамон маоше, ки дар мактаб мегирам, панҷ кило орди осиё, панҷ кило орди ҷаъфарӣ, дутогӣ аз бозор нон мегирам, яктагӣ равғани маска, як ҷуфтӣ ҷӯроб, мисли созмонҳои хайрия дар халтаи салафанӣ ҷой дода ба ду оилае, ки бачаҳошон аз миён фалаҷ ҳастанд ва ба як ду оилае, ки волидонашон нобино шудаанд ва касалманд ҳастанд, бо дасти духтарам мефиристам.»

Аксари ҳамсӯҳбатони мо ба ин назаранд, ки рӯзи амали хайр набояд санаи махсус ва лаҳзаи махсус дошта бошад. Дасти нафари фитодаро бояд билофосила гирифт ва ба кӯмаки мардуми мӯҳтоҷ низ бояд дарзамон расид, нафақат дар як рӯзи махсус, ки барои расондани чунин кӯмакҳо ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG