Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дигар андоза ва исми шахсонеро, ки баландтарин ҳаққи бознишастагӣ мегиранд, ошкор намекунад. Назокат Одиназода, муовини раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал дар Душанбе гуфт, асноди нафақаи ҳар шаҳрванд ба худи ӯ тааллуқ дорад ва набояд дар расонаҳо нашр шавад.
"Дигар ин хел маълумотро намедиҳем"
Магар андозсупоранда ҳақ надорад бидонад, ки маблағи супурдаи ӯ ба куҷо меравад? Кӣ буҷети пардохти нафақаҳоро таҳия мекунад? Чаро нафақаи касе дар рӯз танҳо барои як нон мерасад, аз дигарон даҳҳо баробар бештар?
Ӯ гуфт, “доим ба мо савол медиҳед, ки нафақаи кӣ аз ҳама баланд аст? Дигар ба Шумо ин хел маълумотро намедиҳем, агарчӣ ба таври хаттӣ ҳам муроҷиат кунед. Ба ҷуз аз мақомоти қудратӣ каси дигаре ҳақ надорад, бо асноди нафақаи шаҳрванд шинос шавад. Ҳама гуна нафақаҳо агарчӣ баланд ҳам бошад, дар асоси фаъолияти ӯ ва дар асоси қонун таъйин карда мешавад. Дар Тоҷикистон ягона мақомоте, ки нафақаро таъйин мекунад, Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аст”.
Ин масъули Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфт, бино ба қонунҳои нави Тоҷикистон дигар ҳадди ниҳоии нафақа вуҷуд надорад ва маоши корманд ҳар қадар зиёд бошад, ҳамон қадар ҳаҷми нафақа зиёд хоҳад шуд.
Ҳаҷми ҳаққи бознишастагӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле махфӣ шуд, ки ду сол пеш маълумот дар бораи андозаи маблағҳои бознишастагии чанде аз мансабдорон ба матбуот роҳ ёфт. Ҳаҷми пуле, ки давлат ба ин нафарон медиҳад, даҳҳо маротиба бештар аз нафақаи кормандони маъмулӣ буд.
Нафақаҳои ҳангуфт
Раҳбари Оҷонси зиддифасод дар соли 2015 аз чанд нафар ном бурда буд, ки ҳаҷми нафақаашон аз 1 ҳазор доллар бештар аст. Дар миёни онҳо Наталя Назаршоева, раиси пешини Шӯрои мудирони “Тоҷиксодиротбонк” бо 17 000 сомонӣ ва Амонуллои Ҳукуматулло, раиси собиқи Роҳи оҳан 8 ҳазору 400 сомонӣ дар сафи аввал буданд.
Айни замон ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон 271 сомонӣ, муодили 30 доллари амрикоӣ аст.
Нафақаҳои ҳангуфти мақомдорон танҳо маълумоте нест, ки дар Тоҷикистон махфӣ эълон шудааст. Мақомот дар ду соли ахир ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ва тилои истихроҷшударо низ дар кишвар ба маълумоти сиррӣ табдил доданд. Ҳол онки то ду соли пеш ин маълумот ба хабарнигорон ва ҷомаеи шаҳрвандӣ дастрас буд.
Нафақа - махфӣ, эъломияи дороӣ - махфӣ, тило - махфӣ...
Иттилоъ дар мавриди маош, дороиҳо ва амволи мақомоти баландпоя низ дар Тоҷикистон ифшо намешавад. Мансабдорон шурӯъ аз моҳи март ҳар сол ба мақомоти андоз дар мавриди даромад ва дороиҳояшон эъломия месупоранд. Аммо ба фарқ аз кишварҳои дигар, ки эъломияи дороиҳои мақомот дар матбуот нашр мешавад, дар Тоҷикистон ин маълумот боз ҳам махфӣ боқӣ мемонад.
Барои мисол, дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон ба мисли Қирғизистон ва Қазоқистон, сатҳи маош, нафақа ва даромаду дороиҳои мансабдорон барои мардум як маълумоти ошкор аст. Бо фаро расидани мавсими супурдани эъломияҳо матбуот дар ин кишварҳо доротарин мансабдор ва манбаи даромади ӯву аҳли хонаводаашро ба нашр мерасонанд. Миллионерҳои Қазоқистон аз ҷониби Forbes раддабандӣ мешаванд ва будани онҳо дар ин кишвар асрор нест.
"Мардум ҳақ дорад бидонад"
Толиб Мансуров, иқтисоддони тоҷик, ки таҷрибаи кор дар ширкатҳои истеҳсолии байналмилалиро дорад, гуфт, манбаи пардохти нафақа андозҳоест, ки мардум ба давлат месупорад. Ва онҳо ҳақ доранд бидонанд, ки пулашон чӣ хел сарф мешавад.
“Магар андозсупоранда ҳақ надорад бидонад, ки маблағи супурдаи ӯ ба куҷо меравад? Кӣ буҷети пардохти нафақаҳоро таҳия мекунад? Чаро нафақаи касе дар рӯз танҳо барои як нон мерасад, аз дигарон даҳҳо баробар бештар? Андозсупорандаҳо, ки мардуми Тоҷикистонанд, ҳақ доранд бидонанд, ки пули супурдаи онҳо чӣ хел ва то чӣ ҳад одилона тақсим мешавад”, - афзуд ӯ.
Дар Тоҷикистон ду қонун - қонун “Дар бораи сирри давлатӣ” ва “Дар бораи сирри тиҷоратӣ” номгӯи маълумотеро, ки махфӣ ҳисоб мешаванд, ҳифз мекунад. Аммо дар ҳеч яке аз ин ду қонун маълумот дар бораи нафақа ва дороии мансабдорони давлатӣ сиррӣ гуфта нашудааст.